Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фасли ҳаждаҳум
андар илоҷ

Гуфтаанд, ки бояд бар маҳалли [газидагӣ] борзадро танҳо ва ё бо сирко биниҳанд, бо оби шӯри гарм тило кунанд ва ҳамаи намудҳои муолаҷаҳои ҳамагонии таъиншударо ба кор бибаранд. Ё бар он ҷой орди ҷавро бо сикангубин биниҳанд ва ё худи он ҳайвонро шикофта, бар маҳалли [газидагӣ] бибанданд. Бояд бар гирдогирди газидагӣ ва бар болои он оқирқарҳо, ё панирак, ё сири кӯфта ва ё хардал бипошанд ва ҳамаи инҳоро ҳангоме ба кор бибаранд, ки агар омос набошад. Аммо ба ҳангоми омос пӯсти анори ширинро ба шакли ҷӯшонида бар вай зимод кунанд.
[129] Он чи ки ба бемор биошомонанд, аз дерманаи

армании бо шароб ҷӯшонида, ё таратезак, ё наммом, ё гавзи сарв бо шароб, ё оқирқарҳо, ё тухми таратезак ва хасакдона иборат аст. Аз ҷумлаи [ошомиданиҳои] қавӣ бахури Марям бо сикангубин, ё говшир ва ё бехи ҷентиёно ба шумор биравад. Панирмояи бузғола ва панирмояи барра сахт хубанд. Чунин [беморро] шир бо сикангубин ба ғоят судманд аст.
Яке аз донишмандон гуфтааст: «Судмандтарин чиз аз барои ӯ афшураи барги тари даҳмаст бо шароб, ё ҷӯшонидаи таратезак, ё ҷӯшонидаи қайсум ва ё ҷӯшонидаи печак бо шароб мебошад. Майъаро агар бо шароб ба бемор бидиҳанд, низ хуб аст. Агар чизҳои ёдшударо, чунонки ҳастанд, бихӯранд, ҳамчунин [судбахш] бошанд.
Ҳар гоҳ гӯшти табаҳ бирезад, решро бо дармонҳои худаш муолаҷа кунанд».

Мақолаи панҷум
АНДАР НЕШ ЗАДАНУ ГАЗИДАНИ ҲАШАРОТ

Андар ин мақола мо газидани каждумҳо, ғундаҳо, занбӯрҳо, сусморҳо ва он чизҳоеро ёд кунем, ки ба равиши инҳоянд. Акнун мо аз хушкигардҳои онҳо оғоз намоем.
(255) Фасли нахустин андар баёни намудҳои гуногуни каждуми баррӣ

Гурӯҳе гуфтаанд, ки аз ҳар ду ҷинси каждум модинаи он аз ҳама бузургтар аст, зеро наринаи он борику хароб ва модинааш фарбеҳу бузург буванд, вале неши модина бориктар ва азони наринааш ситабртар аст. Ба гуфтаи бархе аз [пизишкон] чунин иттифоқ биафтад, ки баъзе аз каждумон ду неш дошта, ба ҳангоми газидан ду сӯрох аз худ боқӣ бимонанд. Маҳалли газидагӣ сард бигардад, вале тамоми тан битафсад ва гоҳе арақи сард ояд.
Аммо каждуми болдор бошад, бузург аст ва бисёр бошад, ки чун парвоз кунад, бод онро бар замин фуруд омадан нагузорад ва онро аз як кишвар ба кишвари дигар бибарад.
Шумораи муҳраҳои думи каждумҳо ҳар гуна бувад.
Бархе аз каждумон шаш муҳра доранд ва ҳамлаи онҳо андар замони баромадани ситораи Шиъро шиддат ёфта, ҳар киро бигазанд, бимирад. Бархе аз онҳоро [муҳраҳои дум] камтар буванд. Гурӯҳе гуфтаанд, ки каждумҳо нуҳ ранганд: сафед; зард; сурх; хокистарӣ; тирагун; сабз; бархе аз онҳо заргун ва шохҳову сари думаш сиёҳ бошад; бархе аз онҳо майгун буда, аз неш задани он [халидане чун] халидани сӯзан ва дарди ранҷоваре дарёфта шавад; ва бархе аз онҳо дудгун буда, аз газидани он хандаи қаҳқаҳа ва ошуфтаақлӣ ориз бигардад.
Фасли дуввум андар он оризаҳое, ки аз газидани онҳо рӯй диҳанд

Аз газидани [каждумҳо] худи ҳамон соат омоси сахти
сурх ва дарди азҳамкашанда падид ояд. [Маҳалли гази

дагӣ] боре битафсад ва боре сард шавад ва бемор чунин ҳис кунад, ки гӯӣ танашро бо гулӯлаҳои барф мезада бошанд. Ногаҳон дардҳо ва сихзание чун сихзании сӯзан ориз бигарданд ва баъди он арақ ояд, лабҳо ба паридану сард гаштан оғоз кунанд, чизе қай карда шавад, ки часпак буда, бар лабҳо баста бигардад, фарошо рӯй диҳад, мӯйҳо сих шаванд, бар тан ларза биафтад, андомҳои атрофӣ ва хусусан аз бари газидагӣ буда сард шаванд, тамоми тан суст бигардад, ҳар ду буни рон барҷаста бигарданд, закар таранг шавад ва шикам бидамад. Гоҳе каси каждумгазида хусусан агар неш задан андар бахши фурӯсӯвини тан афтида бошад, бод раҳо кунад. Хусусан агар неш задан ба барсӯ бошад, омоси зери бағал ва оруғи бисёр ориз бигарданд ва ранги рӯй дигаргун шавад.
Агар каждум бисёр бад бошад, оризаҳо низ ниҳоят бад буда, ҳолатҳои ёдшуда ба ифрот бирасанд, газидагӣ аз ҷиҳати сӯзиш мисли доғ дарёфта шавад, тамоми тан аз сардӣ биларзад, бар рӯи лабҳо рутубати часпак давида, баста гардад, аз чашмон низ ҳамин гуна рутубат таровида, сипас андар гӯшаҳои он ҳамчун хилдак афсурда бигардад, намуди зоҳирӣ ба шиддат дигаргун бигардад, мақъад берун ояд, закар биомосад, забон ситабр бигардад, дандонҳо ба ҳам бизананд ва андомҳои гулӯиро ташаннуҷ фаро бигирад. Бошад, ки дандонҳо бар ҳам часпида, боз нашаванд ва ин далели бад бувад.
Ҷолинус гӯяд: «Агар неши каждум бар шараён биафтад, беҳушӣ, ё агар бар асаб биафтад, ташаннуҷ ва ё агар бар рагҳои варидӣ биафтад, уфунат ба амал хоҳад овард».
Фасли севвум андар илоҷ

Инро аз рӯи қонунҳои ҳамагонӣ ва бо гармибандӣ кардан, масалан, бо намак, говарс ва монанди он муолаҷа кунанд. Нахустин коре, ки бояд кард, [заҳрро] бо риоя намудани шартҳо ва дигар тадбирҳои барои кашидан ёдшуда бимаканд ва бар [маҳалли газидагӣ] доруҳои тези латиф ва зуд тафсонандаеро аз қабили ангужад, сир ва оқирқарҳо биниҳанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ