Қонуни тиб

Фанни ҳафтум
АНДАР БАЁНИ ОРОСТАГӢ,
ки аз чаҳор мақола иборат аст
Мақолаи нахустин
АНДАР БАЁНИ ҲОЛАТҲОИ МӮЙ ВА САБӮСАИ САР
Фасли нахустин
андар баёни моҳияти мӯй257
Мӯй аз бухори дудие падид ояд, ки андар масомҳо баста бигардад ва аз тариқи гирифтани мадади барояш расида, хусусан агар рутубати тан часпаки равғанӣ бошад, на обӣ ва на гилӣ, пайваста бар [масомҳо] бирӯяд, чунонки дарахтони равғандорро баргҳо нарезанд. Андар Китоби нахустин он чи ки андар бобати сиёҳӣ, сафедӣ ва дигар рангҳои мӯй гуфтанӣ будӣ, гуфта омад.
Лекин он бахш аз гуфтор андар баёни мӯй, ки ба оростагӣ алоқаманд аст, иборат аз он аст, ки чӣ гуна аз тариқи рӯёндан ва ё равондан гавҳари мӯйро чора кунанд, аз тариқи афзоиш додану кам кардан шумораи онро чора кунанд, аз тариқи дурушт кардан ва борику дароз кардан ҳаҷми онро чора кунанд, аз тариқи ҳамвор ва ё гесӯгуна намудан шакли онро чора кунанд ва аз тариқи сиёҳ кардан, маллагун сохтан ва ё сафед намудан ранги онро чора кунанд. Мо андар ин мақола андар ин маъниҳо сухан гӯем.
Фасли дуввум андар баёни сабаби бемӯӣ
Мӯй ё ба сабаби модда ва ё ба ягон сабаби андар маҳалли растани он ҷой дошта ё биравад ва ё кам бирӯяд.
Сабаби ба модда алоқаманд он аст, ки модда ё кам аст ва ё нест. Камии модда ё ба чизе вобаста аст, ки ӯро андар хеш ғарқ кунад ва ё дигаргунаш бисозад ва ё бад-он вобаста аст, ки асли гавҳар кам бувад, чунонки бухори дудӣ андар кӯдак ва зан ба иллати бухори рутубатӣ кам бувад ва бинобар он эшон риш набароранд. Аммо камии асли гавҳар ё ба ягон оризае ва ё ба анҷом ёфтани табиат то ба ҳамин [миқдор] алоқамандӣ дорад. Оне, ки ба сабаби оризӣ вобаста аст, чунон аст, ки касони аз беморӣ бархостаро ориз бигардад ва ҳар гоҳ бемориҳои дарозмуддат, силӣ ва диққӣ эшонро ба ҳоли бисёр бад бирасонанд, андар эшон моддаи ғизодиҳандаи мӯй боқӣ намонад ва мӯй рехта, дигар набарояд, чунонки растаниҳои сахт обталабро агар об надиҳанд, низ ба ҳамин
ҳол гирифтор оянд. Ҳамчунин мардони хоякандаро низ чунин бошад, зеро эшон аз сабаби набудани хоя ва низ бад-он сабаб аз ҷиҳати рутубат ва сардӣ ба занон монанд бигарданд, ки моддаи манипадидоваранда андар тани эшон рӯи ҳам рафта, сард шавад ва ин сардӣ ба сӯи андомҳои шариф гузашта, онҳоро сард бигардонад. Бинобар ин, рутубатҳои эшон аз тариқи ҳал шудан нахушканд ва он чи ки ҳал бигардад, ба сабаби камию тунукии хеш андар масомҳо боқӣ намонад, балки берун биравад. Низ касонеро чунин ҳол ориз бигардад, ки пайваста бар сар дасторҳои гарон доранд.
Мисоли он [костие], ки аз тариқи табиат бошад, мӯйрафтагии пеши сар аст. Ба таҳқиқ ин мӯйрафтагӣ аз сабаби нарасидани моддаи мӯй ба маҳалли мӯйрафтагӣ падид ояд ва ин ё ба сабаби камии [модда] алоқаманд аст ва ё мағз аз маҳалли расиш бо косаи сар паст буда, бинобар ин вайро на ба қадре об диҳад, ки ҳангоми расидан об хоҳад дод.
Он набудани мӯй, ки ба ягон сабаби андар маҳалли растани он ҷойдошта алоқаманд аст, бар се ваҷҳ бувад: ё моддаи мӯй андар он гузаштан натавонад, ё андар он бигзарад, вале истодан натавонад ва ё андар он табаҳ шуда, ба кайфияте табдил ёбад, ки аз барои падид омадани мӯй носозгор бошад. [Модда] андар он маҳал ба сабаби баста будани масомҳо гузаштан натавонад ва масомҳо аз он сабаб баста шаванд, ки ба иллати хушкӣ сахт афсурда бигарданд, чунонки ҳамин ҳол яке аз ёварони рафтани мӯи пеши сар бувад. Рафтани мӯи пеши сар андар касони гарммизоҷ ба сабаби зуд хушкӣ овардани он зуд фаро бирасад. Бинобар ин ба сабаби гармии мизоҷ касони омодаи рафтани мӯи пеши сарро мӯи тан ва сина бисёр бошад ва мӯи ками чунин одамонро ба душворӣ битавон резонд. Ё ин мумкин аст ба он афсурдагие вобаста бошад, ки ба иллати боқӣ мондани осори решҳои гузашта падид ояд, чунонки чунин ҳол гоҳе ба ҳангоми калӣ ҷой хоҳад дошт.
Ваҷҳи андар [маҳалли рӯидани мӯй] наистодани модда бад-он сабаб аст, ки масомҳо ба шиддат ковок ва ку шод бошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор