Қонуни тиб

Агар андар андом ягон фасоде ҷой надошта бошад, пеши омосидан бигирад ва ба сабзонидани ҷароҳат бипардозад. Беҳтарини марҳамҳо аз барои газидагӣ ва ҷароҳатҳои соҳибчангон марҳами сиёҳ аст, ки онро ба ҳангоми эҳтиёҷ баъд аз кашидани [моддаҳои] зиёнвар ва баъд аз шустани [он ҷой] бо обу намак ба кор бибаранд.
Фасли дуввум андар баёни газидани як одам одами дигарро
Агар газидагӣ башиддат бошад, бар вай як шабу як рӯз пиёз, намак ва ангубин барниҳанд ва сипас бо марҳами сиёҳе дармон кунанд. ки онро аз пиҳ, мум, равғани зайтун ва борзад бисозанд. Ин аз барои газидагӣ беҳтарин зимод бувад. Хокистари244 бо сирко, ангубин ва пиёз сиришта низ ҳамчунин аст.
Бошад, ки аз газидани инсон, хусусан каси рӯзадор ва ё касе, ки донагиҳои омодаи фасодшавӣ ва хусусан наск хӯрдааст, ҳолати баде ориз бигардад. Андар ин ҳол бояд маҳалли газидагиро бо равғани зайтун пок созанд, аз бехи бодиён бо ангубин ва ё орди боқилӣ бо обу сирко зимод ниҳанд ва ин зимодро ҳар бор дигар кунанд. Кӯфтаи кундур бо шароб ва равғани зайтун ва инчунин устухонҳои гӯсолае ҳамчунин буванд, ки онҳоро то сафед шудан сӯхта ва бо ангубин сиришта бошанд. Намаки совида бо ангубин ва ё мурр ва сақизи хинҷак ҳам [судманданд]. Ҷароҳатҳоро гоҳе бо шибити хушки сӯхта пур карда, бибанданд ва низ бар вай хокистари каранб тило кунанд.
Фасли севвум андар баёни газидани саги хонагии ғайри девона ва инчунин газидани гург ва монанди он
Илоҷи инҳо ба он чизҳое, ки андар боби ҳамагонӣ ёд кардем ва инчунин ба илоҷи газидагии инсон наздикӣ дорад. Гоҳе агар он ҷойро нахуст зуд сирко бипошанд ва як чанд бор бо кафи даст бизананд, сипас хусусан ба ҳангоми бими девонагӣ доштан бар вай натрун бо сирко ниҳода, инро ҳар се рӯз як бор дигар кунанд, кифоят хоҳад буд. Ё агар онро бо пиёз, намак, судоб, боқилӣ, бодоми талх бо ангубин, ё бо аспғулу намак ва ё бо хиёрза, бодранг, пудинаи кӯфта ва шароб муолаҷа кунанд, кифоят бошад. Низ тило намудани мурдосанг, хусусан ба ҳангоми ҷой доштани варам [кофист]. Агар афрӯхтагии баланди сахт ҷой дошта бошад, [126] орди говдонаро бо ангубин [тило кунанд]. Аз ҷумлаи чизҳое, ки андар ин бобат судманданд, саътари даштӣ бо намак ва ангубин, обкомаи сиркозада ва сиркое, ки андар он намакро якчанд рӯз гудохта монда бошанд, ба шумор бираванд. Ин чизҳо инчунин аз барои он [газидагиҳое] судманданд, ки андар ду боби аввала ёд шуданд.
Фасли чаҳорум
андар баёни сифатҳои саги девона,
гурги девона ва шағоли девона
Саг ва дигар [ҳайвонҳои] ёдшударо гоҳе девонагӣ ориз бигардад, яъне андар мизоҷи онҳо як дигаргунии савдовии палиди заҳрнок ба амал ояд. Ин дигаргунӣ ё аз сабаби ҳавост ва ё аз сабаби ғизоҳо ва ошомиданиҳо. Аз сабаби ҳаво бад-ин гуна бувад, ки гармии сахт хилтҳои [сагонро] бисӯзад ва онҳо андар тирамоҳ девона шаванд ва ё сармои сахт хуни онҳоро афсурда ва савдовӣ бигардонад ва бинобар он андар баҳор девона шаванд. Аз сабаби ғизоҳову ошомиданиҳо бад-ин гуна рӯй диҳад, ки саг хуни қассобхонаҳоро билесад, мурдоргӣ бихӯрад ва аз обҳои гандида биошомад (249) ва бинобар он хилтҳояш савдовию гандида бигарданд. Низ андар рафтори он ҳангоми ба дигаргунӣ дучор омадани мизоҷаш ошуфтагӣ рӯй диҳад, чунонки касони ба ҷузом гирифторро ин гуна ҳол падид ояд. Гоҳе тани он омос кунад, ранги он хокистарӣ бигардад, сабабҳои табоҳии он бештар густариш ёбанд ва худи он гурусна шавад, вале чизе нахӯрад ва ташна гашта, об наошомад. Ҳар гоҳ ба об дучор ояд, аз он битарсад ва аз он безорӣ кунад. Гоҳе аз об ба ларзидану дақидан дарояд ва бештар пӯсти рӯяш биларзад. Бошад, ки хусусан ба охири кор аз об тарсида, бимирад. Чашмонашро парда бигирад ва аксар вақт забонашро бароварда, девонавор бигардад ва худовандони хешро нашиносад. Онро ба ҳоле бибинӣ, ки чашмонаш сурх ва намуди омодабоши нохуш дошта, забонаш овезон бошад, аз даҳонаш кафк бирезад, аз бинияш об ояд, сар ба пеш афканда, гӯшҳо овезон бидорад ва онҳоро биҷунбонад, пушташ кӯж шуда, сутунмуҳрааш ба як сӯ хамида бошад ва онро чунон дарёбӣ, ки бар паҳлу ва ё ба барсӯ каҷ шуда, вале думаш ором истода бошад. Ин гуна [саг] тарсон ва ба як сӯ майл намуда, чунон роҳ равад, ки гӯӣ маст ва андӯҳгину ғамзада аст ва андар ҳар як қадам пешпо хӯрад.
Ҳар гоҳ ба назараш ягон шабаҳе бинамояд ва он чизе набошад, хоҳ девор, хоҳ дарахт ва хоҳ ягон ҷонвар, ба он душманӣ варзида, ҳамла кунад ва кам биафтад, ки баробари ҳамла кардан ба сӯи чизи ҳамлакардааш аккос бизанад, чунонки одати сагон аст, балки хомӯшу дам фурӯ баста бошад. Агар аккос занад, аккоси онро хаста дарёбӣ. Низ бибинӣ, ки сагон аз роҳи он як сӯ шаванд ва ба ҳоле, ки ҳанӯз дур аст, аз он бигурезанд. Вале агар ғофил ба бархе аз онҳо наздик ояд, онҳо нармӣ варзида, андар пеши он зорӣ кунанд ва роҳи гурез биҷӯянд.
Гург аз саг бад аст ва кафтору шағолҳои ба андозаи ӯ буда низ ҳамчунин буванд.
Фасли панҷум андар зикри девона шудани ғайри он [ҷонвароне], ки ёд кардем
Гуфтаанд, ки рӯбоҳ ва инчунин росу девона шаванд.
Ба гуфтаи яке аз [пизишкон] бархе аз хачирҳо девона шуда, худованди хешро газидааст ва ӯро ҳамин гуна девонагие рӯй додааст, ки аз дигар [ҷонварони] девона рӯй диҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор