Қонуни тиб

Ҳамчунин ин ҳол яке аз сабабҳои ёридиҳандаи нарӯидани риш ва борику ба осонӣ резанда будани мӯи боқимондаи ин гуна [одамон] бувад. Андар поёни умр азбаски мизоҷ хушктар шуда, масомҳо танг бигарданд ва ба изофаи он ба иллати камии гармӣ мизоҷ рутубатнок бошад, ин ҳол андар нарехтани мӯи пеши сар таъсире дорад, чунонки занон ва бехоягонро чунин бувад.
Агар [модда] андар [маҳалли растани мӯй] табаҳ бигардад, ин ё ба ягон хилти андар он ҷой беҳаракати палиде вобаста аст, чунонки ба ҳангоми «бемории мор»
ва «бемории рӯбоҳ» ҳамин гуна бувад ва ё ба решҳои бади хӯранда алоқаманд аст, чунонки ба ҳангоми бархе аз намудҳои калӣ чунин ҳол рӯй диҳад.
Муолаҷаи мӯйрафтагии пеши сар душвор аст, вале онро пеш аз оғоз ёфтан гоҳе бартараф кардан ва ё ба таъхир андохтан битавон. Он чи ки Буқрот аз хусуси рафтагии мӯи пеши сар ёд карда, гуфтааст: «Агар чунин касонро (264) даволӣ рӯй бидиҳад, мӯй хоҳанд баровард»,– муродаш он касонест, ки ба «бемории рӯбоҳ» ва монанди он гирифтор шуда бошанд.
Мӯи абрӯ ва мижгон аз он сабаб зуд нарезанд, ки растагоҳи онҳо фишурдаи куркуракӣ ва нигоҳдоранда аст.
Бад-ин сабаб мардумони ҳабашӣ ва зангиро мӯи пеши сар дер бирезад, зеро пӯстҳои эшон мӯйҳояшонро сахт бидоранд. Аз [пӯсти] сахт мӯй нарезад ва бинобар он ба изофаи ин каммӯй бошад, вале онҳоро тавре нигоҳ дорад, ки зуд нарезанд ва наафтанд. Касони шикастазабонро мӯи пеши сар нарезад, зеро рутубати мағзҳояшон зиёд аст ва бинобар ҳамин ҳам эшонро дарунравии аз сабаби назла падидоянда бисёр рӯй диҳад.
Фасли севвум андар доруҳое, ки мӯйро нигоҳ доранд
Доруҳои нигоҳдорандаи мӯй он доруҳоеанд, ки дорои гармии латифи кашанда ва қувваи қабзкунандаанд ва низ он доруҳое бошанд, ки бо хосият таъсир кунанд.
Бахши содаи ин доруҳоро мо андар [Китоби] доруҳои сода ва инчунин бахши мураккаби онро андар Қарободин ёд кардаем, вале андар ин ҷой он доруҳоеро ёд кунем, ки аз ҳама муносибтаранд.
Доруҳои содае, ки аз барои нигоҳ доштани мӯй созгоранд ва онҳоро аз афтидан пешгирӣ кунанд, баъд аз риоя намудани шартҳои лозимӣ ба ҳангоми тадбири онҳо умуман аз амсоли инҳо иборатанд: мӯрд ва донаи он; лозан; омула; ҳалилаи кобулӣ; мурр; сабр; пари сиёвушон; андар ин бобат гоҳе мозу ба иллати қабзкунандагии хеш судманд аст; филзаҳра хусусан бо шароби қабзкунанда, ё равғани мӯрд, ё равғани мастако, ё оби мӯрд ва ё афшураи барги озоддарахт; инчунин, сӯхтаи пояи катон, ки бо тухмаш сӯзонида бошанд ва ба тариқи тило бо равған ба кор баранд; низ, пӯсти сӯхтаи гавз, ки бо равғани мӯрд биомезанд; ва шароби қабзкунанда, ки бо он мӯйро пок кунанд ва хусусан аз барои кӯдакон [хуб аст].
Аз ҷумлаи мураккабот инҳост: мӯрддона, мозу ва омуларо андар равғани гул ва ё равғани мӯрд ба тариқи маълум биҷӯшонанд ва ба кор баранд. Низ, барги сабзи мӯрд, лозан, авсаҷ, сарнавдаҳои сарв ва мӯрддонаро бо ҳам кӯфта, андар равғани зайтун ҳал кунанд ва бар сар биолоянд.
Ё аз мӯрддонаи сиёҳ, тухми карафс, сарнавдаҳои мӯрд, тухми чугундар ва сарнавдаҳои авсаҷ як бахшӣ ва аз шароби сиёҳ шаш бахш гирифта, доруҳоро андар шароб то сеяки он боқӣ мондан ҷӯшонида, нарм созанд. Сипас бар вай ду бахш равғани зайтуни бо мушки замину сунбул хушбӯйкарда афкананд ва дубора се сар биҷӯшонанд.
Баъд бо сахт фишурдан обу равғанро аз доруҳо фишурда бигиранд ва андар бастӯе (зарфи сафолин) гирифта, сахт ба ҳам бизананд ва ба ҳангоми ниёзмандӣ ба кор бибаранд. Ин [дору] мӯйро нигоҳ дорад ва сиёҳ созад.
[Як доруи] дигар: аз тухми карафс, тухми чугундар, пари сиёвушон ва кундур ду уқиягӣ, понздаҳ дона гавз ва як ратл пӯсти санавбарро гирифта, ҳамаро як шаб андар танӯр бирён кунанд, яъне онҳоро андар дег ниҳода, гил бимоланд ва бигузоранд, то ҳама ба қадри суданӣ бисӯзанд.
Сипас онҳоро бисованд ва як ратл пиҳи хирс биафзоянд, ки ин аз пиҳи ғоз беҳтар бувад. Баъд, доруро бигиранд ва ҳар бор, ки бад-он эҳтиёҷ биафтад, онро андар равғани хушбӯизада бигудозанд ва ба кор бибаранд. Ин аз барои рехтани нав оғозшудаи мӯи пеши сар низ суд дорад.
Инчунин, якуним ратл шароби қабзкунанда, як уқия лозан, ду уқия пӯсти санавбар, якчанди он пари сиёвушони сӯхта, як ратл пиҳи хирс ва чаҳору ним уқия афшураи ангури сагакро бигиранд ва лозанро андар тило то сахт шудан ҷӯшонида, дигар доруҳоро бар он биафкананд, биомезанд ва сипас аз оташ бардоранд. Ҳар бор ки бад-он эҳтиёҷ биафтад, миқдоре аз онро андар равғани хушбӯизада ва аз ҳама беҳтар [андар] равғани нордин гудохта, тило кунанд. Гоҳе бе равған низ тило кунанд.
Яке аз доруҳои сабук: мурр, лозан, равғани мӯрд, хусусан оне, ки аз равғани хайрӣ ва оби мӯрд ба тариқи ҷӯшонидан сохта бошанд ва шароби қабзкунандаро гирифта, ба ҳасби тақозои мушоҳада ҳамаро биомезанд ва тило кунанд.
Ё барги лоларо бо равғани мӯрд гирифта, бар сар бимоланд ва бигузоранд, то як шаб бигузарад ва сипас бишӯянд. Ин мӯйро нигоҳ дорад ва сиёҳ созад.
Ё лозан, пари сиёвушон, хокистари пӯсти санавбар, пиҳи хирс ва аз шароби [134] мозу ба қадри кифоят бигиранд ва бо равғани, масалан, мастако ва ё мӯрд биомезанд.
(265) [Инчунин як доруи дигар: ним ратл ҳинои кӯфтаи мисли гард хурдкарда ва даҳ дирам аз мозуи сабзи кӯфта гирифта, ба як чанди ин ду аз сиркои тез ҳамроҳ кунанд ва тавассути каду ва анбиқ тақтир созанд. Он чи ки ба тақтир аз ин ҳосил шавад, мӯйро нигоҳ дорад].258 Ё аз пари сиёвушон ва лозан ба андозаи баробар ва аз равғани мӯрд ба қадри кифоят бигиранд. Ё аз кундур, саргини сусмор ва саргини хорпушти дарёӣ панҷ дирамӣ ва аз судоби кӯҳӣ ду дирам гирифта, бо шароби қабзкунанда бисованд ва бо пиҳи хирс сиришта, ба кор бибаранд.
Фасли чаҳорум андар баёни доруе, ки мӯи абрӯвон нигоҳ дорад259
Чаҳор [бахш] гули лола, як [бахшӣ] гиёҳи кабӯтарон бо бехаш ва сарнавдаҳои анҷир, се [бахш] лозан ва ду [бахш] пари сиёвушонро гирифта, ҳамаро бисованд ва бо равғани мастако ба кор баранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор