Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Аммо сирко бошад, аз барои он яке аз беҳтарин доруҳост ва мағзи рата, яъне фундуқи ҳиндӣ ва ҳама гуна фундуқ низ ҳамин гуна бувад. Гиёҳе [низ хуб] аст, ки баргаш чун барги марзангӯш бар замин хобида ва гирд аст, қутри он як ваҷаб ояд ва таъми он часпак ва мазае чун мазаи кунори тундро дорад. Онро чун бо об биошоманд, дардро зуд таскин диҳад. Инчунин номҳои гиёҳҳо ва дарахтҳоеро ёд кардаанд, ки моро маълум нестанд. Низ, як дарахтест, ки қадаш аз замин ба қадри як ангушт баланд шуда, сипас аз вай шохаҳои росте бирӯянд, ки як газ дарозӣ доранд.246 Бар онҳо чизе шабеҳи хурмои норасид ва ба таъми он падид ояд, ки аз ошомидани он дард худи ҳамон замон таскин ёбад. Луъбати барбарӣ андар ин бобат ба ғоят хуб аст ва пиёзи унсулро агар бихӯранд, таъсири шигифтоваре бахшад. Аз барои он тарёки форуқ, масрудитус, тарёки Узра, тарёки чаҳордору ва саҷазаниё247 судманданд. Доруи ангужад аз ин ҷиҳат доруи хуб аст ва ҳазоргашону испанд аз ҷумлаи он чизҳоест, ки андар ин замон санҷидашудаанд. Коҷираи даштиро, чунонки Ҷолинус гувоҳӣ додааст, агар андар даҳон бигиранд, дардро фурӯ нишонад (256) ва ин яке аз намудҳои кангари хорнок аст.
Гурӯҳе гуфтаанд, ки агар ба бемор ба қадри як донаи кунҷид беш бидиҳанд, дардро фурӯ нишонда, бартараф кунад ва ӯро накушад, зеро миқдори кушандаи он то ним дирам аст.
Яке аз доруҳои аз барои ин [ғараз] хуб сир бо шароб аст ва шаробро баъди гузаштани муддате аз [хӯрдани] сир биошоманд. Хусусан агар як чанди он гавзмағз бошад, [боз хубтар хоҳад буд] ва аз ҳар ду қариб як уқия бихӯранд. Бояд баъд аз хӯрдани сир ва шароб беморро андар ягон ҷои бисёр гарм бо ҷома бипечанд. Агар ба ҳила беморро бар бухори оби гарм бидоранд, судманд бувад ва мурод аз ин арақ овардан ва мурод аз арақ овардан ба сӯи берун ҳаракат додани моддаҳост. Андар гармоба арақ овардан аз барои чунин беморон сахт судманд аст ва чун аз гармоба берун оянд, бояд шароби холис биошоманд.
Як тарёки хуб аз барои эшон: зарованди дароз, ҷентиёно, донаи даҳмаст, пӯсти бехи кабар, бехи ҳанзал, афсинтини набатӣ, зардчӯба ва ҳазоргашонро гирифта, бо ангубин ба ҳам ҷамъ созанд.
[Як тарёки] дигари хуб: аз ҳар кадоми тухми судоби даштӣ, зираи ҳабашӣ, тухми девсипист ва мурр якуксубофунӣ,248 аз сирко ба қадри маъҷун сохтан ва аз самғ ба қадри часпак гардидани сирко бигиранд ва ҳамаи доруҳоро бо ҳам ҷамъ созанд. Як ошомиданӣ аз ин як драхмӣ буда, беш аз ин нагиранд, зеро андар он хатар аст. Баръакс, агар ба миқдори бештаре эҳтиёҷ биафтад, баъд аз ним соат ним драхмии дигар бидиҳанд.
Як тарёки дигаре, ки аз барои чунин беморон хуб аст: як бахшӣ сир ва гавзмағз ва ним бахшӣ барги судоби хушк, ангужад ва мурро гирифта, бо анҷире маъҷун созанд, ки то нарм шудану мисли ангубин гаштан тар карда бошанд. Як ошомиданӣ аз ин се дирам ва бо шароб бувад.
Як тарёки хубе аз барои эшон: аз гунди бедастар, мурчи сафед, мурр ва афюн бахшҳои баробар гирифта, қурс

бисозанд. Як ошомидании ин се убулус ва бо чаҳор уқия шароб бошад. Ин аз барои газидагии ғунда низ суд дорад.
Инчунин: говшир, борзад, гунди бедастар ва мурчи сафедро ба андозаи баробар бо майъа ва ангубин маъҷун созанд.
Доруи аскарӣ, ки сифаташ чунин аст: аз бехи ҳанзал,бехи кабар, афсинтин, зарованди гирд, зарованди дароз ва талхчакук бахшҳои баробар бигиранд. Як ошомидании он барои кӯдак ду донг ва барои бузургон як дирам бувад. Ин ба ғоят аҷиб ва беҳамтост.
Фасли чаҳорум андар доруҳои ошомидании дигар

Бархе аз ошомиданиҳои хуб инҳост: ангужад; низ ҳазоргашон; инчунин як дирам қардамоно бо шароб; мушки замин; мӯрддона; райҳони кӯҳӣ ва тухми он; тухми турушаи даштӣ; талхчакук; коснӣ; сакбина чи ба тариқи ошомидан ва чи тило кардан; пудинаи даштӣ; ва харчанги рӯдӣ, ки онро бо шири хар биошоманд. Арабҳо ба каси каждумгазида ду дирам бехи ҳанзали совида бидиҳанд ва он ба таври хеле маълум суд бахшад.
Гурӯҳе намак, яъне намаки хамирро чунин санҷидаанд, ки агар аз он ба қадри як қамҳа фурӯ бурда шавад, кифоят кунад.
Гурӯҳе аз [мардумон] чунин тасдиқ кунанд, ки агар ушнони сабзро баъд аз кӯфтану бехтан бо равғани гов маъҷун созанд ва аз он тақрибан ду мисқол гирифта, ба кор баранд, суди азим бахшад. Ҳар кӣ [130] турб ва ё райҳони кӯҳӣ хӯрда бошад, аз каждум ҳеҷ зиёне набинад. Агар малахеро, ки бебол ва бузургҷусса буда, «харкук» ном дорад, хушк кунанд ва бо шароб биошоманд, судманд бувад. Мардумони бовариноке гуфтаанд, ки агар ба миқдори баробар афюн ва тухми бангро бо ангубин маъҷун сохта, ба каси каждумгазида бидиҳанд, ӯро суд бахшад. Бархе аз [пизишкон] гуфтааст, ки мидоди ҳиндӣ ба тариқи тило низ суд бахшад. Ғориқун ба таври аҷиб суд дорад. Самари нармода ва шукуфаи он, хусусан донаи даҳмаст, тухми девсипист, барги турб ва комаи динорӯя низ ҳамчунин буванд.
Инчунин, аз зарованд, сиёҳдона, бехи говшир ва донаи испанд бахшҳои баробар бигиранд. Як ошомидании ин ду драхмӣ ва бо шароб бошад.
Низ, аз оқирқарҳо ва зарованд як бахшӣ, аз мурч ним бахш ва аз бехи ангудон чаҳоряки як бахш бигиранд.
Як ошомидании он ба андозаи як боқилло бувад.
Инчунин, аз зарованди дароз ва оқирқарҳо ба қадри баробар гирифта, бо ангубин маъҷун созанд ва як ошомиданӣ ду дирам ва бо шароб бувад.
Низ, аз мурр, говшир ва афюн як бахшӣ ва аз ҳазоргашон чаҳор бахш гирифта, аз онҳо қурсҳо бисозанд.
Инчунин, аз ҳар яки пӯсти бехи зарованди дароз ва оқирқарҳо як бахшӣ гирифта, ба қадри лозимӣ ба бемор бидиҳанд.
Гурӯҳе гуфтаанд: «Шаш [дирам] дурди шароб, ҳашт [дирам] гӯгирди зард, (257) се [дирам] тухми судоб ва ду дирамӣ аз гунди бедастар ва тухми таратезак гирифта, ҳамаро бо хуни сангпушти дарёӣ ҷамъ созанд. Як ошомиданӣ аз он як дирам ва бо панҷ уқия шароб бувад».

пешина
аз 1215
навбатӣ