Қонуни тиб

Ё аз ҳар кадоми гиёҳе, ки «харгӯш» ном дорад, аз нараи хар ва испурчи он, ки ҳар дуро бирён карда бошанд, ним ратлӣ ва аз лозан бист ченаки вазнӣ гирифта, ҳамаро баъди ҳал кардани лозан андар шароб бо ҳам даромезанд ва ба кор бибаранд.
Яке аз доруҳое, ки Филағриюс ёд кардааст: наваду шаш дирам пиҳи намакзадаи барзагов, ҳаждаҳ дирамӣ ушнон ва софсиё, ҳашт дирам мурр, ҳамин қадар лозан, чиҳилу ҳашт дирам пари сиёвушон, чиҳилу ҳашд дирам нараи хар ва наваду шаш дирам испурчи харро гирифта, испурчу нараи харро бирён ва пора кунанд ва ҳамаро бо шароби сиёҳ биомезанд. Сипас сарро битарошанд, бо ин дору тило кунанд ва панҷ рӯз бигузоранд. Баъд, сарро бишӯянд, ду рӯз осуда бигузоранд ва сипас дубора [ин корро] такрор кунанд. Агар сар реш шавад, он ҷойро бо пиҳи ғоз дармон созанд.
Низ [як дору] аз Қаритун: шикамбаи шаш харгӯшро гирифта, нарм хушк кунанд ва андар деги сафолини гилкорикарда бисӯзонанд. Бар вай барги авсаҷ, як чанди он барги мӯрд ва нуҳ уқия пари сиёвушон афзуда, бори дигар андар ҷогаҳи обгинагӣ бисӯзонанд. Сипас бисованд ва бо се ратл пиҳи хирс ва ҳамин қадар равғани турб биомезанд ва бибардоранд. Баъд, ҳангоми ҳоҷат бо ягон равғани хушбӯизада ба кор баранд.
Донаи даҳмаст, донаи мурч260 ва равғани беданҷир ҳама аз он чизҳоеанд, ки андар рӯёндани мӯй ёварӣ кунанд. Низ, агар хокистари қайсумро бо равғани зайтуни куҳан бисириштанд, риши сустрӯяндаро бирӯёнад. Хокистари сиёҳдона бо об хусусан аз барои [рӯёнидани] абрӯвон ҳамчунин бувад. Инчунин [як дору] аз барои абрӯвон: ду гавзро танҳо то ба ҳадди суда шудан бисӯзонанд ва бо он як мисқол донаи хурмои ба ҳамин тариқ ва на чандон зиёд сӯхта ва понздаҳ [дона] мурчро ҷамъ созанд ва бо равғани гул тило кунанд.
Низ: хокистари қайсум, фундуқи сӯхта, лозан, коғна ва кундушаро бо равғани бон андар кафлез [135] (267) то сиёҳ шудан биҷӯшонанд. Бо он ба қадри як чанди он ғолия биомезанд ва маҳалли [бемӯйро] молиш дода, бо ин дору тило кунанд. Инчунин: пари сиёвушон, мӯрддона ва тухми карафсро андаке то сиёҳ шудан бисӯзанд ва бо пиҳи хирс ва равғани турб ҷамъ созанд.
Як доруе, ки мӯи абрӯвон бирӯёнад: чаҳор драхмӣ кундур ва як драхмигӣ саргини тимсоҳ, саргини хорпушти дарёӣ ва судоби қӯҳиро гирифта, бо шароби қабзкунанда бисованд ва бо пиҳи хирс сиришта, ба кор бибаранд.
Доруи дигар аз барои рехтагии пешина ва мушкили абрӯвон, ки ба сабаби «бемории рӯбоҳ» ва ғайра рӯй дода бошад: як бахш дермана, ҳашт бахш кафки дарё, се бахшӣ фурбиюн ва донаи даҳмаст ва чаҳор бахш зифти тарро гирифта, зифтро андар равғани савсан бигудозанд ва андар он фурбиюнро ҳал кунанд. Сипас дигар доруҳоро бо онҳо биомезанд.
Як доруи дигар, ки мисли он бувад: ҳафт [бахш] бехи сӯхтаи най, панҷ [бахш] хокистари ғук, чаҳор [бахш] тухми таратезак ва се [бахш] бехи сирешро гирифта, бо равғани даҳмаст бисованд ва ба кор бибаранд.
Фасли ҳафтум андар баёни «бемории рӯбоҳ»
ва «бемории мор»
Чунонки донистӣ, сабаби зода шудани «бемории рӯбоҳ» моддаи бадест, ки андар пӯст ва растагоҳи буни мӯй ҷойгир шуда, аз тариқи хӯрдани решаҳои мӯйҳо ва аз ғизои хуб маҳрум сохтани онҳо решаҳои мӯйҳоро табаҳ созад. Инро аз он сабаб «бемории рӯбоҳ» ном ниҳодаанд. ки [аксар] рӯбоҳонро ориз бигардад. Фарқ миёни ин ва «бемории мор» он бошад, ки ба ҳангоми «бемории мор» на танҳо мӯй бирезад, балки ба изофаи он пӯсти тунуке [низ] бирезад, чунонки ин гуна ҳол морро рӯй бидиҳад. Гоҳе мумкин аст як шакли барҷастае чун шакли мор падид ояд.
Моддае, ки «бемории рӯбоҳ» ва «бемории мор» ба мерос гузоранд, гоҳе сафровӣ, гоҳе савдовӣ, гоҳе балғамӣ ва гоҳе аз хуни табаҳ падид омада бошад. Ба ҳар як аз инҳо аз тариқи чӣ гуна дарёфтани ранги пӯст ба ҳангоми тарошидани мӯй ва хусусан ҳангоми молиш додани он огоҳӣ пайдо кунанд. Гоҳе бад-онҳо аз тариқи тадбири пешгузашта ва аз тариқи он аразҳое далел бигиранд, ки аз қабили чизҳои бароят маъруф буда, ба ҳангоми ин [беморӣ] падид оянд ва бар хилти ғолиб далолат кунанд.
Гоҳе ба зуд ва ё дер беҳ шудани он бад-ин гуна огоҳӣ пайдо кунанд, ки ба ҳангоми молиш додан ва тарошидан пӯст ба сабаби кашида шудани хуни хуб ба сӯяш ё зуд ва ё дер сурх бигардад, вале молиши бисёр боиси реш бишавад ва рӯидани мӯйро боз дорад.
Фасли ҳаштум андар илоҷ
Бешубҳа тадбири дуруст он бошад, ки нахуст он хилти коргарро истифроғ кунанд, ба тан аз ғизоҳои бароят маъруф аз ҳама хубкимуси онҳоро бидароранд ва шароби муътадили омехта, андаке моил ба ширинӣ ва ба изофаи он тунуку равшан [бидиҳанд], зеро ин гуна [шароб] аз ҳама ғизобахштар аст. Гармоба кардан пеш аз ҳар бори молиш ва баъди он низ суд дорад. Пеш аз ҳама ба истифроғи тан пардохта, нахуст хилти коргарро бо ёрии доруҳои беруноварандаи он ва ё агар модда раг задан тақозо кунад, бо раг задан ба истифроғ оваранд. Сипас бо ёрии доруҳои андар бинӣ афкандашаванда, доруҳои бар бинӣ кашанда ва доруҳои ғарғаравие, ки бароят маълум буда, андар боби поксозии сар ба ҳасби ҳар як фасл ёд шудаанд, ба пок сохтани сар аз он [модда] бипардозанд.
Баъд, рӯй ба пӯст оварда, онро аз [моддаҳои] андар вай ҷойгирифта аз тариқи берун кардан ва ҳал намудани онҳо пок созанд. Андар ин кор шитоб кунанд, то пӯст ягон кайфияти устувори бад ҳосил накунад. Бе ҳеҷ шубҳа доруҳое, ки моддаи палидро аз он маҳалл истифроғ мекунанд, бояд буранда ва ба қадре ҳалкунанда бошанд, ки ба иллати сахт гармӣ овардан хушкӣ наоваранд ва ба пӯст хушкӣ набахшанд, зеро ин гуна [хушкӣ] агарчи шояд андар ҳозир «бемории рӯбоҳ»-ро бибарад, вале андар оянда сабаби рехтани мӯй хоҳад шуд.
Агар дору мисли софсиё, ки он андар ин бобат асли ҳама буда, аз он чора нест, бисёр гарм бошад, гармии онро бо равғанҳои муътадили бар вай ғолибоянда ва бо обҳо бо эҳтиёткорӣ бишикананд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор