Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фасли шашум
андар ҳолатҳои касе, ки
ӯро саги девона газидааст

Агар ягон касро саги девона бигазад, нахуст ба ҷуз ҷароҳате чун дигар ҷароҳатҳои дарднок чизи дигар мушоҳада нашавад, вале сипас баъд аз якчанд рӯз ӯро бархе аз андешаҳои табаҳ ва хобҳои фосид ва ҳолате мисли хашм, васваса, ошуфтаақлӣ ва ҷавоб гуфтан на ба чизи пурсидашуда ба амал оянд. Ӯро бибинӣ, ки ангуштонаш ба ташаннуҷ гирифтор шуда бошанд, андомҳои атрофияшро андар хеш кашида бошад, аз рӯшноӣ бигурезад, ҳиҷобаш ба паридан дарояд, ҳукак, ташнагӣ ва хушкидани даҳон ориз бигарданд, аз мардум гурехта, танҳоӣ гузинад. Гоҳе аз рӯшноӣ ба хашм ояд. Андомҳояш ва хусусан рӯяш сурх бигарданд ва сипас рӯяш реш шавад.
Дардаш фузунӣ ёбад, овозаш хаста шавад ва бигиряд.
Баъд, андар марҳалаи ахир аз об ва аз тариҳо метарсидагӣ шавад ва ҳар бор [обро] наздикаш оранд, саг гумон карда, аз он битарсад. Гоҳе мумкин аст аз об натарсад, вале онро мурдор пиндорад. Бошад, ки андар хок ғелиданро дӯст дорад ва бошад, ки ӯро аз ғайри шаҳват ҷаҳидани манӣ рӯй диҳад. Ин оқибат ногузир ба ташаннуҷу кузоз бибарад ва ба арақи сард овардан, аз ҳуш рафтан ва марг бианҷомад. Гоҳе мумкин аст бемор пеш аз ин ҳолатҳо аз ташнагӣ бимирад. Бошад, ки иштиҳои об кунад, вале чун онро бибинад, аз он халосӣ ҷӯяд. Гоҳе мумкин аст аз он як қулт бигирад ва он андар гулӯяш дармонда, бимирад. Бошад, ки чун саг биҷакад ва ҷаккоктар аз он бигардад ва бошад, ки овозаш қатъ шуда, чун каси беовоз бигардад ва фарёд кардан натавонад. Гоҳе ӯро як қисм пешобе ояд, ки андар он чизҳои гӯштмонанди аҷибе ёфт шаванд ва онҳо мисли ҷонваракон ва чун сагони хурд бинамоянд. Вале андар бештари ҳолатҳо пешобаш тунук бувад ва гоҳе ба ранги сиёҳ ояд. Баъзан пешобаш банд бигардад ва ногузир пешоб кардан натавонад. Шикамаш андар бештари ҳолатҳо хушк бошад.
Яке аз ҳолатҳои шигифтовари ӯ чунин аст, ки шефтаи газидани одам бошад ва ҳар гоҳ баъди ба шӯр омадан ягон касро бигазад, он одамро он ҳолате ориз бигардад, ки ӯро ориз гардидааст. Пасмондаи об ва ғизои ӯро агар касе бихӯрад, низ ҳамчунин ҳол ба амал оварад.
Ҳар кӣ аз инҳо аз об битарсад ва хусусан оне, ки чун рӯяшро андар оина бинад, худро нашиносад ва ё андар оина ба назараш саг бинамояд, аз тариқи муолаҷа ва ё ғайри он раҳоӣ нахоҳад ёфт, вале ба гуфтаи [пизишкони] пешин ду нафар андар ин гуна ҳолат раҳоӣ ёфтаанд ва онҳоро на худи саг, балки одами саги девона газида газида будааст. Лекин пеш аз ҳаросидан аз об муолаҷаи он қариб мумкин аст.
Ин [беморӣ] гоҳе андар миёни як ҳафта то шаш моҳ бикушад ва миёнаи ин муҳлат чиҳил рӯз аст. Ба даъвои гурӯҳе, ки ба эшон боварӣ нест, (250) гоҳе бемор баъд аз ҳафт сол обтарсанда бигардад. Яке аз эшон ва шояд ин Руфус бошад, гуфтааст: «Ин [бемор] аз баҳри он аз об битарсад ва бар хок ғелидан дӯст дорад. ки бар мизоҷаш хушкӣ сахт фармонраво гардидааст ва бинобар

ин чизи зидди мизоҷи хешро бад бинад ва чизи созгори онро дӯст дорад». Ин гуфта аз ҷумлаи чизҳое бошад, ки маро бад-он майл нест, зеро майл намудан ба чизе, ки созгори мизоҷи бегона бошад, яке аз хулосаҳои бебунёд аст.
Аз ҳама некфарҷомтар ҳоли касест, ки баъд аз газидани саги девона аз маҳалли газидагӣ хуни бисёр биравад.
Ҳамчунин агар баъд аз ошомидани доруҳои тарёкӣ хун пешоб кунад, аз обтарсӣ эмин хоҳад монд.
Фасли ҳафтум андар баёни чӣ гуна фарқ кардан миёни газидагии саги девона ва ғайри девона

Гоҳе мумкин аст бархе одамонро саге бигазад, ки сурати он ба хотираш набошад ва ҳолати онро муайян кардан нашавад, вале ба муолаҷа эҳтиёҷ дошта бошад. Илоҷи он [агар] ҳамчун ҷароҳат [ба эътибор гирифта шавад], сабзондан ва [агар] ҳамчун газидагии саги девона [ба эътибор гирифта шавад], рим овардану кафондан бувад,
Зеро андар сабзондан бими ҳалок аст. Бинобар ин эҳтиёҷ ба нишонае бошад, ки то аз тариқи он ҳоли [беморро] бишиносанд. Яке аз чизҳое, ки андар ин бобат ёд кардаанд, чунин аст: бояд гавзи шоҳӣ ва ё ғайри онро бигиранд ва бар ҷароҳат биниҳанд, то соате биистад, сипас онро ба пеши мурғ биандозанд. Агар мурғ аз он безорӣ кунад, пас, газидагӣ газидагии саги девона аст ва агар мурғ онро бихӯрад ва бимирад, низ газидагӣ газидагии саги девона бошад. Ё пораи нонеро гирифта, ба рутубати аз ҷароҳат ҷоришаванда, хоҳ хун бошад ва хоҳ ғайри он, бимоланд ва ба пеши сагон биандозанд. Агар онҳо аз ин рӯй гардонанд, пас, газидагӣ газидагии саги девона бавад.
Гуфтаанд: «Яке аз нишонаҳои он чунин аст, ки агар бар [бемор] оби сард бирезанд, баъди он танаш битафсад». Ман мегӯям, ки ин нишонаи хосси [чунин газидагӣ] нест.
Фасли ҳаштум андар илоҷ

Нахустин коре, ки бояд кард, ин аст, ки ҷароҳатро часпидан нагузоранд, баръакс, онро фарохтар кунанд ва агар фарох набошад, кушода созанд ва баъд аз қабили макидан ва миҳҷама ниҳодан он корҳоеро кунанд, ки андар боби газидани [заҳрдорон] ёд карда шуданд. Камтарин муддате, ки бояд ҷароҳат аз барои эҳтиёт носабзида бимонад, чиҳил рӯз аст. Агар нахуст [моддаро] бикашӣ ва сипас сабзидан нагузорӣ, кори ниҳоят хубе хоҳӣ кард. Агар хато воқеъ шуда, ҷароҳат бисабзад, бояд онро ба ҳоли аввала бигардонӣ ва андар ин кор муболаға накунӣ. Агар андар рӯзҳои нахустин бад-ин ҳол дучор оӣ, бояд бар вай доруҳои кушояндае аз қабили говшир, гавз, сир ва марҳами зифт бо говшир ва сирко барниҳӣ. Нусхаи ин [марҳам] чунин аст: як қист сиркое, ки бояд тез бошад, як ратл зифт ва се уқия говширро гирифта, говширро андар сирко то ҳал шудан тар кунанд ва сипас ҳамаро бо ҳам биомезанд. Гоҳе сир ва пиёз, инчунин таратезаки ҷӯшонида ва ангужад хоҳ якҷоя ва хоҳ танҳо-танҳо кифоят кунанд. Чугундар низ ҳамчунин бошад ва гоҳе бо он равғани зард ҳамроҳ кунанд.
Бошад, ки ба кор фармудани доруҳои хӯрандае аз қабили фалдафиюн эҳтиёҷ биафтад ва сипас аз паси онҳо равға ни зард ба кор бибаранд.

пешина
аз 1215
навбатӣ