Қонуни тиб

Сир ҳам зимод ва ҳам ошомиданист. Гӯшти моҳии шӯр ба ғоят хуб аст.
Яке аз василаҳои заҳрро ба таври қавӣ кашанда чунин аст, ки бар маҳалли газидагӣ пешоби куҳани инсонро хусусан бо натрун биниҳанд. Хокистари ток танҳо ва ё бо сирко, инчунин пудинаи бӯстонӣ бо намак ва говшир сахт аҷибанд. Барги хиёрзаи бӯстонӣ аз барои ин кор сахт судманд аст ва бехи бодиён низ ҳамчунин бувад. Гуфтаанд, ки агар бар маҳалли [газидагӣ] сирешуми моҳиро якчанд бор тило кунанд, суди аҷибе бибахшад ва зимод намудани мӯрчаи кӯфта ва инчунин [зимоди зерин] ҳамин гуна буванд: аз ҳар кадоми зангор ва намак чаҳор дирамӣ ва аз пиҳи гӯсола дувоздаҳ [дирам] гирифта, аз онҳо марҳам бисозанд. Низ: се [бахш] печак, ду [бахш] бура, як [бахш] кафки дарё, чаҳор [бахш] намак, даҳ бахшу ду сеяк пиҳи ғоз ва ба қадри ҳоҷат равғани ҳино бигиранд.
Фасли ёздаҳум андар ҳилаҳо кардан аз барои ба бемор об додан
Масалан, Филағриюс гуфтааст: «Агар бемор аз об битарсад, ман ӯро чун бо зарфи аз пӯсти кафтор сохта об диҳам, биошомад», Вале каси дигар гуфтааст: «Ё бо зарфе, ки хусусан аз чӯб бошад, бо пӯсти кафтор ва ё пӯсти саги девона ҷилд кунанд». Бархе дигар гӯяд: «Ё ба зери зарф ва ё бар сари он порае аз пораҳои вузӯсозиро биниҳанд». Вале дигарон гуфтаанд, ки ягон чизе аз инҳо суд надорад.
Яке аз [пизишкон] чунин чора андешидааст, ки лӯлаи дарози [офтобаеро] ва ё найчаҳои махсуси аз тилло сохтаро андар гулӯи бемор хуб андарун дароварда, обро бо ягон чиз пӯшида аз тариқи онҳо мерехтааст.
Яке аз чораи об додани [бемор] чунин аст: аз бастаи ангубин ва ё аз мум чизҳои дарунтиҳӣ бисозанд ва андар онҳо об гирифта, ба бемор бифармоянд, ки онҳоро фурӯ барад.
Фасли дувоздаҳум андар баёни газидагии паланг, юз ва шер ва ҷароҳати панҷаи онҳо
Ин даррандаҳо ва он чи ки бад-онҳо монад, мисли сагони солим ва одамон нестанд, балки дандонҳо ва панҷаҳои онҳо аз табиати заҳрӣ холӣ нест. Бинобар ин бояд [захми онҳо] нахуст бо кашидан ва сипас бо сабзондан муолаҷа карда шавад. Аз барои заҳр кашидан тадбири андаке кифоят бошад.
Фасли сездаҳум андар баёни газидагии тимсоҳ
Ҳар киро тимсоҳ газида бошад, бояд тадбиреро ба кор бурд, ки андар боби газидагии саги ғайри девона ёд шуд ва ба изофаи он заҳреро бикашанд, ки ҳарчанд тимсоҳ солим бошад ҳам, газидагии ӯ аз ин гуна заҳр холӣ нест.
Ин корро бо ёрии, масалан, натрун ва ангубин кунанд. Ҳар гоҳ ба ҳадс бидонанд, ки ҷароҳат пок шудааст, онро бо равғани зард, пиҳи гавазн, пиҳи ғоз ва ангубин пур кунанд ва ба сабзонидан бипардозанд. Пиҳи тимсоҳ аз барои газидагии ӯ яке аз судмандтарини чизҳост. Яке аз
[пизишкон] гуфтааст: «Ҳатто агар як бахши тани ягон касро тимсоҳ хӯрда бошад, ин гуна ҷароҳат бо ёрии пиҳи тимсоҳ шифо ёбад».
Фасли чаҳордаҳум андар баёни газидагии маймун
Ҳар киро маймун газида бошад, бо ӯ низ он кореро бояд кард, ки агар газидагӣ заҳролуд бошад, он заҳр кашида шавад ва инро бо ёрии масалан зимод ниҳодан бо хокистар, сирко, пиёз, ангубин ва бодоми талх, ё бо анҷир ва хусусан анҷири норасид, ё бо мурдосанг ва намак ва ё бо бехи бодиён ва ангубин ба амал оваранд. Омоси онро бо мурдосанги андар об гудохта таскин диҳанд (254) ва онро бо сиёҳдона ва ангубин ва ё бо говдона ва ангубин бикушоянд.
Фасли понздаҳум андар баёни газидагии гурба
Гоҳе аз газидани гурба дарди сахт ва кабудие андар ҷисм падид ояд. Илоҷаш илоҷҳои ҳамагонист ва аз зимоди пиёз, зимоди пудинаи даштӣ ва инчунин хӯрдани онҳо ва аз зимод кардани сиёҳдона ва ё кунҷид бо об суд бигиранд.
Фасли шонздаҳум андар баёни газидагии росу
Гуфтаанд, ки аз газидагии он зуд дард паҳн бигардад ва ранги [маҳалли газидагӣ] ба тирагӣ бигарояд. Илоҷи ин ба муолаҷа намудан бо зимоди пиёз ва сир, ки ёд карда шуд, наздик аст. Инчунин ин дуро бихӯранд ва аз болояш шароби холис биошоманд. Аз барои ин [газидагӣ] анҷири хом бо орди говдона суд дорад. Андар Китоби тарёк овардаанд, ки зимод кардани росуи пӯстканда бар газидагии худ ва бар газидагии саги девона судманду хуб буда, ҳолан беҳ кунад.
Фасли ҳафтдаҳум андар баёни газидагии муғолӣ, яъне ғало245
Бархе аз [пизишкон] гуфтааст: «Ин ҷонварест, ки ба боло кӯтоҳтар аз росуст, рангаш ба хокистарӣ бизанад ва ба изофаи он латифу борик буда, даҳони ба ғоят дароз ва ба ғоят фарох дорад». Ӯ гӯяд: «Агар ин ягон ҷонвареро бибинад, чап парида, ба хояи он даровезад». Яке дигар гуфтааст: «Вай ба сурат ва ранги муш аст, лекин рӯяш борик ва чашмонаш хурд буда, дандонҳояш андар рӯи ҳам се табақа доранд ва каме ба барсӯ гардонида шудаанд».
Гуфтаанд, ки аз газидани он ба ҳасби дандонҳояш андар тан дардҳои сахт ва сих задан ориз бигарданд, ҷо-ҷо сурхӣ падид ояд ва андар гирди газидагӣ обилаҳои пуррутубату хуние ба амал оянд, ки бар пойгоҳи тирагун қарор дошта бошанд ва маҳалҳои гирдогирди онҳо низ тира буванд.
Агар инҳоро бишикофанд, аз зерашон гӯшти сафеде ба ранги асаб ва дорои пардаҳо падид ояд. Гоҳе андар ин ҷой як андоза сӯхтагӣ ва гоҳе хӯрда шудану рехтани [гӯшт] зоҳир бигардад. Гуфтаанд, ки баръакс, андар оғоз рими зардобӣ битаровад ва сипас гӯшт бигандад, хӯрда шавад ва бирезад.
Гоҳе ҳол ба ҷое бирасад, ки дарди сахти рӯдаҳо бихезад, пешоб ба сахтӣ ояд ва арақи сарди табаҳ битаровад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор