Қонуни тиб

Фасли сездаҳум
андар доруҳои гесӯгунасозандаи мӯй
Мисолашон инҳост: орди ҳулба ва равғани он; сидри сафед; мурр; мозу; оҳак; ва мурдосанг. Инҳоро ё ба ҳам биомезанд ва ё бо бархе аз онҳо иктифо намуда, бо он сарро бипӯшонанд. Гоҳе андар таркиби инҳо тухми банг ва равғани он бидароянд ва гоҳе бангро, чунонки ҳаст, танҳо ба кор бибаранд. Оҳак аз ҷиҳати тафсонидан ва андаке сӯзонидан андар ин шумор бидарояд. Хусусан агар ба андозаи ду сеяки он бо вай сидр ҳамроҳ намуда, ҳар дуро бо оби сард маъҷун созанд, [беҳтар бошад]. Ҳамчунин кафки намаки талх мӯйро сахт марғула созад.
Як доруи гесӯгунасозандаи хуб: аз мозу, газмозу, сӯнеши сурби сиёҳ, барг ва донаи сарв, донаи биҳӣ, мурдосанг, касиро, гили хузистонӣ ва омула як бахшӣ ва аз оҳаки обнорасида ним бахш гирифта, бо оби чугундар маъҷун созанд ва ба кор баранд. Ин мӯйро марғула ва сиёҳ созад.
Фасли чаҳордаҳум андар баёни он чи ки мӯйро ҳамвор созад
Илоҷи ин чун илоҷи шиканандагии мӯй аст, ки ёд хоҳад шуд. Умуман, равғанҳои нармкунанда ва луобҳои тарсозандаро ба кор бибаранд.
Фасли понздаҳум андар баёни шиканандагии мӯй
Сабаби ин хушкӣ ва ғизои хушк аст ва равғанҳои нарми муътадил, луобҳои часпаке аз қабили луоби хитмӣ, луоби аспғул, луоби барги бед ва ҳамаи он чизҳое, ки дорои хусусияти тариовариянд, пеши он бигиранд.
Фасли шонздаҳум андар баёни он чи ки мӯйро борик кунад
Агар андар таркиби доруҳои мӯй бура бидарояд, онро борик хоҳад кард.
Фасли ҳафтдаҳум гуфтор андар баёни барноӣ ва мӯйсафедӣ
Мо сабаби барноӣ ва мӯйсафедиро андар дигар ҷой овардем ва он чи ки ҳоло ёд кунем, ин аст: То даме, ки хун равғанӣ, ситабр ва часпон аст, мӯй сиёҳ бимонад ва ҳар гоҳ фазлаи обӣ ба худ бигирад, мӯй ба сафедӣ бигарояд.
Фасли ҳаждаҳум андар баёни он чи ки сафед шудани мӯйро ба таъхир биандозад
Бархе аз сабабҳои оҳиста сохтани суръати сафедӣ тадбир кардани сабабҳои аввалист ва бархе дигар тадбир кардани он чизест, ки ба худи мӯй рафта бирасад. Бахши якум ин аст, ки ҳар сари чанд вақт хусусан аз тариқи қай овардан аз паси таом ва инчунин аз тариқи ҳуқнаҳо хилти балғамиро ба истифроғ оваранд. Андар миён дам бигиранд ва боз аз нав такрор кунанд. Сипас маъҷунҳо ва доруҳои барносозандаеро ба кор бибаранд, ки баъд ёд хоҳем кард ва баробари он ғизоҳои хубкимуси аз ҷинси он чизҳоеро ба таври муътадил истеъмол кунанд, ки аз онҳо хуни сутудаи қавӣ зода шавад. Мисоли ин ғизоҳо қаляҳо, чизҳои бар тоба бирёнкарда, кабобҳои [гардон] ва гӯштбирёнҳо мебошад, на шӯрбоҳову тараҳо. Бояд кӯшид, ки онҳо ба андозаи гуворидан бошанд, зеро ин чизи асосист ва агар гувориш табаҳ бигардад, хун ҳам табаҳ хоҳад шуд.
Агар мизоҷ ниҳоят тар бошад, бояд гармдоруҳои аз қабили хардал, мурч, дегафзорҳо, комаҳо, обкомаро, хусусан ношито ва чугундарро бо хардал ба кор бибаранд, (271) бар шароби андаки холис кифоят кунанд ва аз меваҳо ва тараҳои тариоваранда, ширҳо, моҳӣ, ҳариса, асида, оби бисёр ошомидан, бисёр раг задан, чидани мӯй, мастии ба ифрот, ҷимоъи бисёр, расонидани, масалан, кофур, гулоб ва равғани ёсамин бар мӯй парҳез кунанд. [Низ бояд] аз бисёр кор фармудани оби хуш ба тариқи шустушӯй дурӣ ҷӯянд ва агар чунин кор кунанд, бояд [мӯйро] зуд хушк кунанд ва оби онро бичинанд. Вале шустани мӯй нигоҳдорандаи [137] қувваи он бувад. Ҳар гоҳ гармоба кунанд, масалан, дилаи ҳанзал, сиёҳдона, бура ва талхаи барзаговро ҳамчун доруи шустушӯӣ ба кор бибаранд.
Аммо мисоли маъҷунҳо ва гиёҳҳои доругие, ки моддаи балғам бибуранд ва сафедии мӯйро ба таъхир биандозанд, ин аст, ки ҳар рӯзе ба ҳисоб як дона ҳалилаи кобулиро дер ва оҳиста бихоянд ва фурӯ баранд. Ин бошад, ки то охири умр барноиро нигоҳ дорад. Итрифалҳои чи хурд ва чи бузурги аз ҳалилаҳо сохта ва маъҷуни рими оҳан низ ҳамчунинанд, вале беҳтар он аст, ки андар таркиби ин [маъҷун] зар бидарояд.
Аз ҳамин қабил аз ҳалилаи сиёҳ ва омула як бахшӣ ва аз ангубини балозур, ки аз балозур ҳосил кунанд, ним бахш гирифта, бо равғани зард биомезанд ва бо ангубин сиришта сохта, ба кор баранд. Ин сахт қавист ва бояд андакандак ва ба қадре ба кор бурд, ки таъсири бад наоварад.
Анақардиё261 қавист, масрудитус қавист ва тарёк низ қавист. Агар ба хӯрдани гӯшти афъиҳо одат кунанд, он барноӣ ва қувватро нигоҳ дорад.
Сифати як маъҷуни муътадили хуб: ҳалилаи сиёҳ, баранг, дорфилфил, омула, гоҳе ба ҷои дорфилфил рими оҳан ва шакарро гирифта, аз инҳо итрифал бисозанд.
Яке аз [доруҳои] хуби санҷидашуда: аз занҷабил, ҳалилаи кобулӣ ва дорфилфил бахшҳои баробар гирифта, ба кор бибаранд.
Инчунин, як [доруе], ки аз мост: бист дирам ҳалилаи кобулӣ, чаҳор дирам рими оҳан, панҷ дирам ғориқун ва се дирамӣ занҷабил, дорфилфил ва мехакро гирифта, бо ангубин маъҷун созанд ва ба кор баранд.
Ин доруҳои барносозандаро бояд як соли комил ба кор бурд. Агар каси дӯстдори барноӣ аз ин гуна маъҷунҳо биошомад, бояд то ним рӯз бо ҳамон қаноат варзад ва сипас ғизо бихӯрад.
Фасли нуздаҳум доруҳои олудание, ки мӯйро аз сафед шудан боз доранд
Ҳамаи равғанҳои гарми қувватбахшанда ва ҷамиъи доруҳои обакие, ки андар табъ шабеҳи онҳоанд, мизоҷи мӯйро бар гармии модарзодии хеш ба гунае нигоҳ доранд, ки баробари он ҳар чӣ аз ғизо, ки ба сӯи мӯй ҳамеояд, кара набандад. Мисоли инҳо қатрон буда, онро тило кунанд ва чаҳор соат бигузоранд, сипас ба гармоба бидароянд.
Ин барои худованди сари сардмизоҷ низ дору бувад.
Зифти тари равони тунук ҳам чунин аст. Равғани қуст, ки сахт қавист, равғани бон, равғани сиёҳдона, ки қавитарини ҳамагон аст ва равғане, ки аз дилаи ҳанзал ва равғани хардал бисозанд, аз ҳамин қабил буванд. Равға ни қавии хуб онест, ки аз равғани хардал ва равғани сиёҳдона бисозанд ва андар он нахуст сиёҳдона ва сипас ҳанзал ва ё ҳар дуро баробар биҷӯшонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор