Қонуни тиб

Ба ҳамин монанд [доруи] дигар: як бахшӣ бехи ҳазоргашон, бехи сиреш ва хокистари самари сабзи санавбар ва ду бахш бураро гирифта, бо равғани мӯрди хушбӯиафканда биомезанд.
Ин буд гуфтае, ки ҳукми бештарӣ дорад, лекин агар сабаб хушкии мизоҷ ва камии хун бошад, танро тарбият кун ва ғизоҳое бидеҳ, ки хубғизо, равғаннок ва моил ба гармии латиф буванд. Ҳар гуна чизи шӯру туруш ва тундро тарк кун, аз боҳ (ҷимоъ) дурӣ ҷӯй, аз шаробҳо аз оне парҳез кун, ки куҳан бувад, пайваста бо обҳои хуш гармоба кун, ба тан на натрун, на ушнон ва на собунро ҳеҷ нарасон, балки чизҳое чун орди боқилӣ, донаи харбуза, гил, аспғул ва монанди инҳоро ба кор бибар. Агар [рехтани мӯй] ба сахт фишурда будани масом вобаста бошад, эҳтиёҷ ба чизҳое биафтад, ки ҳалкунанда ва ковоксозанда буванд. Бинобар ин бояд андар ғизо чизҳои суддакушое аз қабили хардал, сир ва гандано биафзоянд ва бар пӯст низ, масала, софсиё, хардал, пудина, судоб ва пиёз тило кунанд. Бо обҳое гармоба кунанд, ки ҳалкунанда бошанд ва сарро бо бура ва кафки дарё бишӯянд. Бояд худованди чунин [мӯй] аз равғанҳо дурӣ ҷӯяд.
Аз [рехтане], ки ба сабаби ковокист, он доруҳои ёдшудае, ки бештар ба сӯи қабзкунандагӣ майл доранд, тилоҳо ва равғанҳои қабзкунанда, ба гармоба даромадан ва нахуст оби нимгарм ва сипас якбора оби сард ба кор бурдан суд доранд.
Фасли панҷум андар баёни доруҳое, ки мӯйро дароз кунанд
Аксари доруҳои дарозкунандаи мӯй он чизҳое бошанд, ки андар гавҳари хеш хусусияти часпакӣ дошта, мӯй битавонад, ки ин [хусусият] аз онҳо бигирад. Мисоли ин барги кунҷид, барги каду ва он равғанҳоест, ки дорои гармӣ ва қабзкунандагиянд, чунонки равғани савсани бо муми сӯхта ва ё чунонки ҳаст ва низ равғани ҳино ва хусусан равғани мӯрд аз ҳамин қабил буванд. Гоҳе аз барои ин ғараз шустани сар бо оби ҳанзал таркарда судманд аст.
Яке аз доруҳое, ки аз барои ин суд дорад: лозанро гирифта, бахши хуби онро андар деги гилкорикарда бар болои оташи нарми лахча андар равғани зайтун бигудозанд. Сипас аз болои онҳо миқдоре аз донаҳои сӯхтаи хурмо афканда, ҳамаро бар оташ нарм биомезанд ва ба кор баранд. Барги озоддарахт ва оби барги онро андар ин бобат хосияти хубест. Ангишти тухми катон, ки бо равғани кунҷид ба кор баранд, низ ҳамчунин бувад.
Як доруи мураккаб: барги озоддарахт, пари сиёвушони румии тоза, мурр ва омуларо бо бархе аз доруҳои саршӯии маъруф бар сар бимоланд.
Инчунин: хардалро андар оби ҷӯшонидаи чугундар афканда, бо он сарро бишӯянд ва баъд аз он бо равғани мӯрд ва ё равғани омула чарб кунанд.
Як доруи мураккаби хуб: аз ҳар яки талхаи барзагов, талхаи гург, ҳалилаи кобулӣ, балила, омула, содоварон ва мозуи солим як бахшӣ гирифта, бикӯбанд ва ҳафт рӯз андар афшураи ангури сагак бипарваранд. Сипас онро хушк кунанд ва баъд аз шустани сару риш бо об, ангубин ва обгинаи кӯфта онро бо миқдоре аз харбуза ба тариқи тило
ба кор бибаранд.
Низ: сиҳ дирам ҷави сафедкарда ва панҷ дирам омуларо андар об ба қадре сахт биҷӯшонанд, ки об қуввати онҳоро бигирад. Сипас ба қадри ним чанди об равғани бунафша, сиҳ дирам лозан ва даҳ дирамӣ барги кунҷид, барги хитмӣ ва барги кадуро чи сабз ва чи хушк андар об биҷӯшонанд ва ҷӯшонданро то ҳангоме давом диҳанд, ки об биравад ва равған бимонад.
Як доруи дигаре, ки ба ал-Киндӣ нисбат додаанд:
бист дирам широмуларо (266) андар ду ратл об то ба чаҳоряк расидани он биҷӯшонанд ва бар вай, масалан, равғани нордин, ҷави сафедкарда ва миқдоре аз лозанро то рафтани обу боқӣ мондани равған биҷӯшонанд.
Фасли шашум андар баёни доруҳои мӯйрӯёнандаи қавии хосси муолаҷаи ҳамон намудҳои рехтани мӯи пеши сар, рехтани абрӯвон ва ғайра, ки муолаҷашавандаанд
Мо мегӯем: Ҳамаи доруҳое, ки андар боби «бемории рӯбоҳ» ёд хоҳем кард, ҳамаи намудҳои тадбир аз қабили молидани сар, сурх гардонидани он, ба кор бурдани пиҳҳо ва ба кор бурдани доруҳои қавии ҳам кашанда ва ҳам ҳалкунандае, ки хосси «бемории рӯбоҳ»-анд, аз барои рехтагии мӯи пеши сар ва рӯёндани мӯи ҷойҳои мӯйрехта, абрӯ ва риш судманданд. Пӯсти бехи пада бо равғани зайтун қобилияти аҷиби қависозӣ, нигоҳ доштан ва сиёҳ сохтани мӯйро дорад.
Аммо доруҳое, ки мо азми онҳоро андар ин ҷо ёд кардан дорем, вале онҳо ба эътибори он чи ки андар охири боби нигоҳ доштани мӯй ёд намудем, низ аз барои «бемории рӯбоҳ» судманданд, инҳо мебошанд:
Коғнаҳои тозаи пойҳову сарашон барканда ва андар соя хушконидаро гирифта, андар равғани бунафша бисов, ё андар он ва ё андар равғани зайтун то ситабр шудан биҷӯшон ва сипас ба ҳар ҷой, ки бихоҳӣ, тило кун.
Вай нахуст обила кунонад ва баъд мӯй бирӯёнад.
Агар ангубини балозурро бар маҳаллҳое барниҳанд, ки мӯяшон ҳамерезад, низ ҳамчунин бувад. Ё кундушаро андар равғани хояи мурғ совида, ба ҳар ҷое, ки одам бихоҳад, якчанд бор тило кунад, мӯй бирӯяд.
Ё нохуни сӯхтаи хар ва шохи сӯхтаро гирифта, бо равғани кунҷид тило кунанд. Ин доруи қавие бошад. Аммо тухми мӯрчаро бо равғани бон яке аз доруҳои мӯйрӯёнанда ҳисобанд, вале ба наздики оммаи мардумон яке аз доруҳои боздорандаи рӯидани мӯй шинохта шудааст.
Яке аз чизҳои санҷидашуда азояест (келаск), ки андар хонаҳо зиндагӣ кунад. Онро бикушанд, хушк кунанд ва совида, бо равған тило кунанд. Совидаи обгинаи фиръавнӣ бо симоб низ ҳамчунин аст.
Як доруи аз ин ҳам сабуктар: кафсангу зерсанги арзизиро гирифта, андар миёни онҳо ягон равғане аз равғанҳои мӯй ва ё ягон пиҳи маъруфро бигузоранд ва то андар он ҳал шудани қувваи арзиз бисованд ва бо он [мӯйро] чарб кунанд. Маҳалли [мӯйрехтаро] бо барги анҷири хуб ва ё то андозае пухта зимод кунанд.
Инчунин: мағзи бист фундуқро гирифта, то ба ҳадди суда шудан бирён кунанд ва бо равғани турб ҷамъ со занд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор