Қонуни тиб

Инчунин: ду бахш бураи ифриқӣ ва як бахш навшодирро гирифта, бисӯзанд, андар сиркои тез бисованд ва бар маҳалли [беморӣ] баъд аз молиш додан ин [доруро] тило кунанд. Баъди се соат чун дору хушк шуд, дигарбора тило кунанд ва ҳамин тариқ се рӯз муолаҷаро давом диҳанд. Агар обила кунад, он коре кунанд, ки ҳамедонӣ.
Низ: коғнаҳо ва хардалро андар ягон равған ба андозае биҷӯшонанд, ки чун ғолия бигардад ва сипас бо ин [чунонки ҳаст], маҳалли бемории каси қавиро обила оваранд, вале аз барои каси камқувват қуввати онро аз тариқи омезиш бишкананд.
Яке аз доруҳои аз инҳо сабуктар, ки аҷибу судманд аст: сиркои тез ва ба андозаи он равғани хуби гулро гирифта, сахт биомезанд ва сипас маҳалли [бемориро] бо пораи дурушт даллокӣ карда, бо он тило созанд. Агар он [ҷойро] бо ғолияе пок созанд, ки андар таркиби худ як миқдор софсиё дошта бошад, низ ҳамчунин бувад.
Бидон, ки кӯдаконро парҳез фармудан кифоят аст, бачаи навболиғро ба ним дирам ҳабби қуқиё ва бачаи даҳсола ба ду донг бардошт кардан битавонанд.
Фасли нуҳум андар баёни он чи ки мӯйро бирезонад
Ду бахш оҳак ва ду бахш зирнихро гирифта, бо каме сабре, ки андар онҳо ниҳода бошанд, тило кунанд ва худи ҳамон замон мӯйро бирезонад. Агар бахшҳои оҳакро бештар ва зирнихро камтар бигиранд, муътадилтар бувад ва агар оҳакро афзоиш бидиҳанд, агарчи дер амал кунад ҳам, вале таъсир кунад. Гоҳе оҳак ва зирнихро ду ба як бигиранд ва андар об ба ҳадде биҷӯшонанд, ки ба пари [фурӯкарда] даровезад. Агар андар он об дубора [биҷӯшонанд], беҳтар бувад ва агар андар офтоб биниҳанд, боз беҳтар бошад. Он обро бигиранд ва миқдори каме аз равғанро андар миқдори бисёре аз он об биҷӯшонанд, то қуввати онро ба худ бигирад. Сипас бо он тило кунанд.
Гоҳе он обро ба ҳоли худ бигузоранд, то намак бибандад ва он намакро андар об ба кор бибаранд. Садафҳои оҳаксохта ҳамчун оҳаку зирних таъсир доранд ва латифтар бошанд. Агар ба ҷои оҳак оби оҳакро бигиранд, ки андар он аз тариқи офтоб додан ва ё ҷӯшонидан оҳакро шуста бошанд ва андар он об зирнихи суда биафзоянд, хуб хоҳад буд. Гоҳе девчаи сабзеро ба кор бибаранд, ки андар зери кӯзаҳо падид оянд.
Агар бихоҳанд, ки мӯи рӯянда тунук бошад, андар оҳак хокистари ток ва ё бура биафзоянд ва бисёр бигардонанд. Сипас онро бо орди ҷав, боқилӣ ва тухми харбуза бишӯянд. Гоҳе оҳаку зирнихро, масалан, бо оби кашк ва оби гуринҷ мураккаб созанд, гоҳе андар он мурр ва мастако биафкананд ва гоҳе дигар онро бо кафки дарё тақвият бидиҳанд.
Фасли даҳум
андар муолаҷаи касе, ки аз оҳак сӯхта бошад
Онро бояд кам тагу рӯ кунанд ва зуд бишӯянд ва пеш аз ин равғани гул биолоянд. Агар ӯро бо оби гарм шуста, андар оби сард нишонанд, ин илоҷи хубе бувад. Сипас бар [маҳалли осебдида], хусусан агар сӯхта бошад, наски сафед тило кунанд. Агар бисёр сахт сӯзонда бошад, аз кор фармудани масалан марҳами сафеда ва тило кардани мурдосанге чора нест, ки бо сафедии хояи мурғ, равғани гул ва кофур парварда бошанд.
Фасли ёздаҳум андар баёни он чизҳое, ки бӯи оҳакро бибуронанд
Бояд баъди он гили андар хушбӯиҳо парварда, ё гилро бо сирко ва оби гул тило кунанд. Барги шафтолу андар
ин бобат хосияти аҷибе дорад. Барги ток, барги шоҳисфарами совида ва ҳино низ ҳамчунинанд. Коҷира, гул, мушки замин, сукк, изхир ва монанди инҳо ё ягон-ягон ва ё
якҷоя [бӯи оҳак] бибаранд. (270)
Фасли дувоздаҳум
андар баёни доруҳое, ки
мӯйро рӯидан нагузоранд
Мӯйро доруҳои карахткунандаи сардиоваранда рӯидан нагузоранд. Масалан, нахуст мӯйро бирезонанд ва сипас бо банг, афюн ва сирко тило кунанд ва шавкаронро ё ҳамроҳи онҳо ва ё алоҳида ба кор баранд, вале агар андар сирко ҷӯшонида бошанд, боз хубтар хоҳад буд.
Ҷирми ғуки бешагӣ ба шакли хушконида аз ҷумлаи доруҳои манъсозандаи рӯидани мӯй ба шумор биравад. Онро бисованд ва бо луоби аспғул, ё афшураи банг ва ё сирко сиришта, ба такрор [ба кор баранд]. Гуфтаанд, ки тило кардани равғане, ки андар он азоя (келаск) аз тариқи ҷӯшонидан аз ҳам рехта бошад, яке аз василаҳои мӯйро аз рӯидан боз доштан аст. Тило кардани равғане низ ҳамчунин аст, ки андар он хорпушт ҷӯшонида бошанд, вале гоҳе андар баёни он акси ин ҳукмро баровардаанд.
Яке аз чизҳое, ки андар ин бобат ёд кардаанд, ин аст: аз гили қимулиё ва сафедаи арзиз бахшҳои баробар ва аз замч ним бахш гирифта, онҳоро бо оби банги тоза бисованд.
Ба тасдиқи гурӯҳе аз мардумон хуни ғуки бешагӣ ва хуни сангпуштҳои рӯдӣ гӯё мӯйро рӯидан намегузоштааст ва низ гуфтаанд: «Хуни шабпара ва мағзу ҷигари он низ ҳамчунинанд». Гоҳе аз инҳо дору сохта, гуфтаанд:
«Ғукҳоро аз найзорҳо бигиранд, бихушконанд ва аз гӯшти хушконидаи онҳо, аз хуни хушконидаи сангпуштҳои рӯдӣ, аз бураи сурх, аз мурдосанг ва аз садафи сӯхтаи марворид бахшҳои баробар гирифта, бо об маъҷун созанд ва барои резондани мӯи зиҳор ва зери бағал ба кор баранд». Тухми газна бо равған яке аз доруҳоест, ки мӯйро ба таври қавӣ бирезонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор