Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Лекин андар он ҷое, ки ман инро аз он ҷой кӯчонидаам, мусанниф аз барои газидагии ин [мор] аразҳои дигареро низ ёд карда гуфтааст: «Аз газидагии ин ҷароҳат падид ояд, ҷароҳати он паҳн бигардад, рангаш тира шавад, аз он рутубати сиёҳи бисёр ва ниҳоят бадбӯй битаровад ва илоҷи он дер бикашад ва ба сахтӣ бианҷомад».
Бояд ягон каси дигар инро таҳқиқ кунад ва ҳақиқати ҳолро маълум созад. Акнун мо ба [баёни] табақаи дуввуми морҳо мепардозем.
Фасли сиву дуввум гуфтори ҳамагонӣ андар баёни газидани афъиҳо ва ҳукмҳои онҳо

Бадтарини афъиҳову аждаҳоҳо нари онҳост, вале модаи онҳо камосебтар аст. Газидагии модинаро бад-ин гуна бишиносанд, ки андар маҳалли газидаи он мағокие беш аз андозаи ду дандон дарёфта шавад. Андар оғози кор аз паи ду ва ё якчанд дандон нахуст хун ва сипас зардобе чун оби гӯштшуста бирезад. Гоҳе мумкин аст нахуст зардоби обӣ, сипас зардоби зангорие бирезад, ки ба гавҳари заҳр ва ранги он гардида бошад. Ин ҷой нахуст дард кунад, сипас дардаш ба хазидан даромада, омоси гарми сурхи дорои обиларезаҳои бисёр ва обилаҳое чун обилаҳои оташсӯхта падид оянд ва гоҳе паҳн бигардад. Сипас он омос ба наздики маҳалли газидагӣ кабуд шавад, даҳони [бемор] бихушкад ва андар андомҳои дарунӣ афрӯхтагӣ ва андар тан таби бо ларза падид ояд. Баъд, арақи сард ба амал ояд, ранг табаҳ шуда, ба кабудӣ бигарояд, гижа авҷ гирад, нафас думодуму хурд бигардад ва маниши гаштану ҳукак рӯй диҳанд. Бошад, ки бемор хилти заҳравӣ қай кунад, пешоб ба сахтӣ ояд, сар гарон бигардад ва бошад, ки [бемор] хуни бинӣ шавад ва ӯро андар сутуни пушт гаронӣ падид ояд. Сипас арақи сард, ларзаи сахт ва аз ҳуш рафтан рӯй диҳанд. Аксар вақт ки чунин [касон] бимиранд, андар миёни се рӯз бимиранд ва бошад, ки то рӯзи ҳафтум боқӣ бимонанд.
Фасли сиву севвум андар илоҷи газидагии афъиҳо бад-он чи ки ҳамчун қонун бувад

Асосҳои муштараки муолаҷаро риоя кунанд ва сипас қавитарин илоҷ он бошад, ки зуд ба истеъмоли тарёки афъиҳо бипардозанд. Агар андар ин кор таъхир кунанд, тарёк мумкин аст бисёр вақт суд бахшад ва мумкин аст суд набахшад. Аммо ба афзори зидди заҳр табдилдиҳандаи [тарёк] ба ҷуз табиат чизе нест. Маҳз табиат аст, ки афзорҳо ба кор бибарад ва чизи бегона бошад онҳоро ҳеҷ ба кор бурдан натавонад. Вале ин ба шартест, ки агар ҳар ду баробар қиём кунанд.
Агар [ба бемор] додани сир ва шароби бисёр мумкин бошад, ин гоҳе ӯро аз ҳар гуна илоҷи дигаре бениёз бигардонад. Агар сир ёфт нашавад, додани гандано ва пиёз бо шароб низ ҳамин гуна бувад. Чунин ёд кардаанд, ки агар нараи гавазнро дарҳол бирён карда, [ба бемор] бидиҳанд, суд бахшад. Испанд яке аз доруҳои раҳоибахш аст ва мағзи донаи турунҷ низ ҳамчунин бошад.
Яке аз тарёкҳои қавии хосси ин заҳр чунин аст: як

уксубофун235 анисун, чаҳор драхмӣ мурч (244) ва як драхмигӣ пӯсти зарованди гирд, гунди бедастар ва мурро гирифта, бо тило маъҷун созанд. Як ошомидании ин як ҷавза бувад.
Инчунин: як дирамӣ мурр, гунди бедастар, мурч ва зирнихи сурх ва ду уқия тухми шибитро гирифта, бо тило маъҷун созанд.
Дигар: тухми девсипист, зарованди гирд ва судоби даштиеро [бигиранд], ки он на испанд, чунонки бархеҳо пиндоранд, балки як намуди худи судоб аст.
Бояд ба бемор равғани зард ва хусусан куҳани онро бисёр бидиҳанд, зеро бисёр бошад, ки равғани зарди куҳан ба танҳоӣ аз [заҳр] бираҳонад. [Беморро] андар обзани иборат аз шир бинишонанд, ӯро ба такаллуф бедор доранд, пиёда гардонанд ва андар бархе аз ҳолатҳо ба гармобаи арақовараш бибаранд. Баъд аз он ба ӯ панирмояҳои ҳайвонӣ ва монанди он биошомонанд. Беҳтарини панирмояҳо панирмояи тозаи харгӯш аст, зеро агар онро бо чаҳор уқия хамри ба таври муътадил омехта бидиҳанд, низ аз ҳама гуворотар бувад. Панирмояи гавазн низ хуб аст.
Гурӯҳе гуфтаанд, ки агар одам пиёзи дарёиро гирифта, бихояд ва оби онро фурӯ бурда, туфолаи онро ба маҳалли газидагӣ зимод кунад, албатта, ҳалок нахоҳад шуд.
Бархе аз мардумон оби гӯшти ғукро санҷида, чунон дарёфтаанд, ки агар онро бихӯранд, судбахшу наҷотдиҳанда бувад. Гӯшти сиркову намакхӯрдаи росу, харчанги дарёӣ ва хуни сангпуштони дарёӣ ҳамчунинанд. Гурӯҳе гуфтаанд, ки агар сангеро, ки бо «санги морон» маъруф аст, бар гардан биовезанд, андар ин бобат шифобахш бувад.
Фасли сиву чаҳорум андар зикри доруҳои ошомидание, ки андар бобати газидагии афъиҳо сутуда буванд

Гуфтаанд, ки карафси кӯҳӣ, яъне симирниюн аз барои ин ғараз хуб аст. Бехи ваҷ, барг ва бехи зарованд, бехи мурр, бехи ҳазоргашон, ё шашбандон ва ё ғориқунро, ки кадоме аз инҳо набошад, бо шароби ширин ба қадри як драхмӣ бидиҳанд, [низ хуб аст]. Низ афшураи аноғолис, яъне «гӯши муш», инчунин зира ва хусусан куҳани он, афшураи каранб, ё ду драхмӣ қуст бо ду убулус мурч, ё бехи бахури Марям, ё тухми кошим, ё бехи он, ё тухми испанд бо афшураи гандано, ё афшураи кангар [ҳама хубанд].
Инчунин, панирмояи харгӯш, хусусан орди говдона ва занҷабил бо шири занон [суд доранд. Ба бемор] бехи динорӯя, ҳазанбал (ҳазорбарг),236 ки ба сарзамини турк маъруф буда, сахт судманд аст, пӯсти зарованд ва бехи девсипист бидиҳанд.Чунин гуфтаанд, ки агар ба бемор турбидро бо шири навдӯшида бидиҳанд, сахт судманд аст. Шири лоғия, ки ба гумонам он тарёки фаровӣ ва бушанҷист, чунонки ёд кардаанд, низ аз барои газидагии афъиҳо ва ҳамаи ҷунбандагони зиёнкор суд дорад ва ё ду дирам говшир бо сирко низ ҳамчунин бувад.
Инчунин, се мисқол қуст ва ё ҷентиёноро гирифта, ба кор баранд. Яке аз доруҳои хуб саргини буз буда, онро андар шароб реза кунанд ва ба бемор бидиҳанд. Ҳамаи доруҳои бурандаи тез ва хусусан сир, пиёз, гандано, турб ва оби он, ҳамаи чизҳои намакхӯрда ва хусусан [андомҳои] дарунии росу, каждуми бирён, заҳраи хурӯс ва дигар парандаҳо [низ хубанд].

пешина
аз 1215
навбатӣ