Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ин як ошомиданӣ буда, бо шароб ба бемор бидиҳанд. Андар бархе аз нусхаҳо бехи савсани сафед, чӯби баласон, тухми девсипист, гавзи сарв ва тухми карафс [низ омадааст].
Як тарёке, ки аз барои ин [газидагӣ] озмудашуда аст:256 чилғӯза; зираи ҳабашӣ; барги дарахти чинор ва пӯсти он; тухми девсипист; нахӯди сиёҳ ва хусусан даштӣ; мӯрддона сахт хуб аст; тухми қайсум; тухми шибит; зарованд; тухми газ; афшураи (260) ҳамешабаҳор; ва коҳуи даштӣ.
Як ошомиданӣ аз кадоме аз инҳо набошад, ду мисқол ва бо шароб аст. Инчунин, шаробе, ки андар он гавзи сарвро хусусан бо дорчинӣ ҷӯшонида бошанд, шӯрбои харчангҳо, шӯрбои ғоз ва ҷӯшонидаи бехи морчӯба [ҳама хубанд]. Яке аз доруҳои хубе, ки ба бемор бидиҳанд, мураккаби зарованду зира буда, аз ҳар ду баробар бигиранд. Як ошомидании ин се дирам ва бо оби гарм бувад.
Як тарёки барои ин [газидагӣ] санҷидашуда: даҳ [дирам] сиёҳдона, панҷ дирамӣ тухми газари даштӣ ва зира, се дирамӣ абҳал ва гавзи сарв ва ду дирамӣ сунбули хушбӯй, донаи даҳмаст, зарованди гирд, донаи баласон, дорчинӣ, ҷентиёно, тухми девсипист ва тухми карафсро гирифта, бо ангубин маъҷун созанд. Як ошомидании ин ба қадри як ҷавза ва бо шароби куҳан бувад.
Фасли ёздаҳум тилоҳо ва монанди онҳо

Аз ҷумлаи тилоҳои хуб инҳост: хокистари дарахти анҷир, ки бо шароб ва намак сиришта бошанд; зоги сафед; исфанҷе, ки андар сирко оғушта, фишурда бошанд; зарованди бо орди ҷав, ки бо сирко сиришта бошанд; барги кангар; гандано; садпайванд: ва зарованд бо хокистари дарахти анҷир.
Як зимоди хуб: пӯсти анор, зарованд ва орди ҷавро бо сирко гирифта, баъд аз шустани ҷароҳат бо об ва намак онҳоро ба кор бибаранд.
Яке аз доруҳои чарбӣ равғани девсипист буда, онро гарм карда бирезанд. Аз пухтаковҳо [инҳоро ба кор баранд]:
оби дарё, ки гарм карда бошанд; ҳар гуна оби шӯр; ҷӯшонидаи кангар; ва ҷӯшонидаи гавзи сарв.
Фасли дувоздаҳум андар баёни ҳазорпой ва илоҷи он

Ин мисли тортанак буда, пойҳои бисёр ва дароз дорад.
Гуфтаанд, ки аз газидани он дарди меъда, қай, ба душворӣ омадани пешоб ва ба сахтӣ омадани бироз рӯй диҳанд.
Ҳазорпой ҳалокатовар аст ва намуди мисрии он аз ҳама бад бувад. Вале ман гӯям: намедонам ин ҳамон [ғундаи] мисриест, ки андар боби ғундаҳо ёд шуд ва ё ғайри он.
Илоҷи ин чун илоҷи ғунда аст.
Фасли сездаҳум тортанак ва илоҷи он

Ин ҳар киро бигазад, андар шикам боди зиёд падид ояд,
фарошо ва сардии дасту пойҳо рӯй диҳанд ва нара бихезад. Илоҷи ин аз ҷинси илоҷи ғунда аст. Чунин касонро тамоми рӯз пайдарпай ошомидани шароб ва арақо

варӣ намудан андар гармоба суд дорад. Аз ҷумлаи доруҳои эшон инҳост: сиёҳдона бо шароб; судоби хушки танҳо бо шароб ва ё ҳамроҳи мушки замин.
Фасли чаҳордаҳум ду ҷонваре, ки бархе [132] аз пизишкони донишманд онҳоро ёд кардааст

Ин ду низ аз ҷинси онҳое бошанд, ки зикрашон оварда шуд, вале ман аз ҳоли ин ду ҷонвар ҳеҷ огоҳ нестам ва намедонам, ки оё андар зимни чизҳои пеш ёдшуда ҳамедароянд ва ё не. Онҳо бо номи «чаҳорманаҳдор» маъруфанд.
Он донишманд гуфтааст: «Ин ду аз ҷинси ғундаҳоянд.
Яке аз онҳо паҳн буда, пойҳои сафед дорад ва бар сараш ду барҷастагиест, ки яке аз онҳо рост ба пеши сар фуруд ояд ва дигар онро аз бар бурида бигузарад. Ин намуд чунин пиндор бидиҳад, ки гӯӣ ӯро ду даҳон ва чаҳор манаҳ аст. Аммо дигариро ба ҷои ду барҷастагӣ ду хат аст, ки низ он гуна пиндорро ба вуҷуд орад. Аз газидани ҳар дуи инҳо он чизе ориз бигардад, ки аз захми каждумҳо ориз бигардад. [Низ] дарди сахт падид ояд, ранги маҳалли захм сафед шавад, рӯй ва сар хокистарӣ бигарданд ва бехобӣ рӯй диҳад. Илоҷи ин чун илоҷи газидани ғунда бувад. Хостарини доруҳои ғунда аз барои он пудинаи баррӣ, бехи говшир, девсипист ва қайсум мебошад», Фасли понздаҳум андар баёни ҷонвари дигаре, ки онро «муғарнино» хонанд

Ин ҳайвонест, ки он донишманд зикр карда, гуфтааст:
«Ҳар киро бигазад, ӯро дарди сахт, сурхӣ ва баста шудани пешоб рӯй диҳанд. Шахси аз он осебдидаро газмозу, зираи даштӣ, барги гавз, сир ва шароби ширин суд бахшанд».
Фасли шонздаҳум андар баёни шупуши каргас, ки онро ба форсӣ «даза», ба юнонӣ «самалукӣ» ва ба ҳиндӣ «тағонус» хонанд

Ин ҷунбандаи зиёнкорест шабеҳи шупуш ва ё мисли канаи аз ҳама хурд. Ҷолинус гуфтааст: «Вай чандоне хурд аст, ки аз он эҳтиёт кардан мушкил аст ва газидагии он қариб дидан нашавад». (261) Ин яке аз чизҳое бошад, ки аз тариқи пешоб, бинӣ ва қай аз меъда, мақъад, сина, шуш ва буни дандонҳо хун равон кунад. Бошад, ки хатар бузург гардида ва [беморӣ] дору напазирад.
Фасли ҳафтдаҳум андар илоҷ

Илоҷи ин чун илоҷи ҷаррора аст. Аз тадбирҳои хосси ин он аст, ки маҳалли газидагиро бо подзаҳр, афшураи коҳу ва сандали сурх тило кунанд. Каси газидаи онро шири навдӯшидаи [гов], шири буз, маска, гили набишта, ҷадвор, хурфа ва афшураи он, аспғул ва луоби он ва дигар доруҳои фурӯнишонандаи гармӣ аз қабили оби коснӣ, оби коҳу, каду ва бодранг бидиҳанд.
Фасли ҳаждаҳум таббӯъ ва гилмӯҳра

Ин ҷонвараки серпой ва теззаҳр буда, ҳукми шупуши каргасро дорад.

пешина
аз 1215
навбатӣ