Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ин мӯйро ба таври устувор сиёҳ кунад. Гоҳе онро ба нусхаи зерин ба кор баранд: як ратл [138] мозуро бо равғани зайтун пок кунанд ва то кафидан бирён кунанд. Баъд, аз рӯсӯхта, замч ва касиро понздаҳ дирамӣ ва аз намак ҳафт дирам гирифта, ҳамаро нек бисованд ва бо оби гарм сиришта, хизоб кунанд ва се соат бигузоранд, биистад. Гоҳе бо он ҳино ва васма биомезанд.
Хизобе, ки баъди ин машҳур аст, хизоби зерин бувад:
аз оҳак, мурдосанг, гили хӯрданӣ, ё гили хузистонӣ, ё гили қимулиё ва ё кадоме аз намудҳои гили саршӯиро нагирӣ, фарқ надорад, бахшҳои баробар гирифта, бо об ҳамчун хизоб маъҷун созанд, ба кор бибаранд ва бо барги чугундар болои онро бипӯшанд. Асоси кор андар он сахт судани мурдосанг аст. Агар оби он оби ҳино ва васма бошад, ки аз тариқи ҷӯшонидан ва ё андар офтоб ниҳодан полида бошанд, боз беҳтар хоҳад буд. Лекин бояд қариб шаш соат онро нигоҳ доранд. Инчунин, аз ҳино, васма, мурдосанги чун сурма совида, оҳак, мозуи бирён, рӯсӯхта, замч, гил, касиро ва мехак бахшҳои баробар гирифта, бо онҳо хизоб кунанд.
Андар ин бобат хизобҳои сиёҳкунандаи [дигаре] ҳастанд, ки андар китобҳо ёд шудаанд ва ман аз онҳо ҳамонҳоеро биоварам, ки қобили пазируфтан ва боварибахшанд.
Сифати як хизоби хуб: як бахш ҳино, ду бахш васма ва аз рӯсӯхта, замч, намаки даронӣ, мозуи бирён ва рими оҳан бахшҳои баробар гирифта, бо сирко бисованд ва бигузоранд, то туруш шавад ва сипас ба кор бибаранд.
Яке аз доруҳое, ки андар ин бобат ёд кардаанд: рими оҳанеро бигиранд, ки пеш аз ин онро андар сиркои хамрии чаҳор ангушт бартар аз он нек бисованд, то ним расидани сирко биҷӯшонанд ва сипас ду ҳафта андар он [сирко] бигузоранд, то ҳамагон занг бизананд. Баъд, як чанди ин рим ҳалилаи сиёҳ бигиранд ва онро баъди совидан андар он сирко афканда, чандоне биҷӯшонанд, ки сирко хушк шуда, чун халуқ бигардад. Сипас онро андар равған ғарқ кунанд ва боз ба андозае биҷӯшонанд, ки мисли ғолия бигардад. Агар бихоҳӣ, онро хушбӯӣ бизан.
Агар ин [таркиб] бо вуҷуди бахши равғанӣ доштан мӯйро ранг кунад, ин ба қуввати занги оҳан вобастагӣ дорад.
Инчунин, рими симеро андар ҷумлаи доруҳои қавии сиёҳкунандаи мӯй шуморидаанд, ки онро андар сирко сахт ҷӯшонида бошанд, вале ба наздики ман дӯстдоштатар он аст, ки агар ба ҷои сирко турушаи норинҷ ва ё турунҷро бигиранд ва ба ҷои ҷӯшонидан андар онҳо як муддат оҳан ниҳода бошанд.
Низ гуфтаанд: «Агар як қабат лола ва як қабат замч ва суккро ба нисбати як ратл лола бар ду уқия аз инҳо андар хуме кунанд ва он [хумро] андар зери пору бигӯронанд, хизоб бигардад».
Инчунин гуфтаанд: «Агар гиёҳи сабзи ҷавро пеш аз сар кашидан бо ним чанди он аз замч андар шиша гирифта, ба зери саргин бигӯронанд, ҳамаи он ба оби сиёҳ ва олудании сиёҳкунанда табдил ёбад».
Низ гуфтаанд: «Агар кадуи сабзро ба ҳоли андар вора будан бибуранд, чизи андарунаш бударо берун оварда, андар он намак ва миқдори каме рими оҳан биниҳанд ва бахши буридаро дубора ба ҷояш ниҳода, гилкорӣ кунанд, ҳамаи чизҳои андаруни он буда ба оби сиёҳи хи

зобӣ ва мидод табдил ёбад».
Гуфтаанд: «Агар барги кабарро бисованд ва бо шир, хусусан шири инсон то ба сеяк расидан ҷӯшонида, як шаби тамом бигузоранд, хизоби хубе хоҳад шуд». Вале ба наздики ман беҳтар он аст, ки инро аз ҷумлаи нигоҳдорандагони мӯй ҳисобид.
Ҷолинус низ бад-ин гуна хизоб шаҳодат дода, гуфтааст: «Шукуфаеро, ки андар дарахти гавз мисли хӯшаи ангур аст, бигиранд ва бо равғани зайтун совида, бо каме аз мумиёи моеъ тило кунанд». Бархе аз пизишкон гуфтааст, ки агар бо он саргини буз биомезанд, беҳтар бигардад.
Гуфтаанд: «Ҳамчунин, агар пӯсти бехи падаро бо равғани зайтун совида, [сарро] чарб кунанд, мӯйро сиёҳ хоҳад кард». Ба наздики ман чунин аст, ки он агарчи рангкунанда бошад ҳам, вале таъсирашро (274) равғани зайтун кам кунад ва агар ба ҷои равғани зайтун об мебуд, шояд беҳтар мегардид. Ақидаи ман оид ба гуфтаи зерини Фулус низ ҳамчунин аст: «Агар барги лоларо андар равғани зайтун ба андозае бисованд, ки мисли ғолия бигардад, хизоб хоҳад шуд». Агар маъно ҳамин бошад, аз ягон чизи [доруро] ба андарун барандае чун замч чора нест. Гуфтаи онҳо оид ба парваридани равған бо пӯстҳои гавз, андар оби худ ҷӯшонидани он ва афзудани андаке аз замч андар он низ ҳамин гуна буда, ҳамаи ин тадбирҳо аз қабили он чизҳоеанд, ки қувваи [доруро] нотавон кунанд.
Чунин гуфта, ки бояд равғанро андар оби лола то хушк шудани об биҷӯшонид, низ аз ҳамин қабилҳост. Мисоли [дигар] гуфтаи зерин аст: «Бояд равғани кунҷидро бигиранд ва андар он ба қадри сеяки [равған] омула афканда, як соат нарм биҷӯшонанд ва биполанд. Сипас, ба ҳар як ратл чаҳоряк ратл тахтаҳои тунуки сурб бигиранд ва пайваста омезиш дода, нарм биҷӯшонанд, то сурб гудохта нашавад ва то равған афрӯхта нагардад. Сипас онро се рӯз бигузоранд ва баъд аз он ба кор баранд». Ман мегӯям, ки хусусан агар андар таркиби он замч мебуд, аз ин ягон умеде мебуд.
Гуфтаанд: «Ҳамчунин, агар равғани бонро андар тиҳигоҳи норгил рехта, сипас онро хуб гилкорӣ кунанд ва бо эҳтиёт андар танӯр биниҳанд, ин равған аз он ҷой ҳамчун хизоб берун ояд». Вале агар инро аз ҷумлаи доруҳои пешгирикунандаи сафедии мӯй меҳисобиданд, беҳтар мебуд.
Низ гуфтаанд, ки агар мавизро аз дона пок кунанд ва мисли сурма нарм суда, андар равғани кунҷид биафкананд ва як моҳ зери саргин кунанд, аз барои мӯи ранграфта хизоби хубе хоҳад шуд. Яке аз чизҳои қариб ба дараҷаи иҷмоъ расида ин аст, ки хояи лаклак хизоби қавист ва хояи ҳубара низ ҳамчунин бувад. Андар замони мо ба рӯзгори зиндагии шоҳ Шамсуддавла,262 Худо равони ӯро пок дорад, чунин иттифоқ афтод, ки яке аз юзҳои ӯ бар бахше аз риши юзбони андар бараш хобида саргин андохт ва он бахшро ба ранги сиёҳ хизоб намуд.
Фасли бисту дуввум андар баёни ғолия, ки онро сутудаанд

Гуфтаанд: «Панҷоҳ дирам омула, якуним ратл оби мӯрди сабзи фишурда ва чаҳор ратл обро гирифта, то ба ним расидан биҷӯшонанд ва сипас аз оташ фуруд оранд.

пешина
аз 1215
навбатӣ