Қонуни тиб

Гуфтаанд: «Газидагии аждаҳои хокӣ ва дигар морҳои бузургҷуссаи монанди онро аз он ҷиҳат дармон кунанд, ки он фақат реш аст, на аз он ҷиҳат, ки дорои заҳри қобили мулоҳаза аст».
Гуфтаанд, ки табақаи якумро чанд ҷинс аст. Масалан, аз он ҷумла як морест, ки онро «шоҳмор» ва ба юнонӣ «босилиқус» хонанд. Вай [одамро] бо нигоҳ ва шунавондани овози худ бикушад. Аз ҷумла море бошад, ки «парасту» ном дорад ва рангаш ба ранги парасту монанд буда, дарозияш қариб як газ аст. Ин пеш аз гузаштани ду соат бикушад. Дигар аз он ҷумла як морест, ки онро ба сабаби сахт хушкида будани пӯсташ «исқилиси хушк»
номанд. (241) Андозаи дарозии он аз се то панҷ газ аст.
Рангаш хокистарии моил ба зардӣ ва чашмонаш сахт тобанда буванд. Ин [мор] миёни ду-се соат бикушад. Аз ин ҷумла мори «заҳрафкананда» аст, ки он оби даҳонашро ҷамъ сохта, бо фишурдани дандонҳои хеш бар якдигар онро берун биафканад ва оби даҳони ӯ ва ё бӯи он об бар ҳар кӣ биафтад, ӯро бикушад. Дарозияш то ба ду газ бирасад ва рангаш хокистарии моил ба зардӣ буда, шахси газидаи худро пеш аз падид омадани дард бикушад.
Ин табақа аз морҳоро мо андар китоб на аз барои он ёд кунем, ки бар муолаҷаи онҳо умеди бисёр аст, балки аз барои он ёд кунем, ки то онҳоро бидонанд ва бидонанд, ки аз барои муолаҷаи онҳо ҷуз он чи, ки ёд шуд, чизе суд надорад. Шояд он чи, ки мо ёд кардаем, гоҳе суд бахшад.
Карморҳои [заҳрашон] бурроро намудҳои дигаре ҳаст, ки андар марзҳои Миср бисёр ёфт шаванд. Гоҳе бархе аз онҳоро ду шох ва рангҳояшон гуногун буда, сафед, малларанг, сурх, ангубингун ва хокистарӣ буванд. Гоҳе ба шакли морҳои афъӣ ва гоҳе баъзе аз онҳо дорои дандонҳои чангакмонанд бошанд. Аждаҳоҳои андар як нафас кушанда низ аз ҳамин қабиланд.
Табақаи дуввум аз морҳои афъӣ ва монанди онҳо иборатанд ва инҳо низ намудҳои гуногун доранд: бархе афъиҳои асалӣ,231 бархе афъиҳои булутӣ, бархе афъиҳои ташнагиоваранда ва дигар намудҳое низ бошанд, ки мо ёд хоҳем кард.
Морҳоро низ фарқияти дигаре бошад, ки на ба ҳасби навъ, балки ба ҳасби муттафиқ будан андар як навъ [аз ҳам фарқ кунанд]. Агар онҳоро аз тариқи нарию модагӣ фарқ ниҳанд, нари онҳоро дандон камтар ва заҳраш бештару тезтар бошад, вале гурӯҳе гуфтаанд, ки модаи онҳо ба иллати бисёрии дандонҳо бадтар аст. Онҳо аз ҷиҳати умр низ [фарқ кунанд] ва ҷавони онҳо зиёнвартар аз солхӯрдаи онҳост. Аз ҷиҳати ҷусса бошад, аз ду мори андар як навъ буда бузурги онҳо бадтар аз хурдҷуссаю кӯтоҳи онҳо бувад. Аз ҷиҳати ҷойгоҳ чунин [тафовут доранд]: оне, ки андар ҷойҳои бе об ва кӯҳҳо макон дорад, бадтар аз оне бошад, ки ба наздики обҳо ва ҷойҳои сероб маъво дорад. Аз ҷиҳати серӣ ва ё гуруснагии онҳо бошад, гуруснаи онҳо ба заҳр аз ҳама бад аст. Аз ҷиҳати кайфиятҳои инфиолии нафсонӣ мори ғазабнок беруномада заҳри аз ҳама бад дорад ва аз ҷиҳати фаслҳо заҳри мор андар тобистон аз ҳама бад аст. Гуфтаанд, ки морҳои дарози ситабри аз як ҷинс буда аз ҳама баданд.
Бархе аз мардумон гумон кардаанд, ки заҳри морҳо ва афъиҳо сард аст, вале эшон хато кардаанд. Он сардие,
ки каси моргазидаро ориз бигардад, ба мурдани гармии модарзодӣ аз сабаби зиддияти заҳр вобастагӣ дорад ва маҳз гармии модарзодист, ки танро бо густаришу фурӯзонии хеш гарм бидорад, вале ҳар гоҳ агар гармии модарзодӣ набошад ва дил бо гармии ҳақиқӣ фурӯзон бошад, воҷиб нест, ки андомҳои атрофӣ аз он гарм бигарданд. Гурӯҳе чунин пиндоранд, ки заҳри хусусан мори асала сард аст ва бинобар он сахт карахтӣ оварад, вале чунин нест, баръакс, ин [карахтӣ] бад-он алоқаманд аст, ки [заҳр] гармии модарзодиро ҳал кунад ва онро бикушад. Ҳар кӣ агар чунин ҳуҷҷат биоварад, ки ҷонвари сардмизоҷ андар зимистон [мисли] мурда бигардад ва гарммизоҷро гармию тезии он афзоиш ёбад, ин шахс чӣ гуна касе набошад, ҳуҷҷаташ дуруст нест ва ин гуна даъво на андар нисбати ҳашароти хурд, балки андар нисбати ҷонварони бузургҷусса дуруст бувад. Далели табоҳии ин гуфта он аст, ки занбӯр сахт гарммизоҷ аст, вале яке аз он ҷондорҳоест, ки андар зимистон мурда бигарданд ва ҳеҷ наҷунбанд. Бинобар ин шубҳае нест, ки мор ҳам бо вуҷуди гармии мизоҷи хеш ба сабаби зиддияти мизоҷи табиӣ ва дигар ҳолатҳои ӯро оризгардида андар зимистон наҷунбад.
Фасли бисту якум андар баёни газидагии босилиқус232
Ин нахустини кармор ва ҳармоност,233 вале намедонам, ки ин ӯст ва ё ғайри ӯ. Ба гуфтаи гурӯҳе аз мардумон ин [морро] аз баҳри он «шоҳмор» хондаанд, ки бар сар тоҷ дорад, дарозияш аз ду то се ваҷаб бирасад, сараш сахт тез аст, чашмонаш сурханд ва рангаш ба сиёҳию зардӣ бизанад. Вай бар ҳар чизе бихазад, онро бисӯзонад ва андар гирди сӯрохи он ҳеҷ чиз нарӯяд. Агар ягон парандае бар маскани он баробар ояд, биафтад ва ҷонварон баробари онро ҳис кардан бигурезанд, вале агар он наздиктар бошад, онҳо карахт шуда наҷунбанд. Ин [мор] бо чирроси худ то масофаи як тиррас бикушад.
Бар ҳар кӣ чашми он аз дур биафтад, бимирад ва чунин гуфта, ки гӯё кас аз афтидани назараш бар он бимирад, дуруст нест. Ҳар ҷонваре, ки бар ин мурда наздик ояд, низ бимирад. Кам биафтад, ки аз зиёни он ҳамҷаворонаш раҳоӣ ёбанд. Лекин баъзан мумкин аст (242) ба асо бад-он расид, вале бисёр вақт касони бо асо бад-он расида ба миёнчии асо бимиранд. Бинобар ин як савора чун найзаро ба он расонидааст, ҳам худ ва ҳам чаҳорпояш мурдаанд ва ин [мор] чун лаби аспро газидааст, ҳам асп ва ҳам савора ҳалок шудаанд. Ин мор ба сарзамини туркон ва Лубия бисёр бувад.
Фасли бисту дуввум нишонаи газидани ин [мор]
[Нишонааш] он бошад, ки [одам] хусусан андар ҷои ба ин гуна мор маъруф бидуни ягон сабаби берунии зоҳирӣ якбора бимирад. Инро аслан ҳеҷ илоҷе нест.
Фасли бисту севвум андар баёни газидани ҳармоно
Ҳармоноро ба сифатҳое наздик ба сифатҳои шоҳмор
тавсиф карда, [гуфтаанд], ки ҳадафаш ба хато наравад, на танҳо бо газидан бикушад, балки бо нигоҳ кардан ва бо чиррос задан низ бикушад, чӣ гуна ҷонвареро нагазад, он аз ҳам бирезад ва ҳар ҷонваре, ки ба [мурдаи] он наздик шавад, бимирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор