Қонуни тиб

Яке аз доруҳои фарохкунанда чунин аст: се бахш намак, ду бахш навшодир, ҳашт бахш қалқадис, шонздаҳ бахш унсули бирён, чаҳор бахш судоб, даҳ бахш зангор ва ду бахш тухми фаросиюнро гирифта, ҳамаро [127] бо ҳарир бибезанд ва бар [ҷароҳат] ниҳанд.
Андар оғоз ба ҳар василае, ки чи аз қабили пиёда рафтан ва чи гармоба кардан мумкин бошад, арақ оваранд. Андар рӯзҳои аввал набояд зуд истифроғҳоро ба кор бурд, балки боистӣ ба кашидани [модда] ба берун машғул шуд.
Истифроғҳо бошад, ки заҳрро барои ба умқ гузаштан ёварӣ кунанд ва монеи кашидани он ба сӯи берун бигарданд, зеро онҳо хилтҳоро ба сӯи дарун бикашанд ва ҳамроҳи онҳо низ заҳрро бикашанд. Ҳар гоҳ ба қадри тавоноият [заҳрро] кашидӣ, баъди ду-се рӯз ба истифроғи он бахше бипардоз, ки шояд ба андарун гузашта бошад. Агар ба ғалат рафта, заҳркашӣ накарда бошӣ, андар ин ҳол истифроғ бештар воҷиб ояд ва беҳтар он аст, ки қавитар бошад.
Агар пурии хунӣ бибинӣ, раг бизан, вагарна не. Ҳар гоҳ раг бизадӣ ва хусусан агар марҳалаи охири беморӣ бошад, нагузор, ки [бемор] ба хуни худ бингарад.
Аммо исҳол бошад, бояд бад-он чизе ба амал оварда шавад, ки савдоро берун орад ва ҳатто аз исҳол овардан бо харбақ, ҳабби харбақ ва монанди он чора нест. Ёраи Руфус аз барои чунин [беморон] таъсири аҷибе дорад ва яке аз чизҳое, ки аз исҳол овардан бо он чора нест, хиёри даштист.
Сифати як доруи исҳоле, ки аз барои эшон хуб аст:
ду мисқол ҳалилаи кобулӣ, якуним мисқол афитимун, ним мисқол намаки ҳиндӣ, як мисқол баспоя, як мисқол санги арманӣ, (251) якуним мисқол ғориқун ва ду мисқол харбақи сиёҳро бигиранд. Як ошомиданӣ аз ҳамаи инҳо ду мисқол ва ба шакли ҳабб бувад.
Ҳар гоҳ исҳолҳои қавӣ ба амал овардӣ, бояд ночор андар ҳар як-ду рӯз як бор, масалан, бо равғани зайтун ва оби чугундар ҳуқнаи сабуки барои мақъад беозор рехтан ва масалан, бо паниробу афитимун исҳол оварданро риоя намоӣ. Бояд ғизои [бемор] баъд аз исҳол он чизе бошад, ки аз дурроҷҳо ва мурғчӯҷаҳои фарбеҳ омода сохта бошанд.
Баъд аз ин доруҳои пешобтозонандаи латифиовар, шароби ширин ва хусусан ба изофаи ширинӣ куҳан ва инчунин тило ва ширро ба кор бибаранд. Шароб аз барои чунин [беморон] сахт судманд аст. Муҳимтарини корҳо ғизои муътадил додан ва тариоварист ва ин кори асосӣ буда, мисоли он [додани] шӯрбоҳои парандаҳои бофазилат ва ё нони сафеди андар оби сард таркарда аст. Аз обҳо чунин [беморро] обе сахт суд дорад, ки андар он чандин бор оҳанро хомӯш карда бошанд. Лекин пиёз ва сир аз ҷумлаи ғизоҳоеанд, ки барои муолаҷаи заҳрҳо созгоранд ва онҳоро бибуронанд ва аз тан биронанд. Истеъмоли инҳоро ҳамчун дору набояд фаромӯш кард.
Низ зуд бишитоб ва ба бемор тарёки форуқ ва доруи харчанг, ки хосси ӯст, бидеҳ. Гуфтаанд, ки тарёк тарёки чаҳордоруст ва он аз барои чунин [беморон] сахт судманд аст. Тарёки аз панирмояи ҳайвонӣ сохта, ки мо онро баъд ёд хоҳем кард, низ ҳамин гуна аст. Ба бемор харчанги рӯдӣ бидеҳ.
[Доруи] зерин санҷида шудааст: аз ангишти харчанги рӯдие, ки онро бар ҳезуми токи сафед ба иътидол ва ба
қадри совида шудан сӯхта бошанд ва аз ангишти ҷентиёное, ки инро ҳам айнан мисли [харчанг] ва ба андозаи он сӯхта бошанд, [миқдоре] гирифта, бо шароби холис ба бемор бидиҳанд. Як ошомидании он ба қадри чаҳор кафча аз ҳар ду ва бо ҳамон шароб бувад. Бояд ҳар ду чун сурма совида шуда бошанд.
Ин доруро низ нусхаи дигарест, ки сифаташ чунин бошад: аз ангишти харчанги рӯдие, ки онро ҳангоми андар бурҷи Асад будани офтоб сайд намуда, зинда андар деги мисин ва андар танӯр ба таври муътадил бирён карда бошанд, панҷ бахш, аз ҷентиёно панҷ бахш ва аз кундур як бахш гирифта, бисованд ва нигоҳ доранд. Як ошомидании он андар рӯзҳои аввал як кафча ва бо об бувад. Баъд аз гузаштани як чанд рӯз ба бемор ду кафчагӣ бидиҳанд.
Ҳамчунин ин миқдорро то чаҳор кафча афзоиш бидиҳанд.
Яке аз доруҳое, ки онро аз барои чунин беморон ба ғоят судбахш тавсиф кардаанд, доруи коғнаҳо бувад ва мо онро ба наздикӣ баён хоҳем кард. Доруи харчангро андар оғоз танҳо ҳангоме ба бемор бидиҳанд, ки аз падид омадани обтарсӣ хотирҷамъ бошанд. Гоҳе андар нусхаи он ҷентиёноро ними харчанги сӯхта бигиранд.
Агар [беморро] баъд аз ду-се рӯзи [газидан] дарёбӣ, миқдори доруи ду хокистар, ки ба ӯ бидиҳӣ, бояд ду чанди он миқдоре бошад, ки ба ҳоли андар оғоз дарёфтани он хоҳӣ дод. Ҳоли дигар доруҳое, ки баъд ёд хоҳем кард, низ ҳамчунин бувад. Агар баъд аз ҳафт рӯз [дарёбӣ], миқдори [доруро] якчанд бор биафзой.
Агар беморро андар ҳамин гуна рӯзҳо дарёбӣ, аз фаротари ҷароҳат теғи амиқ бизан ва сахт бимак, вале агар [беморро] баъд аз гузаштани рӯзҳое беш аз ин дарёбӣ, аз васеъ кардани ҷароҳат мурод ҳосил нашавад ва ба ифрот рафтан андар ин кор аз ғайри суди бисёре боиси ранҷи бемор бигардад. Баръакс, бикӯш, ки ҷароҳат кушода боқӣ бимонад ва агар се рӯзи аввал ва ё қариб ҳамин қадар муддат гузашта бошад, фарох сохтани он чандон бениёзӣ нахоҳад овард, зеро заҳр кайҳо паҳн гардида бошад. Бинобар ин, ба кушода мондани ҷароҳат қаноат кун ва тадбирҳои дигареро аз қабили ба бемор додани тарёкҳо ва ба кор бурдани истифроғҳо бад-он биафзой.
Чунин бинамояд, ки заҳр агар қавӣ бошад, то чаҳор рӯз ва андар муддати аз ин ҳам камтар паҳн бигардад ва бисёр вақт андар миёни як ҳафта бикушад. Агар заҳр зуд ва тезтар аз он муддате паҳн бигардад, ки мо ёд кардем, ногузир ҳеҷ чиз аз василаҳои кашанда ба доғ ниҳодан нарасад. Ҳатто агар муддати паҳншавии [заҳр] аз ин ҳам дарозтар бошад ва туро бими падид омадани обтарсӣ ба амал омада, баъд аз муддате ба доғ ниҳодани қавӣ шитобӣ, аз эҳтимол дур нест, ки ин суд бахшад. Кашидан ва гавҳари заҳрро табаҳ сохтани доғниҳӣ мисли кашидану табаҳсозии дигар [тадбирҳо] нест. Агар ягон монеае пеши ин кор бигирад, доруҳоеро аз қабили марҳами намак ва хардал ва монанди он ба кор бибар. Андар ин гуна ҳолатҳо беморро зинҳор то шифо ёфтан ва падид омадани беҳӣ ба гармоба мабар ва агар (252) гармобааш бибарӣ, ӯро хоҳӣ кушт. Гуфтаанд, ки яке аз чизҳои барои ӯ судбахш андар обзан нишастан аст, вале ба гумони ман ин андар рӯзҳои аввал бошад. Сардӣ яке аз он чизҳоест, ки бояд беморро аз онҳо эҳтиёт кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор