Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фасли бисту ҳафтум
андар баёни сақулуфандари баррӣ ва дарёӣ

Ин дуро ман намедонам ва аҷабе нест аз он чизҳое бошанд, ки мо ёд кардаем. Гуфтаанд, ки аз газидани сақулуфандари баррӣ маҳалли захм тира ва гулгун бигардад ва кам биафтад, ки ранги сурхи баланд бигирад, балки андаке сурх шавад ва андар тан дарди сахт ва хориш падид оянд. Маҳалли газидаи намуди дарёӣ обиранг бигардад. Чунин ҳаменамояд, ки илоҷи инҳо мисли илоҷи ғундаҳо ва дигар чизҳои бад-онҳо монанд бувад.
Яке аз [пизишкон] гуфтааст: «Боистӣ бо намак, ё хокистари бо сиркои унсулӣ сиришта ва ё бо кунҷиди сӯхтаву шароб зимод ниҳод. Нахуст [ба маҳалли захм] равғани зайтуни бисёрро бо оби гарм бирезанд ва сипас бар вай он [зимодҳо] барниҳанд».
Фасли бисту ҳаштум андар баёни каждуми дарёӣ

Ба пиндори ман бояд аз газидани каждуми дарёӣ дамиши шикам ва ҳайъати истисқоӣ ориз бигардад. Бошад, ки аз сабаби он бе ихтиёр бод барояд. Бояд андар шинохтани ин нек кӯшид. Илоҷи ин чун илоҷи аждаҳои дарёӣ ва ғунда бувад. Ба қавли гурӯҳе аз он мардумон, ки ба гуфтаи эшон боварӣ нест, гӯё каждуми дарёӣ гармзаҳр будааст.

Фасли бисту нуҳум
андар баёни тортанаки дарёӣ

Чунин бинамояд, ки ҳолатҳои ин ба ҳолатҳои каждуми дарёӣ наздикӣ доранд.
Фасли сиввум андар баёни газидани ғукҳои дарёии сурх

Якчанд нафар аз донишмандон чунин ҳикоят кунанд, ки инҳо палиду баданд ва ба ҷонварон ва ҷисмҳои [мурда] ҳуҷум карда, аз дур ба сӯи онҳо биҷаҳанд ва бигазанд, вале агар имконияти газидан наёбанд, як бӯи зиёнваре аз худ ба сӯи онҳо бидаманд. Аз газидани онҳо омоси бузург ва марги зудфарорасанда ориз бигадад. [133] Ман мегӯям: Чунин бинамояд, ки бо тарёки бузург ва дигар чизҳои ҳамҷинси он илоҷи онҳо бояд кард.
Фасли сиву якум андар баёни илоҷи ҷунбандагони зиёнкори дарёии заҳрнок ба таври ҳамагонӣ

Гуфтаанд: «Бояд инҳоро бо тарёк, бо он чизҳое, ки заҳрҳои сардмизоҷро муолаҷа кунанд ва бо доруҳои ғунда ва тарёкҳои он дармон намуд».
Гуфтор андар баёни заҳрҳо ба поён расид. (263)

пешина
аз 1215
навбатӣ