Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ин намуд латифтар аз ғундаи ангурии аввалист; яке ғундаи мӯрчаии шабеҳ ба мӯрча буда, гарданаш сурх, сараш сиёҳ ва пушташ сафеди дорои холҳои гуногунранг аст; яке коғнаӣ аст; ва яке ғундаи занбӯрии сурх буда, занбӯрро монад. Сипас [Ҷолинус] барои ҳар як аз инҳо аразҳоеро ёд кардааст.
Як [намуди дигар] аз инҳо [131] ғундаи говдонаӣ аст ва ба сабаби хурдияш онро чунин ном ниҳодаанд. Он мисли говдона гирд буда, даҳонаш хурд, шикамаш малларанг, пойҳояш сафед ва сермӯяк аст. Аммо ғундаи мисрӣ, ки нахуст ёд шуд, палид буда, дорои шиками бузург ва сари бузург аст ва ба магасе монанд бувад, ки андар гирди чароғ бигардад.
Фасли нуҳум ба таври ҳамагонӣ ва ба таври муфассал андар баёни аразҳое, ки каси ғундагазидаро рӯй диҳанд

Ҷолинус гӯяд: «Захми ғунда мисли захми каждум сахт дарун наравад ва бад-ин сабаб ба раг нарасад ва андар бештари ҳол кабудӣ наоварад».
Касе, ки намудҳои ғундаро шаш гуфта, онҳоро ба номҳои андар аввал оварда номидааст, чунин гӯяд: «Ҳамаи онҳо андар омосонидани маҳалли захм ба ҳам анбозӣ доранд. Маҳалли захм гоҳ-гоҳе сурх ва андар бештари ҳолатҳо тираи кабуд бигардад ва якҷоя бо маҳаллҳои гирди хеш бихорад. Бошад, ки хориш то ба соқ бирасад».
Дигарон афзуда гуфтаанд, ки андар он ҷой на барҷастагии чандон зиёде ва на афрӯхтагӣ падид наоянд. Шахси аввалӣ гуфтааст, ки андомҳои серасаб ва устухонҳо, яъне, масалан, зону, паҳна, пушт ва шонаҳоро сардии доимӣ ориз бигардад ва бошад, ки тан ба тамом сард шуда, бемор битакад ва биларзад. Ӯ гӯяд: «Андар ин ҳол дарди сахти безоркунанда, бехобӣ ва зардии ранги рӯй ба амал оянд, чашмон беш аз ҳар вақт намнок бинамоянд ва ашк қатра-қатра бичакад, андар фурӯсӯи шикам ва хусусан ба маҳалли наздики зиҳор ҳоле чун тиҳигӣ ва хало ҳис карда шавад ва табиат ҳам аз барсӯ ва ҳам аз фурӯсӯ ба рондани моддаи обакие оғоз кунад ва бошад, ки андар он модда чизҳое мисли бофтаи тортанак бинамоянд.
Андар буни ронҳо ва хояҳо дамиш ва андар бандгоҳҳо дарҳамкашидагие чун ташаннуҷ падид ояд, ки аз он бандгоҳҳо қариб рост нашаванд. (259) Дарди дил ва маниши гаштан рӯй диҳад ва аз тан арақи сард битаровад. Бошад, ки сар чун сари худовандони сарсом дард кунад».
Дигарон афзуда гуфтаанд, ки рӯйро зардӣ, танро гаронӣ ва пешобро сӯзиш ба амал ояд. Бошад, ки душвороӣ ёри пешоб бигардад ва бошад, ки ҳамроҳи он чизе чун [бофтаи] тортанак берун ояд. Нара, зону ва зиҳорро азҳамкашидагии сахте ориз бигардад ва меъдаро254 низ чунин бошад. Забон шикаставу гирифта бигардад ва дардҳо шиддат ёбанд.

Шахси якумӣ гӯяд: «Он чи ба навъи шашум хос аст (яъне аз рӯи он тартибе, ки худ ҳикоят кардааст), ин аст, ки аз газидани он андар меъда ба изофаи паридани хеле бисёр дарди сахт ва афшондагии ниҳоят шадид ориз бигардад». Ин буд гуфтаи ӯ.
Аммо тафсилоте, ки Ҷолинус ва дигарон овардаанд, ба гунаи зерин буда, эшон гуфтаанд: «Аз газидагии ғундаи сурх дарди андаки зуд таскинёбанда бихезад, аммо ғундаи сиёҳ ва ғундаи рахш бошанд, ба ҳангоми газидани онҳо дарди сахт ва ба изофаи он фарошо, сардӣ ва ларзиш ба амал омада, андар ронҳо гаронӣ ҳис карда шавад.
Аз газидани ғундаи сафеди гирдшиками хурддаҳон дарди андаки хоришнок, печиши ноф, истирхои шикам ва дарунрав рӯй диҳанд. Аз газидани ғундаи ситорашакл дарди хоришнок шиддат ёбад, фарошо, карахтӣ, саргаронӣ ва истирхои тан падид оянд. Аз газидани ғундаи ангурӣ андар маҳалли захм дарди сахт ориз бигардад, тан ба тамом сард шавад, фарошо, ларзиш, кузоз, арақи сарди равон, гирифтагии овоз ва карахтии тамоми тан рӯй диҳанд, андар шикам омос падид ояд, нара таранг шавад ва рост биистад, манӣ бе ихтиёр биҷаҳад ва пешоб тира бигардад. Аммо ғундаи сиёҳи дудӣ палид аст. Аз газидани он дарди меъда падид ояд, пайваста қаи думодум ояд, сардарду сурфаи паиҳам ва баста шудани пешоб рӯй диҳанд ва зуд бикушад. Аз газидани ғундаи зарди пашмгин дарди бисёр сахт ба амал ояд, ларза, арақи сард ва дамиши шикам падид оянд ва бисёр бошад, ки бикушад».
Бархеҳо бар сифатҳои газидагии ғундаи ангурӣ афзуда, гуфтааст, ки нара рост ва таранг биистад, овоз қатъ шавад, манӣ биҷаҳад ва кузоз ба амал ояд, вале ин на чандоне боварибахш аст, ки пазируфтан битавонам.
Аммо газидагии ғундаи мурчаӣ некфарҷом ва камдард аст. Аз [газидагии] ғундаи коғнаӣ танро обила ва забонро гаронӣ падид оянд. Аз ғундаи занбӯрӣ маҳалли захм омос кунад, Кузоз ва хоболудии ғолибоянда рӯй диҳанд ва зонуҳо бемадор бигарданд. Ғундаи говдонаӣ палид аст ва аразҳояш аз ҷинси аразҳои ғундаи ангурӣ буванд, вале гаронтар аз онҳо. Ғундаи мисрӣ [низ] палид аст. Он сардарди сахт ва хоболудӣ оварда, сипас зуд бикушад.
Фасли даҳум андар илоҷ

Илоҷи инҳо низ ба кор бурдани қонуни ҳамагонии зерин аст: кашидани заҳр; макидан; бар маҳалли захм оби шӯри гарм рехтан; ба бемор додани тарёкҳое, ки андар боби каждумҳо ёд шудаанд; ва гармоба. Обзан аз ҳама зуд дарди чунин [беморонро] фурӯ нишонад. Ҳар гоҳ эшон андар обзан бидароянд, дард таскин ёбад ва чун берун оянд, боз авҷ гирад. Бинобар ин бояд эшон ҳар замон ба гармоба бидароянд.
Як тарёке, ки аз барои ғунда, аждаҳои дарёӣ ва намудҳои [гуногуни] морҳо хуб аст: Гуфтаанд, ки аз барои газидагии, масалан, самуриё ва туруғун [ба бемор] доруеро бидиҳанд, ки ба сифати зерин аст: аз мурчи сафед, зарованд, бехи савсани осмонгунӣ, нордин, оқирқарҳо, тухми газари даштӣ, харбақи сиёҳ, зираи ҳабашӣ, барги харнуби набатӣ, афрунитрун,255 кулоҳакҳои анор, панир мояи харгӯш, дорчинӣ, харчанги рӯдӣ, майъа, афшураи хашхош ва донаи баласон як уқиягӣ гирифта, бикӯбанд ва бо афшураи кашниз сиришта, ба қадри як драхмӣ қурсҳо созанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ