Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Агар бо равғани зайтуне, ки аз зайтуни даштӣ кашидаанд, пайваста ҳар рӯз мӯйро равған кунанд, аз сафед шудан боз дорад.
Як равғани хуб: се қист равғани зайтуни норасид, якуним уқия сунбул, ним уқия нохуни дев ва ним уқия шукуфаи изхир бигиранд. Доруҳоро ё андар равған то сеяки он боқӣ мондан биҷӯшонанд ва ё андар об чандоне биҷӯшонанд, ки об қуввати онҳоро бисёр сахт бигирад.
Сипас равғани зайтунро андар он об то тамом рафтани об биҷӯшонанд. Андар ин гуна ҳолат аз ҳама хуб он аст, ки миқдори равғани зайтунро коҳиш дода, то ба яку ним қист бирасонанд. Баъд, як уқия ақоқиёро гирифта, бо шароб нарм кунанд ва нарм бисованд. Ин ақоқиёро бо он равған биомезанд ва ба кор бибаранд.
Як равғани хуб: ба андозаи баробар равғани пунбадона, равғани мӯрд ва равғани омуларо гирифта, аз маҷмӯи онҳо як ратл бигиранд ва ба андозаи баробар мушки замин, салиха, сунбул, сиёҳдона, мехак, дилаи ҳанзал, қуст, уди хом, шукуфаи (272) изхир ва наи наҳовандӣ гирифта, аз маҷмӯи инҳо сад дирам бигиранд. Сипас онҳоро андар чаҳор ратл афшураи ҳанзал ва ё агар ёфт нашавад, [андар чаҳор ратл] афшураи пӯсти гавз биҷӯшонанд. Ҳар гоҳ об ба ним бирасад, бар вай равған бирезанд ва онро пайваста то боқӣ мондани равғану рафтани об биҷӯшонанд. Сипас онро полуда, ба кор бибаранд.
Як олудании хуб, ки ҳатто [сафедии] нав падид омадаро бибарад: ақоқиё, мозу, ҳулба, тухми банг, кашнизи хушк, сунбул, лозан, афшураи хушконидаи пӯсти гавз, афшураи хушконидаи лола, занги оҳан, рӯсӯхта, баранги кобулӣ ва замчи сиёҳро гирифта, аз онҳо қурсҳои тунуке бисозанд, хушк кунанд ва андар моҳе се бор аз тариқи тило намудан бо оби омула ва ё оби мӯрд ба кор бибаранд.
Як доруи хуби бар сар андуданӣ (ғалуф): аз ҳалилаи сиёҳ, омула ва мозу даҳ [бахшӣ], аз лозан бист [бахш] ва аз барги мӯрд ва мӯрддона сиҳ [бахшӣ] гирифта, андар се ратл равғани зайтун афкананд ва се рӯз бигузоранд. Сипас онро то ситабр шудан биҷӯшонанд ва бар сар андуда кунанд.
Яке аз доруҳое, ки аз мо пешгузаштагон ва низ ҳамзамонони мо онро санҷидаанд: як дирам зоги сурхи балхиро биошоманд, мӯйҳои сафед бирезонад ва ба ҷои онҳо мӯйҳои сиёҳ бирӯёнад, лекин бад-он танҳо каси қавитани тармизоҷ таҳаммул кардан битавонад. Бояд баъди он ягон чизе истеъмол кард, ки шушро пок намуда, ба он тарӣ бахшад.
Фасли бистум андар баёни хизобҳо

Андар китобҳо гоҳе равғанҳое ёфт шаванд, ки онҳоро хизоб гумон кунанд, вале таҷриба нишон диҳад, ки агар бар қувваҳои хосси растаниҳои доругӣ бахши равғанӣ ғолиб ояд, миёни онҳо ва мӯйҳо ҳоил биафтад ва онҳо андар мӯйҳо нуфуз кардан натавонанд ва агар андар ин ҳол қувваи бисёр қавӣ ва хосияти бузург ҷой надошта бошад, ин [доруҳо] ҳеҷ таъсире нахоҳанд расонд. Қувваи ниҳоят қавиро танҳо аз чизҳое метавон чашмдор буд, ки ба таври қавӣ рангкунанда буванд. Мисоли инҳо занги оҳан, занги сурб ва бахши обии пӯсти гавз мебошад.

Агар қувваҳои ин доруҳо ва амсоли инҳоро андар равғанҳо аз тариқи полоиш бигузаронанд ва доруҳои гузаронандае чун сирко ва хамр [барои гузаронидани онҳо] миёнчӣ шаванд, шояд ягон таъсире аз инҳо барояд. Аз ҳамин қабил ман дидаам ва шунидаам, ки мардумоне ба дурустии гуфтаи зерин гувоҳӣ диҳанд: агар яке аз решаҳои гавзро андар оғози баҳор бибуранд ва андар шишаи равғандоре дароварда, ҳар дуро андар замин бигӯронанд, ин [реша] чизи андар шиша бударо аз тариқи кашидану ҷабидан ба худ бикашад ва сипас чун онро андар хазон раҳо кунанд, бахши бештари он дубора ба шиша бозояд ва ҳамчун хизоб ба кор равад. Аксарияти он чи ки андар ин бобат суд бахшад ва таъсир кунад, ба сабаби полоиш бувад.
Сипас рангҳое, ки бо онҳо мӯйро ранг кунанд, се намуданд: сиёҳкунанда; маллакунанда; ва сафедкунанда. Ҳоло мо ба ёд кардани чанде аз рангҳои сиёҳкунандаи хуб бипардозем.
Фасли бисту якум андар баёни доруҳои сиёҳкунандаи мӯй

Ҳино ва васма ҳамон асосест, ки мардумон бар он иттифоқ кардаанд. Таъсири ин ду ба ҳасби гуногун будани қобилияти мӯйҳо гуногун бувад. Одамон нахуст аз ҳино оғоз кунанд, сипас баъди шустани ҳино васмаро ҷуфти он созанд. Ба ҳангоми [ниҳодани] ҳар кадом аз ин ду як миқдор сабр кунанд ва ҳар қадар бештар сабр кунанд, хубтар хоҳад буд. Бархе аз одамон ҳар дуро якҷоя ба кор баранд ва бархе дигар танҳо бо ҳино кифоят кунанд ва ба малларанг гардондани мӯй розӣ шаванд. Бархе дигар танҳо ба васма кифоят намуда, ба товусиранг гардонидани он розӣ бошанд. Васмаи ҳиндии хуб аз ҳама зуд бигирад, лекин сахт товусию малла созад. Васмаи кирмонӣ камрангтару дергиранда аст, лекин рангаш ба сиёҳии мӯйгун бизанад ва чандон товусӣ набошад. Ҳар кӣ ранги васмаро ба ранги мӯй гардондан ва маллагунию баландии ранги онро нест кардан бихоҳад, ҳарчанд ки пеш аз он ҳино ба кор бурда бошад ҳам, боз аз болои он ҳино ба кор бибарад. Ин товусирангии онро бибарад ва ранги мӯӣ боз орад. Бояд ниҳодани он дер давом накунад, балки зуд онро бишӯянд, яъне ман ҳиноеро дар назар дорам, ки баъд аз хизоби якум ниҳода бошанд. Бархе аз мардумон онро бо оби тутум, оби анор ва ё оби дӯғ ҷамъ созанд ва ё бо ҳар ду тарф ва оби пӯсти гавзро мураккаб созанд. Ҳамаи инҳо кумак расонанд.
Бархе дигар онҳоро бо обе ҷамъ созанд, ки андар он оҳак ва мурдосангро аз тариқи ҷӯшонидан ва андар офтоб ниҳода, то ба ҳадди сиёҳ сохтани пашмина парварида бошанд.
Ин низ хуб аст. Агар андар хизоб як дирамсанг мехаки ниҳоят сиёҳ биафзоянд, зиёни онро аз сӯи мағз бигардонад.
Аммо (273) хизоби дигаре, ки бисёр, вале на ба андозаи аввалӣ ба кор баранд, чунин аст: мозуро гирифта, бо равғани зайтун пок кунанд ва бисӯзанд ва аз ҳама беҳтар он аст, ки андар деги гилкорикарда [бисӯзанд]. Ғояти сӯзиш бояд ба андозае бошад, ки он сиёҳ шавад ва совиданаш мумкин бигардад. Андар ин кор муболаға накунанд. Сипас аз он бист дирам, аз рӯсӯхта даҳ дирам, аз замч ду дирам ва аз намаки даронӣ як дирам гирифта, аз он ҳо хизоб омода созанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ