Қонуни тиб

[124] Аз ҷумлаи афшураҳои сахт судманд афшураи судоб, афшураи барги себ ва афшураи марзангӯш ба шумор бираванд. Худи сирко, ки чаҳор уқияи онро ҷӯшонида, ба бемор бидиҳанд, афшураи сари [баргҳои] каранби набатӣ ва чунонки ёд кардаанд, пешоби инсон [низ судманданд].
Фасли сиву панҷум зимодҳое, ки аз берун бибанданд
Ин зимодҳои [заҳр]кашандаро пеш аз варам кардан ба кор баранд ва онҳоро аз абҳал, донаи даҳмаст, бобуна, хусусан унсули бирён ва орди говдона бисозанд. Ҳамаи инҳоро ё танҳо-танҳо ва ё ба ҳам омехта бо шароб [зимод кунанд]. Бо панири куҳан зимод ниҳодан ба ғоят хуб аст ва мокиёни ду пора кардаро зимод кардан ба ғоят ва сахт хуб бувад. Зимод ниҳодан бо гӯшти афъӣ ва бо ғуки ду пора карда низ ҳамчунин бувад. Аз равғанҳо равғани даҳмаст ва равғане [хуб аст], ки андар он барги даҳмаст ҷӯшонида бошанд.
Фасли сиву шашум андар баёни морҳои аз ҳамаи масомҳо хунпаррон, ки мисоли онҳо амуриюс ва бастис бувад
Инҳо морҳои баданд ва агар бигазанд, аз ҳамаи масомҳову гузаргоҳҳо ва ҳатто аз решҳои басташуда хуни обакӣ биҷаҳад. (245) Баробари ин дарди бандгоҳҳо, қаи хун ва хун партофтан ба амал оянд. Донишмандон чунин ёд кардаанд, ки тани ин ду намуд мор регмонанд ва дорои холҳои сиёҳу сафед аст. Навъи дарози онҳо [мисли] дарози морҳои шохдор бувад. Бархе аз эшон гуфтааст:
«Онҳо хурдтар аз афъӣ буда, сар ва думашон борик аст.
Ранги онҳо хокистарист ва бошад, ки сиёҳ, сурх ва сафед бувад. Бар сарашон рахҳои сафеди якдигарро буранда доранд. Аз хазидани онҳо ба сабаби хушкии пӯсти зери шикам мисли хаш-хаши най садои хаш-хаш ояд.
Ҳаракаташон гарон ва дандонҳояшон рост буванд». Ин [шахс] ин морҳоро ба сифатҳои морҳои табақаи якум тавсиф намуда, гӯяд: «Инҳо морҳои баданд ва ба сабаби газидагии онҳо аз масомҳо ва маҷроҳои табиӣ хуни обакӣ фаввора зада бирезад ва гоҳе аз сабаби он ҳатто аз ҷисми решҳои басташуда ва ҳатто аз гӯшаҳои чашм каме моддаи обакие битаровад. Ин [газидагӣ] қаи хунӣ, хунпартоӣ ва хуни бинӣ биангезад ва баробари он дарди меъда падид ояд».
Бархе аз [пизишкон] гуфтааст, ки маҳалли [газидагӣ] биомосад, сиёҳ шавад, аз он ҷой як чизи ками обакие битаровад, шикам биравад, нафас танг шавад, пешоб ба сахтӣ ояд, овоз қатъ бигардад, андомҳои бемор суст шаванд, бар тан ҳолате шабеҳи фаромӯшхотирӣ ғолиб ояд, кузоз рӯй диҳад, дандонҳо биафтанд ва худованди он бимирад.
Фасли сиву ҳафтум
андар илоҷ
Илоҷи ин гуна [беморон] ба илоҷи [заҳри] морҳои асала ва афъиҳо аз он ҷиҳат наздикӣ дорад, ки ба бемор шароби бисёр бидиҳанд ва сипас баъд аз додани ғизоҳое чун тарих, моҳии шӯр ва сир қай оваранд ва қайро такрор кунанд. Баъд аз қай эшон бояд нон бо моҳии бар оташи лахча кабобкарда ва инчунин мавиз бихӯранд. Тухми турб хусусан бо шароб ва афшураи хашхошу бехи савсани осмонгунӣ бо шароб низ аз ҷумлаи доруҳои аз барои [чунин беморон] судманд буванд. Бошад, ки эшонро сафедии хояи мурғ бо шароб суд бахшад. Гоҳе ба эшон аз ҷиҳати боз доштани хунравӣ зимод намудани барги ток, ё аспғул ва ё мозу нофеъ аст. Аз ҷумлаи он чизҳое, ки хунро аз тариқи доғ ниҳодан бибанданд, гандано, газна ва судоб бо орди ҷав ва сафедии хояи мурғ ба шумор бираванд.
Фасли сиву ҳаштум андар баёни мори ташнагиоваранда
Гуфтаанд, ки дарозии мори ташнагиоваранда як ваҷаб аст. Бар тан доғҳои сиёҳи бисёр дорад, сараш хурд ва гарданаш ситабр бувад. Тани он аз гардани ситабр оғоз ёфта, ба думи борик бианҷомад. Гурӯҳе гуфтаанд, ки аксари ин гуна морҳо андар кишвари Лубия ва Шом ёфт шаванд. Сураташ чун сурати афъист, ранги бахши ахири он то дум ба сиёҳӣ бизанад ва думашро бардошта бихазад. Ба гуфтаи гурӯҳе ин мор андар соҳилҳо зиндагӣ кунад ва эшон гуфтаанд: «Шахси ин [мор] газидаро чунин ориз бигардад, ки шикамаш тафсида, бисӯзад ва аз об ҳеҷ ташнагияш нашиканад, баръакс, аз ғайри ягон зарра берун омадани пешоб ва ё арақ кардан, пайваста об биошомад, то ҷое ки шикамаш ба тамом бидамад ва об андар ҳамаи рагҳои ӯ биравад.
Фасли сиву нуҳум андар илоҷ
Баъд аз чораҳои муштарак ба кор бурдан тадбири ин гуна [беморон] он бошад, ки ошомидани равғани бисёр ва гардондан бифармоянд. Сипас бо он чизҳое ҳуқнарезӣ кунанд, ки хушкиҳову тариҳоро берун оранд ва обро ба фурӯсӯ бикашанд. Бояд ба эшон доруҳои пешобтозонандае аз қабили ҷӯшонидаи карафс, сунбули ҳиндӣ, дорчинӣ, асорун, сисолиюс, фатросолиюн ва монанди инҳоро бидиҳанд ва аз берун намак, оҳак, равғани зайтун ва зимодҳоеро бибанданд, ки аз барои каси саги девона газида ёд хоҳем кард.
Фасли чиҳилум андар баёни морҳои ҷаҳанда ва сахт паранда
Инҳо морҳои хурди кӯтоҳ ва борик буда, гоҳе бар болои
дарахтҳо камин гирифта, бингаранд ва бар каси аз он ҷой
гузаранда худро ҳаво диҳанд ва ӯро битарсонанд. Бояд бигӯям, ки ман як ҷинс аз ин морҳоро андар ноҳияҳои Деҳистон дидам. Онҳо сурхранг ва ниҳоят палиданд. Гӯянд, ки
аз газидани онҳо дарди сахт ва андар тамоми тан омоси
гарм падид оянд. Агар ин мор аз он ҷинсе бошад, ки мо дидаем, аз он [одам] бимирад. Гуфтаанд, ки илоҷи онҳо илоҷ ҳои (246) муштарак ва илоҷи афъиҳост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор