Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Беҳтарин [софсиё] тозаи он аст ва оне, ки сесола шудааст, камқувват бувад. [Доруи] қавиро ҳаққ он аст, ки ба миқдори кам бигиранд, бештар биомезанд ва аз маҳалли тилокарда зуд бардоранд, вале ба ҳангоми камқуввати он ҳаққ ин аст, ки бар хилофи чунин корҳо амал кунанд.
Доруҳо бояд латиф бошанд, вагарна қуввати онҳо андар пӯст сахт фурӯ наравад. Онҳо бояд дорои қависозандагӣ ва боздорандагӣ бошанд, то сар ягон моддаи палидеро напазирад, вале набояд (268) бо ин гуна тақвият қабзкунандагии бисёр ёр бошад ва моддаро аз гузаштан ба сӯи он мавзеъ ва сипас ба сӯи масом боз дорад. Бояд дорои чунин қуввае бошанд, ки баъд аз ҳал кардани [бухори] фосиди андар пӯст буда хуни хуб ва бухори ситабри танро [ба сӯи пӯст] бикашанд, яъне бояд ҳам [бухори] табаҳи наздикро ҳал кунанд ва ҳам [бухори] хуби дурро бикашанд. Инҳоро баъд аз поксозӣ [ба кор баранд].
Ҳар гоҳ ин доруҳоро ба кор бибарӣ, бояд чӣ гуна таъсир кардани онҳоро ба назар бигирӣ. Нахуст бо онҳое оғоз кун, ки аз тариқи омезиш ва коҳиш додани миқдор камқувват гардонида шуда бошанд ва оқибати онро бинигар. Агар бибинӣ, ки бемор таҳаммули он дорад ва таъсири дору некфарҷом аст, қувват ва миқдори онро афзоиш бидеҳ, вале агар бемор тоб наоварад ва таъсир хатарнок бошад, аз тариқи костани миқдор ва бештар омехтан [таъсири] онро коҳиш бидеҳ. Бикӯш, то [дору] хусусан андар баданҳои ба сабаби мизоҷ, ё синну сол ва ё ҷинс нарм буда, боиси реш шудану омосидан нагардад.
Агар боиси омос кардану реш шудан бигардад, инро бо ёрии пиҳҳо чора намуда, масалан пиҳи мурғобӣ ва мокиён ва ё мумравғани нарм тило бикун. Ҳар гоҳ [омос] таскин ёбад, доруро ба андозае ба кор бибаранд, ки бемор бардошт кардан битавонад. Агар таъсир бузург бошад, то [бухорҳои] табаҳ ҳал ва хуби онҳо кашида шудан [бо дору] чунин рафтор кунанд. Нишонаи таъсири дору ба ҳангоми ин [беморӣ] он бошад, ки [пӯст] бо молиши нармтар ва камтар аз он молише сурх бигардад, ки пеш аз истеъмоли дору бо он миқдор аз молиш сурх мешуд, вале агар ҳол дигаргун нашавад, бидон, ки ба доруи қавӣ эҳтиёҷ аст. Агар [пӯстро] бо пора ба ҳадде сахт бимоланд, ки қариб бими пӯстрав шудан ба амал ояд, вале сурх нашавад ва сипас чун бо пиёз молиш диҳанд, низ сурх нагардад, андар ин ҳол аз нештар задани дардангез ва тило кардани, масалан, сир чора нест.
Аз ҷумлаи он чизҳое, ки ҳангоми пок сохтани пӯст аз моддаи бади «бемории рӯбоҳ» бад-онҳо эҳтиёҷ биафтад, девча ниҳодан, миҳҷама ниҳодан ва хастани сӯзанҳои бисёр ба шумор бираванд. Обила овардан бо доруҳои тезе, ки баъд ёд хоҳем кард, поксозӣ кардани маҳалли обилакарда ва беҳ сохтани он, то мӯй барояд, [ҳама] низ аз ҳамин ҷумлаанд. Яке аз тадбирҳое, ки аз барои ҳал шудани модда ёварӣ кунад, пайваста шабу рӯз пӯшидани кулоҳи намадин бувад, зеро ин моддаро ҳал кунад ва арақ оварад.
Бояд мӯйро ҳар ду-се рӯз як бор бо теғ битарошид ва ҳар бор, ки барояд, боз битарошанд. Пеш аз кор фармудани тилоҳо [низ] бояд мӯйро тарошид ва пораи дурушт, ё масалан бо пиёз ва ё бо пӯсти турб, чунонки ёд кардем,

то сурх шудан ва пазирои қувваи дору ва кушодамасом гардидан онро бимоланд. Бошад, ки гармоба ҷои молиш бигирад. Агар мӯйро натарошанд, доруро тунук созанд, то ки он то ба буни [мӯй] расидан битавонад.
Истифроғҳо бад-ин гуна аст, ки бояд [моддаи] сафровиро бо ҷӯшонидаи ҳалилаи дорои қувваи харбақ ва афитимун ва бо ҳабби қуқиё ва ёраи фиқро истифроғ оваранд.
Инчунин, ёраи дилаи ҳанзал хусусан аз барои [моддаи] балғамӣ хуб аст, вале агар андар ин миён савдо бошад, бо он миқдоре аз харбақи сиёҳ биомезанд ва агар сафро бошад, маҳмуда биомезанд. Ёраи Руфус ва луғозиё хусусан аз барои [моддаи] савдовӣ хубанд.
Бисёр бошад, ки як худи истифроғ беҳӣ бахшад. Намудҳои ин истифроғҳо аз он қабил чизҳоеанд, ки андар зимни гуфтаҳои бароят оварда аз ҳамаи онҳо огоҳӣ пайдо кардаӣ. Агар ягон чизи аз инҳо субуктаре бихоҳанд, андар моҳе се-чаҳор бор ба бемор ёраи талхе бидиҳанд, ки аз дилаи ҳанзал ва турбид таркиб ёфтааст. Агар як бор истифроғ овардан кифоят накунад, баъд аз осудагӣ додан андар миён ба такрор истифроғ оваранд.
Агар бибинӣ, ки пӯсти сар сурх ва рагҳо сурхи дамидаанд ва агар инро андеша воҷиб дорад, баъд аз раг задани ҳамагонӣ рагҳои сар ва рагҳои пешонию ду гижгоҳиро низ бизан, вале агар чунин [ҳоле] туро ба назар нарасад, ягон коре аз ин қабил накун, зеро хун андар он ҷой мавриди ниёзмандист.
Аммо доруҳои ғарғаравӣ, доруҳои андар бинӣ афканданӣ ва монанди инҳоро бошад, андар боби муолаҷаҳои сар донистӣ.
Доруҳои маҳаллӣ бошанд, қавитарини онҳо фурбиюнест, ки аз он се сол нагузашта бошад. Инро ба ҳамон тарзе ба кор бибаранд, ки мо андар зимни қонун баён намудем. Баъди он софсиё биистад, ки он ба ғоят аҷиб аст. Сипас тухми сипандон, хардал, хокистари коғна, ки бо зифти тар маъҷун карда бошанд, мавизаки бо равғани даҳмаст совида ва шири исфидакшир биистанд. Бо
[шири исфидакшир] обила оваранд ва обилаҳоро бикафонанд, то чизи андар зери онҳо буда битаровад. Ҳар гоҳ қишри онҳо биравад, аз зери он мӯй барояд.
Кабикаҷро бар андом ба муддати кам биниҳанд ва бадон ҳангоми «бемории рӯбоҳ»-и қавӣ эҳтиёҷ биафтад.
Баъд аз инҳо гӯгирд, ҳар ду намуди харбақ, тухми таратезак, кафки бура, ҳар ду намуди кафки дарё, пӯст ва бехи сӯхтаи най, саргини сӯхтаи муш ва гӯсфанд, (269) дорфилфил, хардал, фундуқи сӯхта, барги анҷир, кундуша, решаҳои момирон ва қатрон биистанд. Гоҳе андар зимни инҳо талхаи барзагов бидарояд.
Сипас бодоми талхе, ки бо пӯсташ сӯхта бошанд ва [136] кундури судае, ки як чанд рӯз андар сиркои навъи олӣ [тар карда бошанд], оянд. Харнуби набатӣ яке аз доруҳои ин иллат аст.
Беҳтарин равғанҳои андар ин бобат ба кор раванда равғани даҳмаст ва равғани беданҷир ба шумор биравад. Беҳтарини доруҳои мумӣ нахуст қатрон ва сипас зифт бувад.
Беҳтарини пиҳҳо пиҳи хирс ва хусусан куҳани он бошад.
Як доруи олудании хуб: хардалро бо қатрон биолоянд.
Як доруи олудании қавӣ: як мисқолӣ фурбиюн, софсиё ва равғани даҳмаст ва як мисқолӣ гӯгирди зинда ва харбақ, ки хоҳ сафед бошад, хоҳ сиёҳ, фарқ надорад, бигиранд ва аз онҳо бо як миқдори кофӣ аз мум мумравған созанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ