Қонуни тиб

Фасли панҷоҳу якум
андар илоҷ
Бояд инро нахуст бо илоҷҳои ҳамагонӣ ва бо ҳадди миёнаи илоҷи афъиҳо муолаҷа кунанд ва сипас ба муолаҷаи ҳолатҳову аразҳои аз сабаби газидагии ӯ оризгардида бипардозанд.
Фасли панҷоҳу дуввум андар баёни синфҳои морҳое, ки ҳар гоҳ бигазанд, на бо заҳри қобили мулоҳазае, балки бо ҷароҳат зиён оваранд ва инҳо морҳои ниҳоят бузургҷусса буванд
Андар баёни аждаҳо: Гӯянд: «Хурдтарин синфи аждаҳо, чунонки баъзеҳо ёд кардаанд, панҷ газ аст ва бузурги онҳо беш аз сиҳ газ бувад».
Гӯянд: «Аждаҳо ду чашми бузург ва аз зери манаҳи фурӯсӯвин барҷастагие мисли занахдон дорад ва ӯро дандонҳои шикории бузург238 бувад». Гурӯҳе гуфтаанд, ки инҳо андар ноҳияи Нуба ва Ҳинд бисёр бошанд ва аждаҳоҳои нубие,239 ки андар кишвари Осиё вуҷуд доранд, то чаҳор газанд, вале аждаҳоҳои ҳиндӣ ниҳоят бузург буванд.
Гӯянд: «Сифати аждаҳо чунонест, ки мо ёд кардем.
Онҳо дорои рӯйҳои зарду сиёҳанд, онҳоро даҳонҳои бисёр фарох ва абрӯвонест, ки чашмони онҳоро бипӯшонанд, бар гарданашон пулакчаҳост ва бар ҳар як дандонхона се дандони шикорӣ доранд».
Ман мегӯям: «Мо аз ҳамин қабил аждаҳоеро дидем, ки бар ду бари гарданаш мӯи дурушт дошт».
Гӯянд: «Аз газидани он нахуст дарди андак, сипас афрӯхтагӣ падид ояд ва нари онҳо палидтар аз модаашон аст», Ман мегӯям: «Дуруст аст, ки андар ғайри кишвари Ҳинд низ гоҳе аждаҳоҳои сахт бузург ёфт шаванд», Гӯянд: «Илоҷи инҳо фақат чун илоҷи решҳои бад бувад».
Фасли панҷоҳу севвум андар баёни ағозинимун ва сир240
Чунин бинамояд, ки инҳо аз ҷинси аждаҳоҳоянд. Гуфтаанд, ки ҳар киро ағозинимун бигазад, он чизе ориз бигар
дад, ки касони аждаҳо газидаро низ ориз бигардад. Аммо оид ба сир гуфтаанд, ки дандонхои шикорияш сахт қавиянд ва хусусисяти резондан241 ва хушконидани гӯштро дорад. Бинобар ин реши баамаловардаи ӯ сахт хатарнок аст ва ба илоҷи ҷароҳатҳои ниҳоят бад эҳтиёҷ дорад.
Фасли панҷоҳу чаҳорум андар газидани аждаҳои дарёӣ
Гуфтаанд, ки маҳалли газидагии онро бо гӯгирд ва сирко тило кунанд. [Низ] гӯянд, ки пиҳи тимсоҳ ба шакли зимод ва моҳии бо номи «тариғло» маъруф аз барои он судбахшанд. Агар арзизро бар [маҳалли газидагӣ] бимоланд, суд кунад. Доруҳое, ки мо андар боби ғунда ёд кардаем ва хусусан тарёки якум [низ ҳамчунинанд]. Райҳони кӯҳӣ чи аз тариқи ошомидан ва чи зимод кардан аз барои ин ғараз нофеъ бувад.
Фасли панҷоҳу панҷум ду ҷонвари дарёӣ
Ин дуро яке аз донишмандон ёд кардааст ва ба гумонам ё аз ҷинси аждаҳоҳои дарёӣ ва ё ғайри онҳо мебошанд.
Яке аз онҳо самуриёст. Он донишманд чунин тасдиқ намудааст, ки аз газидани ин он чизе ориз бигардад, ки ҳангоми газидани афъиҳо низ ориз бигардад. Чунин ба назар бирасад, ки илоҷи он чун илоҷи афъист.
Дигарӣ туруғурун бувад. Он [шахс] гуфтааст, ки агар касеро туруғурун бигазад, ӯро дарди сахт, бисёр хунук хӯрдан ва карахтӣ ориз бигарданд ва наздик аст, ки бимирад. Ӯ бад-он ишора намудааст, ки илоҷи ин чун илоҷи заҳрҳои сард аст ва гуфтааст: «Бояд маҳалли газидаро бо сиркои нимгарм тило кунанд, бар он ҷой аз барги даҳмаст зимод биниҳанд ва бо равғани қуст, равғани оқирқарҳо ва бо дигар равғанҳои ба ҳаминҳо монанд ва [инчунин] бо он чизҳое, ки қувваи унсул ва газнаро доранд, равғанмолӣ кунанд».
Доруҳои ошомидании чунин касон инҳост: ҷӯшонидаи барги даҳмаст бо сиркои ангудон ва судоб; ё аз мурр, мурч ва судоб бахшҳои баробар бигиранд, ки як ошомидании он як драхмӣ ва бо шароб бувад; ва тарёки нахустин, ки андар боби ғунда аз ҳама пеш ёд шудааст.
(248) Мақолаи чаҳорум
АНДАР БАЁНИ ГАЗИДАНИ ИНСОН ВА ЧАҲОРПОЁН
Мо андар ин мақола он офатҳоеро ёд кунем, ки аз газидани инсон, газидани саг, гург ва монанди инҳо, аз газидани саги девона, даррандагон ва тимсоҳ, аз газидани маймун, аз газидани росу ва аз газидани ғало,242 яъне муғолӣ падид оянд.
Фасли нахустин гуфтори ҳамагонӣ андар дармони газидагиҳо
Бадтарин газидагӣ газидагии онест, ки хоҳ инсон аст,
хоҳ ғайри инсон, гурусна бошад. Ҳар кӣ газидагиро му
олаҷа кардан бихоҳад, бояд нахуст бар газидагӣ пораи андар равғани зайтун оғушта биниҳад ва ё бо худи равғани зайтун онро пок кунад, сипас агар аз ин мурод ҳосил нашавад, масалан, бо ангубин, пиёз ва боқилие, ки ҳар дуи ахирро,чунонки ҳаст, хом хоида бошанд, зимод кунанд.
Ин андар ин бобат таъсири аҷиб дорад ва тило намудани мурдосанг низ ҳамчунин аст. Бо орди говдона зимод ниҳодан шигифтовар бувад. Агар [пизишк] андар он ҷой ягон табоҳие дарёбад, бояд нахуст онро бо макидан,243 ё миҳҷама гузоштан ва ё бо доруи кашанда пок созад ва бигузорад, то он ҷой рим кунад. Сипас агар бибинад, ки рим кардани он рӯ ба гандидан дорад, бидонад, ки поксозию кашидани офат ба ғоят қавӣ набудааст ва бояд онро бо василаҳои кашандаи бисёр қавие дармон кунад, ки андар боби газидани [заҳрдорон] ёд кардем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор