Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фасли панҷум
андар баёни зимодҳо ва тилоҳо

Худи каждум аз барои газидагии каждум зимоди хубест. Думи он ва инчунин растание низ ҳамин гуна буванд, ки онро ба сабаби мушобаҳат «думи каждум» номанд, вале ба тасдиқи яке аз яҳудиён ин растаниро агар ба ҳоли тандурустӣ зимод кунанд, он ҷойро карахт намуда, хунро андар он ҷой бикушад.
Ба иҷмоъи [пизишкон] агар мушро ду пора карда, ба маҳалли газидагии каждум бибанданд, суд бахшад ва ғук низ ҳамчунин бувад. Мо мидоди ҳиндиро ба тариқи тило санҷидаем. Он суд бахшида, дардро таскин бидиҳад.
Шири анҷири хом ва гунди бедастар низ ҳамчунин буванд. Чунонки гуфтаанд, балозур андар ин бора таъсири аҷиб дорад ва дардро таскин диҳад. Ишхори ушнон бо сирко, гӯгирди зинда бо ротиёнаҷ, ё сақизи хинҷак, гӯшти моҳии шӯр ва сари пухта [ҳама] хубанд. Равғани зардро гарм карда, биниҳанд. Инчунин, тухми катон ва тухми хитмӣ ва ё ҳар ду бо намак [хубанд]. Низ, орди ҷав бо афшураи судоб ва ё ҷӯшонидаи он, инчунин сабӯси гандуми бо саргини кабӯтар ҷӯшонида ҳамчунин буванд.
Райҳони кӯҳӣ яке аз тилоҳои хуб буда, дардро зуд таскин диҳад. Бехи ҳанзал, талхчакук ва коснӣ низ ҳамин гунаанд. Ҳамомо бо райҳони кӯҳӣ ва марзангӯши хушк ҳам тилои хубанд. Инчунин, намаки пешоб яке аз доруҳоест, ки ҳеҷ чиз мисли он судманд нест.
Яке аз василаҳои аз барои ин [ғараз] судбахш он аст, ки маҳалли газидагиро бар бухори сиркои аз санги тофта бархезанда бидоранд. Аз ҷумлаи пухтаковҳои ин [газидагӣ] ҷӯшонидаи сабӯс, ҷӯшонидаи газна, ҷӯшонидаи бобуна, ки аҷиб аст, оби гармкардаи дарё ва афшураи девсипист ба шумор бираванд. Ҷӯшонидаи девсипист таъсири аҷиб дорад ва нафти сафеди гармкарда низ аҷиб аст.
Агар равғани зайтунеро, ки андар он карбосаро ҷӯшонида бошанд, гармогарм бар маҳалли газидагӣ бирезанд, ба таври шигифтовар суд бахшад.
Фасли шашум андар баёни ҷаррора

Инҳо каждумҳои ангудониҷусса ва дум бар замин кашанда буда, заҳрашон тез аст. Ҷаррора ба Хузистон, хусусан андар Аскари Мукаррам249 ва андар ангудонзорҳо бисёр бошад. Ҳар гоҳ бигазад, онро зуд ҳис накунанд, балки рӯзи дигар ва ё фардои он ҳис кунанд. Сипас тоса падид ояд, ранг бигардад, гоҳе ярақон, омосидани забон ва реш шудани маҳалли газидагӣ рӯй диҳанд ва пешоби хунӣ ояд. Бошад, ки табиат баста бигардад ва бошад, ки саранҷоми кор беморро ба ҳалокат бикашонад ва хафақону беҳушӣ оғоз ёбанд. Ба сабаби сабукии дард набояд газидагии инро саҳл шуморид, зеро ин бадзаҳр аст.
Фасли ҳафтум андар баёни илоҷи он

Баъд аз муолаҷаи ҳамагонӣ беҳтарини дармонҳо доғ
ниҳодан бар маҳалли [газидагӣ] бувад. Доруҳои ошомиданӣ оби коҳуи талх, оби талхчакук, оби ҷав ва хусусан агар афрӯхтагӣ шиддат ёфта бошад, ҳамаи доруҳои
фурӯнишонандаи гармӣ ба шумор бираванд. Беҳтарин

дармонҳои санҷидашудаи ин писти себ бо оби сард аст.
Гурӯҳе гуфтаанд, ки агар бехи гесугунаро бо об биошоманд, суд бахшад. Росан, чунонки гуфтаанд, аз барои ин ғараз доруи хуб аст. Тарёки аскарӣ низ хуб буда, нусхаи он чунин аст: аз пӯсти кабар, ҷентиёно, афсинтини румӣ ва зарованди гирд як бахшӣ ва [миқдоре аз] талхчакуки хушк гирифта, ҳамаро якҷоя бисованд. Як ошомидании он ду дирамсанг бувад.
Як тарёки дигар аз барои чунин беморон: аз талхчакуки хушк, барги себи туруш ва кашниз бахшҳои баробар гирифта, аз инҳо се каф бихӯранд.
Агар аз ин [газидагӣ] афрӯхтагии сахт падид ояд, онро бо обҳои меваҳо ва афшураҳои онҳо, ки сард гардонида бошанд, таскин бидиҳанд. Агар хафақон ориз бигардад, шароби себи шомӣ, писти себ ва дӯғи туруш бо қурсҳои кофур ва агар тоса шиддат ёбад, обҳои меваҳо бо равғани сардгардонидаи гул судманд буванд. Агар табиат баста шавад, ҳуқна бирезанд. Агар хун пешоб карда шавад, раг бизананд ва дармонҳои пешоби хунӣ ба кор бибаранд.
Агар забон омос кунад, раги зери онро бизананд ва бо оби коснӣ ва сикангубин ғарғара кунанд. Агар андар маҳалли газидагӣ хӯра падид ояд, онро бо доруҳои тез дармон кунанд, гирдогирди онро гили арманӣ ва сирко андуда, чун муолаҷаи решҳои палид муолаҷа кунанд. (258) Фасли ҳаштум андар баёни намудҳои тортанак, ҳазорпой ва ғунда

Оид ба ғундаҳо касони андар ин гуна чизҳо мушоҳадакору ботаҷриба гуфтаанд, ки онҳо шаш намуд доранд, вале ба ҳангоми тавсифи ҳар яки ин намудҳо суханҳои мухолифи якдигар гуфтаанд. Яке аз пизишкони боэътимод гуфтааст, ки намуди якуми [ғундаҳо], ки онро «роғиюн»250 номанд, гирдашакли ангургун аст. Эшон «ангургун» гуфта, он рангеро бихоҳанд, ки ба сиёҳӣ бизанад.
Намуди дуввум, ки онро «луқус» номанд, ҷисман паҳнтар аз аввала ва гирдашакл аст. Андар бахшҳои гарданаш муҳраҳои намоён ва андар даҳон се ҷисми беруномадаи барҷаста ва ковоку ҳамвор дорад. Намуди севвум «мурмиқиюн»251 ном дорад ва он ҳаҷман ба қадри мӯрчаи бузургест, ки онро «уҷруф» хонанд. Рангаш ба хокистарӣ бизанад ва рӯи тан ва хусусан наздикии пушташро ҷисмҳои барҷастаи хурди сурхе пӯшидаанд. Намуди чаҳорум «силқируфуқлун»252 аст. Ҳамаи тан ва сари ин сахт буда, мисли мӯрчаи бузург ду бол дорад. Намуди панҷум «сиқлиқун» бувад, ки ҷисми он дарози борик аст ва бар тан, хусусан ба наздики сар ва гардани хеш нуқтаҳо дорад. Намуди шашум «қобулқитис»253 аст. Ҷисми ин дароз ва рангаш сабз буда, андар зери гардан чизе шабеҳи неш дорад.
Ин пизишк барои газидагии ҳамаи намудҳои ғунда аразҳои якхеларо нисбат додааст, вале каси дигар аразҳои хоссеро низ афзудааст. Як нафар аз ғайри ин шахс гуфтааст: «Ба таҳқиқ ғунда хазандаи шабеҳи тортанакест, ки онро «юз» номанд ва он магасҳоро шикор кунад».
Намудҳои ғунда бисёр аст ва ба гуфтаи Ҷолинус онҳо аз дувоздаҳ намуд иборатанд ва аз ҳама бад намуди мисрист. Аз ин ҷумла: яке мисли тортанак сурх ва гирд аст; яке сиёҳи дудиранг буда, низ шабеҳи тортанак аст; яке рахш аст; яке сафеди шикамаш гирд ва даҳонаш хурди ситорашакл буда, пушташ тези дорои рахҳои тобишнок аст; яке зарди хокист; яке ангурӣ буда, бо ҳамин ном махсус аст, даҳонаш андар миёни сараш ва пойҳояш кӯтоҳи моил ба пас буда, ҳар гоҳ газидан бихоҳад, бар пой бихезад ва ҳар гоҳ заҳр афкандан бихоҳад, рутубати андаке биандозад.

пешина
аз 1215
навбатӣ