Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Мореро ёд кардаанд, ки номаш «амғисино» аст ва гуфтаанд, ки он ба ду сӯ биҷаҳад. Маро ин ба таҳқиқ нарасидааст, ки ин оё мори ҷаҳанда аст ва ё ғайри он, лекин онро бад-ин гуна сифат кардаанд, ки ду тарафи он аз ҷиҳати ситабрӣ баробаранд ва миёнааш яксон аст. Ба гумонам ин ба ҳақиқат ҳамон морест, ки мо дидаем.
Фасли чиҳилу якум мори булутӣ, яъне дуруниюс

Ин мор андар булутзорҳо маскан дорад ва аз газидани он пӯсти каси газидааш бирезад ва пӯсти каси бо ин шахс расида ва каси ӯро муолаҷакунанда низ бирезад. Ин [мор] бӯи палиде дорад ва ҳар кӣ қасди куштани он кунад, бо ин бӯй хоҳ заҳрафкан бошад, хоҳ не, ӯро карахт хоҳад кард. Аз ин низ ҳамон аразҳое падид оянд, ки аз газидани морҳои афъӣ падид оянд.
Фасли чиҳилу дуввум андар илоҷ

Илоҷи ин мисли илоҷи афъиҳост. Ба таври махсус чунин [беморонро] ошомидани зарованди дароз бо шароб, инчунин девсипист ва бехи нармода бо шароб ва зимод кардани самари дарахти булут [бар маҳалли газидагӣ] судманданд.
Фасли чиҳилу севвум андар баёни морҳои говарсӣ

Инҳо як ҷинс аз морҳоеанд, ки ранги онҳо ба сабаби зардӣ ранги говарсро монад. Ҳар киро бигазанд, аразҳои баде шабеҳи аразҳои афъиҳо падид оянд. Илоҷи инҳо ҳамон илоҷи [афъиҳост].
Фасли чиҳилу чаҳорум андар баёни море, ки онро «систолӣ» номанд

Гӯянд, ки ин шабеҳи мори бар ду сӯй ҷаҳанда аст, вале он аз ҳама бад бошад. Аразҳои ин низ мисли аразҳои он аст ва илоҷаш ҳам чун илоҷи он бувад.
Фасли чиҳилу панҷум андар баёни мори песа, ки дорои рангҳои гуногун аст

Бархе аз [пизишкон] чунин ёд кардааст, ки ин мор палид аст ва [заҳри он] бо хӯрдани ҷигар ва аз ҳам резондани рӯдагон андар рӯзи дуввум бикушад. Илоҷи он мисли илоҷи афъиҳои сахт газанда бувад.
Фасли чиҳилу шашум андар баёни мори борситлис237

Ин морро бад-ин гуна тавсиф кардаанд, ки аразҳояш
мисли аразҳои афъиҳост, лекин ба изофаи он маҳалли
газидагии ин дам кунад, сахтиҳову обилаҳо рӯй диҳанд
ва аз он ҷой рутубати хунӣ ва сиёҳ ҷорӣ шавад. Беморро ошуфтаақлӣ, парда гирифтани чашм ва кузози ҳалоккунанда ориз бигарданд. Илоҷи ин чун илоҷи афъиҳост. Ман ин морро андар ин ҷо ба тахмин ёд кардам,
вагарна на ҳувияти он, на табъ ва на ҷинси он маро ба

ҳақиқат маълум нестанд. Намедонам, ки оё ин ба такрор омада аст, ё не.
Фасли чиҳилу ҳафтум андар баёни фанҷуниюс

Гуфтаанд, ки газидани ин ба газидани афъӣ монанд аст, лекин гӯшти шахси ин мор газидаро табоҳӣ ва сустие чун [сустии гӯшти] каси ба истисқо гирифтор ориз бигарданд, хоболудӣ, фаромӯшхотирӣ ва бемориҳое андар ҷигар, рӯдаи «рӯзадор» ва қулун падид оянд. Гуфтаи ман оид ба ин мор андар ҳоле, ки ман онро андар ин ҷой ба тахмин овардаам, мисли гуфтаи пеш аз ин ёд кардаам бувад. Мумкин аст ин на аз ин табақа, балки аз табақаи морҳои гандонанда бошад. Илоҷи ин мисли илоҷи афъиҳост.
Фасли чиҳилу ҳаштум андар баёни умамузутис ва мавоъирус

Гуфтаанд, ки дарозии ҳар як аз ин морҳо то ба як газ бирасад, рангашон чун ранги рег буда, бар танашон доғҳо доранд. Гуфтаанд, ки ҳар киро бигазанд, андар маҳалли газидагӣ дарди сахт ва омоси бузург ориз бигардад, аз он ҷой зардоби хунӣ битаровад, [беморро] андар обгаҳ, ҷигар ва мароқ дарди безоркунанда падид ояд, ки он андар рӯзи севвум ӯро бикушад ва беш аз ҳафт рӯз муҳлат надиҳад.
Фасли чиҳилу нуҳум андар илоҷи [газидагии] ин ду [мор]

Гуфтаанд, ки илоҷи каси чунин морҳо газида [125]
тадбирҳои ҳамагонист. Тадбири хосси чунин [беморон]
он бошад, ки аз гунди бедастар, дорчинӣ ва бехи қантуриюн, кадом як аз инҳо набошад, ду дирам гирифта, бо
шароб ба эшон бидиҳанд. Эшонро бехи зарованд ва хусусан зарованди дароз суди бузург дорад. Инчунин бехи шувосаро ва хусусан афшураи он ва бехи ҷентиёно [судманданд]. Аз зимодҳо ангубини ҷӯшонида хушк карда
ва кӯфташуда, пӯсти анор, инчунин қантуриюн, тухми
катон, коҳу, тухми испанд, печак ва судоби даштӣ ба
эшон суд доранд ва низ зимодҳое суд бахшанд, ки хосси решҳои гандида буванд. (247)
Фасли панҷоҳум
андар баёни море, ки «сисир» ном дорад
ва он гандонанда бувад

Гурӯҳе гуфтаанд, ки ин морҳо андар кишвари Шом ва Миср мавҷуд буда, сарашон паҳн, гарданашон борик, думашон кӯтоҳ ва шикамашон гирд аст ва бар сарашон хатҳову нишонаҳо надоранд, лекин бар ҷасадҳои хеш хатҳои гуногунранг доранд. Онҳо ҳар гоҳ бихазанд, рост нараванд, балки каҷ ва шитобзада бираванд.
Касеро, ки бигазанд, ӯро омоси дарднок падид ояд ва тани ӯ баъд аз кӯфта шудан ва мӯй партофтан ба тамом бигандад ва бошад, ки гандагӣ зуд фаро расида, [тани] ҳанӯз солимро ба ҳалокат бирасонад. Чунин ба назар бирасад, ки ин мор як намуди афъиҳост.

пешина
аз 1215
навбатӣ