Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Гоҳе туро андар ин ҳангом ва баъди он ба раг задани дубора эҳтиёҷ биафтад. Пас, раг бизан ва низ нагузор, ки назари бемор ба хунаш биафтад.
Ҳар гоҳ бибинӣ, ки андаке рӯ ба беҳӣ ниҳодааст, ӯро варзиши муътадил бифармой, гармобаи муътадил ба кор бибар, бар вай оби нимгарми бисёр бирез ва бо равғани муътадил даллокию равғанмолияш бикун.
Агар ҳолаш ба обтарсӣ бикашад ва то агар худро андар оина намешинохтагӣ нашавад, аз ин низ боке накун. Гуфтаанд, ки ӯ гоҳе рӯи худро андар оина нашиносад ва гоҳе ба изофаи ин гумон кунад, ки андар оина саг аст. Ба ӯ он оби мо ёдкардаеро бидеҳ, ки андар он оҳанро бо ҳилаҳо хомӯш карда бошанд ва мо ин [ҳилаҳоро] баъд ёд хоҳем кард. Ин аҷаб илоҷи хубест! Аз барои ба ӯ ошомонидани об ҳар гуна ҳилаҳоро ба кор бибар. Агар туро ба бастан ва маҷбур сохтани ӯ эҳтиёҷ биафтад, чунин бикун. Меъдаашро бо доруҳои сардиоваранда зимод кун. Шароби ба қадри баробар бо об омехтаро чун санҷидаанд, суди шигифтоваре бахшидааст.
Гоҳе андар ин ҳангом доруе суд бахшад, ки ба сифати зерин аст: чаҳор драхмигӣ панирмояи харгӯш, гили Буҳайра, ки онро аз Искандария оваранд, самари сарви кӯҳӣ ва ҷентиёно ва ҳашт драхмигӣ донаи даҳмаст ва мурро гирифта, бо ангубин маъҷун созанд. Як ошомиданӣ аз ин ба қадри як боқиллои мисрист.
Инчунин: аз [гили] набиштаи Буҳайра ва самари сарви кӯҳӣ даҳ [драхмигӣ], аз панирмояи оҳу чаҳор, аз панирмояи харгӯш шаш, аз зарованди гирд, донаи даҳмаст, мурр, ҳамомо ва тухми судоби даштӣ се драхмигӣ гирифта, сириштани онҳоро бо шароби ширин тадбир кунанд ва сипас бо ангубин маъҷун созанд. Як ошомидании ин ба қадри як боқиллост.
[Доруи] дигар: ҳашт мисқол гили набишта, як чанди он донаи даҳмаст, шонздаҳ [мисқол] панирмояи харгӯш, сиву ду дирам панирмояи оҳу, чаҳор [дирам] бехи ҷентиёно ва чаҳор [дирам] мурро гирифта, ҳамаро бо ангубин ҷамъ созанд ва нигоҳ доранд. Як ошомидании он ба андозаи як нахӯд ва бо оби гарм бувад.
Бархе аз мардумон гуфтаанд: «Ҳар кӣ бар тани хеш дандони шикории саги девонаро овехта дорад, саги девона аз сари роҳи ӯ як сӯ шавад ва ба ӯ ҳамла наоварад ва сагони дигар низ чунин рафтор кунанд». Вале ин гуфта на аз он чизҳоест, ки бад-он бовар намуд.
Фасли нуҳум андар баёни доруҳои ошомиданӣ

Доруҳои сода аз ҳузаз, ангужад, афсинтин, гесугуна ва
гили набишта бо шароб иборатанд. Сиёҳдона андар ин
бобат таъсири аҷиб дорад ва ҳатто номи он андар забони
юнонӣ аз [калимае] иштиқоқ шудааст, ки маънои «аз барои газидагии саги девона судбахш»-ро дорад. Мурр чи
аз тариқи ошомидан ва чи зимод кардан аз барои ин ғараз
хуб аст. Гуфтаанд, ки ҳеҷ дору андар ин бора аз ҷентиёно
хуб нест ва камодариюс низ ҳамчунин бувад. [128] Бархе
аз [пизишкон] чунин ҳикоят кунад, ки агар чашмони харчангро биошоманд, аз барои ин ғараз яке аз судбахштарин
чизҳо бошад. Бархе дигар гуфтааст, ки агар панирмояи сагбачаи хурдро андар об карда, ба бемор бидиҳанд, шифо

ёбад. Яке дигар тасдиқ намудааст, ки гӯё хуни худи саги девона доруст, вале ман бад-ин кор иқдом накунам. Ҳамчунин гуфтаанд: «Ба бемор ҷигари саги девона ва хусусан он сагеро, ки ӯро газидааст, бирён карда, бидеҳ». Низ гуфтаанд: «Баъд аз рӯй додани обтарсӣ ба бемор ҷигари ёдшуда ва дили он [сагро] ва ё пӯсти кафтори лангро бирён карда бидеҳ». [Дигар] гуфтаанд: «Агар андар ин гуна ҳол ба бемор моҳудонаро бо гунди бедастар биошомонӣ ва шиёфҳои аз ин сохтаро ба зераш баргирӣ, аз инҳо бемор суд бигирад ва обтарсӣ биравад», Аз доруҳои мураккаб доруи Ҷолинус ва тарёкеро [ба кор баранд], ки ба [доруи] пеш аз ин ёдкардаи мо наздикӣ дорад ва [нусхааш] чунин аст: аз ҳар кадоми харчанги рӯдии сӯхта ва ҷентиёно ба миқдори баробар панҷ [бахшӣ], аз кундур ва пудина се [бахшӣ] ва аз гили набишта ду [бахш] бигиранд. Се дирам аз инро бо оби нимгарм бар ношито ва се [дирами] дигар шомгоҳӣ биошоманд. Ин [доруро] рӯзҳои бисёре ва пеш аз [фаро расидани] рӯзи чиҳилум ба кор бибаранд.
Нусхаи доруи коғнаҳо, ки аз барои ин гуна [беморон] судманд аст: як бахш аз коғнаҳои фарбеҳи бузурги пойҳо, сар ва парҳо барканда, як бахш аз наски сафедкарда ва шашяки як бахшӣ аз заъфарон, сунбул, мехак, мурч ва дорчиниро гирифта, ҳамаро [умуман] ва коғнаҳоро хусусан нарм бисованд ва бо об сиришта, қурсҳои ҳар кадом ду донгӣ бисозанд. Ҳар рӯз як қурс аз он бо оби нимгарм ба бемор бидиҳанд.
Агар андар обгаҳ печише ҳис карда шавад, ҷӯшонидаи наски сафедкарда ва равғани бодом, ё маска ва ё равғани зард биошоманд. (253) Ҳар рӯз баъд аз ошомидани он дору беморро ба гармоба бибаранд ва андар обзан ба қадре бинишонанд, ки пешоб кунад. Ӯ ғизоҳои тариоварандае аз қабили сапедбои бо мурғчӯҷаҳои фарбеҳ сохта бихӯрад, набиз биошомад ва аз сардӣ эҳтиёт кунад.
Нусхаи мухтасари доруи коғнаҳо: коғнаҳоро бар наҳве, ки мо тавсиф кардем, бигиранд ва як шабу як рӯз андар дӯғ тар кунанд. Сипас он дӯғро бирезанд ва ба ҷои он дӯғи дигар бигиранд ва [коғнаҳоро] андар он як шабу як рӯз бигузоранд. Ин корро се бор такрор кунанд, сипас онҳоро андар соя бихушконанд ва бо як чанди худ аз наски сафедкарда бисованд ва қурс созанд. Як ошомиданӣ аз ин ду донг ва бо шароб ва ё оби нимгарм бувад. Бемор ҳар гоҳ онро биошомад, бояд ба ҳар тариқае аз қабили роҳ рафтан ва ё андар ҷома печидан, ки ӯро мумкин бошад, ба арақоварӣ бипардозад. Агар аз доруи ошомида ӯро тоса падид ояд, аз болои он як сукарраҷа равғани зард ва ё равғани зайтун бидиҳанд, биошомад. Сипас гармоба ба кор бибарад ва андар он пешоб кунад. Агар хун пешоб кунад, аз обтарсӣ эмин шуда бошад.
Фасли даҳум андар баёни зимодҳо ва дигар василаҳои монанди онҳо, ки аз барои кашидани [заҳр] ва васеъ сохтани ҷароҳат ба кор бибаранд

Ангужад зимоди хубест. Гуфтаанд, ки агар аз он бо ҷигари саги девона зимод бикунанд, судбахш ва хуб хоҳад буд ва бад-ин як гурӯҳ [пизишкон] гувоҳӣ додаанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ