Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Баъд панҷоҳ дирам хитмӣ, панҷоҳ дирам ҳино, панҷоҳ дирам васма, бист [дирам] мозуи бирён, даҳ [дирам] зог ва панҷоҳ [дирам] самғро гирифта, андар он биафкананд ва аз тариқи ҷӯшонидан ситабр созанд. Баъд, вайро бо сукк ва мушк хушбӯй гардонанд ва ҳар чиро, ки хизоб кардан бихоҳанд, онро ба қадри пурра пӯшонидан бад-он ҷой бимоланд».
Низ гуфтаанд: «Сиҳ дирам равғани пунбадонаро гирифта, андар он аз сӯҳонрезаи оҳан, сӯҳонрезаи сурб ва рӯсӯхта чаҳор дирамӣ афканда, ҳамаро якҷоя бисованд ва бигузоранд, то сиёҳ бигардад. Сипас биҷӯшонанд, ба қивом оранд ва бо мушк хушбӯяш созанд».
Бидон, ки ҷави сӯхта, пӯсти боқилӣ ва пӯсти анор аз ҷумлаи он чизҳоеанд, ки андар зимни хизобҳо ҳамчун ҳино бидароянд. Пӯсти гавз низ ҳамчунин аст. Мо доруҳои хизобро андар [Китоби] доруҳои сода ёд кардем ва асоситарини онҳо инҳост: шитараҷ; мурр; ҳузаз; хардал; намак; харбақ; сармаҷ; омула; пари сиёвушон; лола; ҳино; васма; миси сӯхта; рими оҳан; оби пӯсти боқилии сабз; пӯсти гавз ва оби он; ақоқиё; ҳулба; тухми чугундар; мӯрд ва донаи он; лозан; мурдосанг; оҳак; ҳамаи римҳо; ва ҳамаи сӯҳонрезаҳо.
Фасли бисту севвум андар баёни доруҳои маллагун созанда ва он чи ки ба равиши онҳост

Гуфтаанд, ки агар наи набатии сабзи аз пӯст поккардаро гирифта, аз як сари он оташ дардиҳанд, [оби аз сари дигари он] чакида мӯйро ба ранги зар хизоб кунад. Занги оҳан бо оби зоге низ ҳамин гуна бувад, ки агар ба қадри истодани ҳино бар мӯй биистад. Ё аз ҳино, дурди шароб ва ротиёнаҷ ба миқдори баробар ва андаке аз изхир гирифта, бо он мӯй хизоб кунанд. Ё ҳиноро бигиранд ва баъд аз маъҷун сохтан бо ҷӯшонидаи кундуша бо он мӯйро хизоб кунанд.
Гуфтаанд, ки бо замч ва испарак,263 бо заъфарон ва ё бо мурр ва шӯра264 хизоб кунанд ва як шабу як рӯз бигузоранд. Гоҳе инро якчанд рӯз такрор кунанд. Агар мӯйро якчанд бор бо боқилии мисрии бо сирко маъҷун сохта тило кунанд, сурх бигардад. Низ, даҳ дирам боқилии мисрии совида, панҷ дирам мурр, се дирам дурди хушконида ва сӯхтаи шароб ва ба миқдори кифоят оби хокистари ток бигиранд.
Як доруи ба таври қавӣ сурхкунанда: ду уқия тутум, се уқия мозу, (275) ду уқия озариюни зард, ду даста пари сиёвушон, як даста афсинтин ва ду каф боқилии мисрии муқашшари хушкро гирифта, бикӯбанд ва андар даҳ ратл об якчанд рӯз тар кунанд, сипас онро ба ҳоли нимгарм бар сар зимод созанд.
Гуфтаанд, ки мушки замин ва кундушаи андар об сахт ҷӯшонида [139] мӯйро ба таври қавӣ маллагун созанд. Низ, гуфтаанд, ки дурди шаробро ба таври сӯхта ва ё носӯхта гирифта, бо равғани бон ва ё равғани изхир биомезанд.
Фасли бисту чаҳорум андар баёни доруҳои сафедкунандаи мӯй

Аз ҷумлаи [доруҳои сафедкунанда] инҳост: саргини парасту; ё насрин; ё мош; ё шукуфаи бусини265 сафед; ва ё пӯсти турб, талхаи барзагов, бухори гӯгирд, шу

куфаи кабар ва шукуфаи зайтун, ки [ҳар кадомро] ҷудо-ҷудо ва ё якҷоя хусусан бо сирко ва хусусан баъд аз доштани [мӯй] бар бухори гӯгирд [ба кор баранд].
Ё тухми росан, пӯсти хушки турб ва замчро гирифта, аз тариқи кӯфтан бо ним бахш самғи арабӣ ҷамъ созанд.
Низ, барги насрин, пӯсти хашхош ва луффоҳ, агар ба ҷои ин ду банг бошад, қавӣ хоҳад буд, бигиранд ва ҳамчун хизоб биомезанд. Агар андар таркиби он кофур ва гулоб бидароянд, беҳтар бигардад. Гоҳе мӯйро тар кунанд, сипас андар гӯгирд бипечанд ва баъд бо он бахур кунанд. Андар як шаб ду бор чунин кор кунанд.
Фасли бисту панҷум андар пешгирӣ кардани ҳолатҳое, ки баъди хизоб рӯй диҳанд

Бештари намудҳои хизоб мағзро сардӣ оваранд, ӯро табаҳ кунанд ва барои пазируфтани назла, сакта ва монанди он омода созанд. Инро бо ёрии он чи ки қарини хизобҳо гардонида бошанд, муолаҷа кунанд ва ё аз паси [хизоб] аз миёни хушбӯиҳои гарм, масалан, мушк, мехак ва монанди онро ба кор бибаранд. Гоҳе аз сабаби хизоб чунин ориз бигардад, ки мӯйҳо мисли мех рост шаванд, гесӯгунагии онҳо биравад ва ниҳодашон баднамуд бигардад. Ин ҳолро бад-ин гуна пешгирӣ кунанд, ки хусусан аз барои мӯи дурушти ба чунин ҳол гирифторшаванда бо хизобҳо чизҳои нармкунанда ва гесӯгунасозанда ҳамроҳ кунанд. Гоҳе аз сабаби хизобҳо мӯй намадӣ бигардад, риш дарҳамрафта шавад ва мӯйҳо бишкананд. Инро бад-ин гуна пешгирӣ кунанд. ки аз паси хизоб, масалан, равғани бунафша ва равғани хайрӣ ба кор бибаранд.
Гоҳе аз сабаби хизоб чунин ориз бигардад, ки сатҳи рӯй сиёҳ шавад. Мардум инро бо орди боқилӣ, нахӯд ва монанди он бишӯянд, вале ҳеҷ чиз шӯяндатар аз равғани гарм нест.
Гоҳе баъд аз хизоб рафтани ранги мӯй рӯй диҳад. Беҳтарин чизе, ки андар ин ҳол ба кор бибаранд, он бошад, ки ба қадри як ҷавза хизоб ва хусусан хизоби қувваи ба умқ рафтан доштаро бигиранд ва ҳар бор, ки ранграфтагӣ падид омада ва ё қариби падид омадан аст, як чӯбчае чун мисвокро гирифта, тар кунанд, бар сари он миқдоре аз хизоби бастаро биниҳанд ва ба ҷои ранграфта бидавонанд. Бархе аз мардумон дудаи ягон равғани хушбӯй, масалан, равғани бон, лозан ва мумро гирифта, бо он маҳалли ранграфтаро бимоланд ва чун онро бишӯянд, [сиёҳии дуда] биравад.
Фасли бисту шашум андар баёни сабӯса

Азбаски гуфтор андар бобати сабӯса то андозае ба гуфтор андар бобати мӯй муносабат дорад, мо бояд андар баёни он сухан ронем.
Сабӯса ин қишрпораҳо, яъне сабӯсҳоеанд, ки андар сар падид оянд ва як намуди пӯстпартоии сабукест, ки андар сар ориз бигардад, аз баҳри он ки мизоҷи онро табоҳӣ рӯй бидиҳад ва ин ба таври махсус андар сатҳи барсӯвини пӯст таъсир расонад. Бадтарин намуди он чунин аст, ки ба дараҷаи решоварӣ ва табаҳ сохтани раста гоҳҳои мӯй бирасад.

пешина
аз 1215
навбатӣ