Қонуни тиб

Фасли нуздаҳум
андар баёни занбӯрҳо
Занбӯр беш аз магаси ангубин ба шиддат гармӣ оварад. Аз газидани он дард, сурхӣ ва омос ориз бигарданд.
Як ҷинс аз занбӯрҳои бузургеанд, ки сарашон сиёҳ, дорои нешҳои зиёд ва ҳалоккунандаанд. Умуман, сермуҳраи онҳо аз ҳама кушандатар аст. Бинобар ин, гоҳе боиси ташаннуҷ ва беҳол шудани зонуҳо бигарданд. Аммо намуди хурди онҳо бошад, ба ҳангоми газидани инҳо низ гоҳе хатари бузург ба миён ояд, обилаҳо падид орад ва забон гарон бигадад.
Фасли бистум андар илоҷ
Аз барои ин он намуд аз макиданеро ба кор бибаранд, ки худ медонӣ. Агар хатарнокӣ бузург бошад, яке аз доруҳое, ки андар ин ҳангом ба бемор бидиҳанд, як дирамсанг тухми марзангӯш бувад. Ин дардро ҷо ба ҷо таскин диҳад ва ё се каф кашнизи хушк [бидиҳанд. Бемор] бояд афшураҳои сардиоварандаи маъруф ва ошомиданиҳои сардиоварандаи маълум бихӯрад ва гоҳе агар яхро ба шакли шиёф ба зер баргиранд, суд бахшад.
Аз ҷумлаи тилоҳои ин [газидагӣ] инҳост: оби панирак; оби райҳони кӯҳӣ; панирак, ки ба хосият аҷиб аст; хитмӣ, ки низ ҳамчунин бувад; тараи яманӣ; ангури сагак; кунҷиди кӯфта ва барги он; инчунин, анҷир, сирко, гили холис ва оби ангури ғӯра; низ, саргини гов, хусусан бо сирко; низ, барги сисанбар ва барги сабзи даҳмаст; ё афюн, тухми шавкарон ва кофурро гирифта, бо ягон афшураи сард тило кунанд, болои онро бо пораи катони андар оби сард оғушта сахт бибанданд ва гирдогирди онро гил ва сирко биолоянд. Ҳамчунин ҷомаи ғук бо сирко аҷиб аст. Мағори сабзе, ки бар кӯзаҳои об падид ояд, низ ҳамин гуна бувад. Низ, ба тасдиқи бархе аз [пизишкон] бо об ва намак гармибандӣ кунанд ва шири анҷир тило созанд. Инчунин, шӯраи деворҳо бо сирко [хуб аст]. Гоҳе обҳо ва ҷӯшонидаҳои ин доруҳоро ҳамчун пухтаковҳо ба кор бибаранд.
Низ чунин тадбир санҷидашуда аст, ки агар андомро андар оби гарм як соат бигузоранд ва сипас якбора ба намакоби омехта бо сирко бизананд, дард худи ҳамон замон таскин ёбад. Яке аз доруҳои даллокишавандаи ин газидагӣ магасҳо мебошад. Онҳо дардро фурӯ нишонанд.
Фасли бисту якум андар баёни магаси ангубин ва илоҷи он
Аз ҷиҳати ҳолатҳо ба занбӯр наздик аст, вале неши худро андар маҳалли газидагӣ бигузорад. Илоҷаш низ ба илоҷи занбӯр монанд бувад.
Фасли бисту дуввум андар баёни мӯрчаи болдор ва чизи дигари бад-он монанд
Ҳоли ин ба ҳоли магаси ангубин монад, вале некфарҷомтар аз он бувад. Ман мегӯям: аз миёни ҷонварони нешдор як ҷонваре шабеҳи мӯрчаи болдор аст, вале аз он бисёр бузург буда, ба андозаи занбӯри хурд бирасад, аммо аз занбӯр ё хеле дарозтар аст ва ё ба андозаи он ситабр нест.
Ӯро пойҳои тортанакии дарози зард буда, аз пойҳои занбӯр ҳам дарозтаранд ва маҳалли неш хастанаш хурдтар бувад. Ӯ мисли занбӯрҳо ба сохтани хонаи худ чандон диққаткорӣ накунад, балки онро аз гил бисозад ва дорои даромадгоҳҳои васеъ бошад. Мисли тортанакҳо чӯҷа барорад ва чун аз ошён берун ояд, мисли тортанак роҳ равад ва эҳтимол баъзан аз пӯст берун омада, парвоз бикунад. Ба наздики ман ин андар ҳукми занбӯрҳост.
Фасли бисту севвум андар баёни карбосаи саҳроӣ ва азоя
Ҳар гоҳ ин ду бигазанд, андар маҳалли газидагӣ дандонҳои хурди борики сиёҳ аз худ ба ҷой бигузоранд (262) ва то агар онҳоро аз тариқи сила кардан бо абрешим ва ё мӯяки пилла берун наоваранд, он маҳал беист дард карда, бихорад. Ҳар гоҳ онҳоро чида бигиранд, дард таскин ёбад.
Гоҳе дандонҳои онҳоро бо равған ва хокистар берун оранд, сипас он маҳалро бимаканд ва андар оби гарм бигиранд.
Чунин ёд кардаанд, ки хӯрдани талхчакук аз барои газидагии онҳо сахт судманд аст. Агар дард бузург бошад, ба бемор тарёки ғунда бидиҳанд.
Фасли бисту чаҳорум андар баёни чилучаҳорпой
Ин ҷонвар ба «гӯшдарояк» маъруф аст. Гоҳе ба дарозии як ваҷаб бошад ва аз ҳар як бар бисту ду пой дорад.
Вай гоҳ ба сӯи пеш ва гоҳе худ ба худ ба ақиб роҳ равад.
Ба гуфтаи одамон дорои [табиати] заҳрист ва аз сабаби он дарди андаке падид ояд ва худи ҳамон соат биравад.
Шукуфаи нармода яке аз тарёкҳои ӯст. Бошад, ки танҳо ба кор бурдани намак бо сирко кифоят кунад.
Фасли бисту панҷум андар баёни газидани самандар
Гуфтаанд, ки ин ҷунбандаи зиёнкорест шабеҳи азоя ва бо чаҳор пою думи кӯтоҳ. Чунин тасдиқ кунанд, ки вай намесӯхтааст ва агар андар гулханаш афкананд, оташро хомӯш кунад. Ҳар киро ин бигазад, дарди сахт, афрӯхтагии оташмонанде андар тан ва омоси гарме андар забон падид оянд, забон бигирад ва тутила шавад ва ларзидану карахтӣ ориз бигарданд. Бисёр бошад, ки аз сабаби он андом ба шакли гирд сиёҳ шуда, биафтад.
Фасли бисту шашум андар илоҷ
Гуфтаанд: «Илоҷи ин чун илоҷи коғнаҳост. Тадбири аз ҳама хосси муолаҷаи он чунин аст, ки ба бемор ротиёнаҷ бо ангубин бидиҳанд ва ин [ротиёнаҷ] аз кадом санавбаре набошад, фарқ надорад. [Инчунин] ба ӯ ҷӯшонидаи камофитус, ҷӯшонидаи савсан бо барги газна ва равғани зайтун бидиҳанд. Бархеҳо ғукро ҷӯшонида, обашро ба чунин беморон бидиҳанд ва гӯшташро зимод кунанд ва гоҳе гӯшташро низ бихӯранд. Ҳамчунин хояҳои сангпуштони баррӣ ва дарёиро ҷӯшонида, [бидиҳанд]».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор