Қонуни тиб

Лекин дарозии онро бар хилофи шоҳмор тавсиф намуда, гуфтаанд, ки вай аз як то якуним газ аст ва низ гуфтаанд, ки каси ин мор газидаро ҳеҷ чиз суд надорад, вале агар ягон чиз суд дошта бошад, ин гуна чиз танҳо ба андозаи то ду дирам тухми хашхош ва ё то ду дирам гунди бедастар бувад. Гурӯҳе бадин гувоҳӣ додаанд.
Фасли бисту чаҳорум нишонаҳои газидани море, ки «парасту»
ном дорад ва он аз ҷумлаи карморҳост
Каси ин мор газидаро ҳукак падид ояд, рангаш бигардад, карахт шавад, андомҳояш сард бигарданд, хоболудию пӯшида шудани пилкҳо рӯй диҳад ва баробари ин хафақони хосси он шиддат ёбад ва дард авҷ гирад. Илоҷи ин чун илоҷи карморҳост ва мо онро пеш аз ин ёд кардем.
Фасли бисту панҷум нишонаи газидани исқилиси хушк, ки яке аз карморҳост
Ҳар киро ин мор бигазад, он чизе ориз бигардад, ки аз газидани мори парасту ориз бигардад: рангаш дигаргун шавад; карахт бигардад; ҳукаки зиёд ба амал ояд; андомҳояш сард шаванд; пилкҳояш пӯшида гарданд; ва хоб биравад.
Илоҷаш чун илоҷи карморҳост ва мо онро ёд кардем.
Фасли бисту шашум андар баёни газидани мори заҳрафкан ва исқилиюс234
Ҳар киро ин мор бигазад, баъд аз рӯй додани ҳолатҳои дигари андар боби исқиюс ёдшуда бе ҳиссу ҳаракат хомӯшу хобрафта бимонад ва пеш аз он думодум даҳонфожа ва ғамза кунад, гарданаш каҷ шавад, кузоз ба амал ояд, набзаш ғайри мунтазам бигардад ва дардро ҳис накунад. Гоҳе [каси осебдида] ба оғози кор дарди қайоварандае ҳис кунад ва бибинӣ, ки ангушташро андар гулӯ дароварда қай биоварад.
Бархеҳо оид ба исқилиюс ва сифатҳои он чунин ёд кардаанд, ки вай сарашро бардошта, заҳр биафканад. Маро маълум нест, ки ин ва он чи ки ёд кардем, аз як навъанд ва ё аз ҷинси морҳои заҳрафкананда, лекин аз оризаҳои он чунин ёд кардаанд, ки маҳалли газидагии он хурд ва ба андозаи неши сӯзан аст, омос накунад ва аз он ҷой андаке хуни сиёҳ бирезад. Каси ин [мор] газидаро нахуст парда гирифтани чашм ва дарди андомҳои дарунӣ [123] ва дил ориз бигарданд ва сипас чашм пӯшида шудану хоб рафтан падид омада, беш аз се рӯз назияд. Илоҷи ин аз ҷинси илоҷи карморҳо буда, мо онро ёд кардем.
Фасли бисту ҳафтум мори шохдор
Ин як ҷинс аз карморҳост. Дарозияш аз як то ду газ
аст, бар сараш ду барҷастагии шохмонанд дорад, ранги
танаш чун ранги рег буда, бар шикамаш чизҳои пулакчамонанди хушки сахте дорад, ки ҳангоми бар замин бар
хӯрдан хаш-хаш кунанд ва дандонҳояш рости бе каҷмокаҷиянд. Бештари ин [морҳо] андар регзорҳо ёфт шаванд.
Ба гуфтаи як гурӯҳ аз мардумон ҷинсе аз инҳоро «мори кӯтоҳшох» гӯянд ва ин бад-он сабаб бошад, ки шохҳояш кӯтоҳанд ва ё афтида бошанд. Ин гуна морҳо ба изофаи ин кӯтоҳи хурданд ва манаҳашон бузуруг буда, бинобар он онҳоро [морҳои] «манаҳдор» гӯянд.
Фасли бисту ҳаштум нишонаи газидани ин [мор]
Чунин дарёфта шавад, ки гӯӣ андар маҳалли газидагӣ сӯзан ва ё мехеро зада монда бошанд. Тани [бемор] бисёр сахт гарон бигардад, пилкҳо бидаманд ва [худи] ӯро гижа, торик шудани чашм ва бегона шудани ақл рӯй бидиҳанд. Илоҷи ин низ чун илоҷи карморҳост, вале яке аз тадбирҳои хосси он чунин бошад, ки [ба беморон] хусусан ҳангоме ки қай овардан бихоҳанд, тухми турб бо шароб бидиҳанд. Ҳар гоҳ қай карданд, эшонро зираи ҳиндӣ суд бахшад. Инчунин, кунҷид бо шароб, гунди бедастар бо шароб (243) ва пудинаи даштӣ бо шароб аз барои газидагӣ эшонро судманданд. Тухми турб аз барои ин ғараз таъсири аҷиб дорад. Бар маҳалли газидагӣ намаки судаи бо қатрон сиришта ва ё пиёзи бо сирко кӯфта биниҳанд.
Фасли бисту нуҳум андар баёни море, ки «удрис» ва «кадусудрус» ном дорад
Ин мор агар андар об бошад, онро юнониҳо «удрус»
ва агар андар хушкӣ макон дошта бошад, «кадусудрус»
хонанд. Вай аз мори асалаи кар хурдтар, гарданаш паҳнтар аст ва бадтару зиёнвартар бувад. Аз сабаби газидагии он андар маҳалли газидагӣ дарди сахт ва афрӯхтагӣ ба амал омада, он ҷой кабуд бигардад ва хӯрда шавад.
Каси моргазидаро гижа, қаи талхи бадбӯй, ҳаракати номунтазам ва заъфи қувват падид оянд. Вай андар бештари ҳолатҳо андар соати севвум бимирад ва аз се рӯз беш зинда намонад. Агар каси моргазида ба сабаби навъи обӣ будани он ва ё ба сабаби қавӣ будани мизоҷи худ зинда монад, бемориҳое ӯро ёр бигарданд, ки қариб ҳеҷ аз онҳо беҳ нахоҳад шуд.
Фасли сиввум андар илоҷи [он]
Илоҷи ин илоҷи ҳамагонист. Яке аз тадбирҳои хосси ин он бошад, ки аз гавзи поккардаи сарв ва донаи мӯрд як драхмигӣ гирифта, бо оби ангубин ва ё бо шароб биошоманд. Низ ду дирам заровандро бо шароб ва ё сиркои омехта ва инчунин афшураи ганданои кӯҳӣ [биошоманд].
Бо оҳак, равғани зайтун, пудинаи кӯҳӣ, пӯсти бехи булут ва монанди инҳо ё ҷудо-ҷудо ва ё якҷоя зимод кунанд. Яке аз чизҳое, ки бо инҳо биомезанд, орди ҷав аст.
Фасли сиву якум андар баёни идрис
Ман идрисро аз барои он андар зимни ин гурӯҳ ёд
кардам, ки ба таври боваринок намедонам, ки ин удриюс
аст ва ё ягон мори дигар ва ин [калима] аз тариқи тасриф дигаргун шудааст, чунонки андар навиштани кали маҳои юнонӣ [чунин ҳол бисёр] биафтад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор