Қонуни тиб

Ин аз сабаби моддаи тези бурагӣ ва ё хуни савдовӣ ба амал ояд ва гоҳе ба ягон бадмизоҷии сар вобаста буда, ин [бадмизоҷӣ] чизи ба сӯи он ояндаро табаҳ созад. Гоҳе мумкин аст як хушкмизоҷии холис ба ҳоле чунин кор кунад, ки дигар бахшҳои мизоҷи тан хуб бошанд. Бошад, ки ин ба анбозӣ ба амал ояд.
Фасли бисту ҳафтум андар илоҷ
Бархе аз сабӯса сабук буда, онро дармони сабук кифоят кунад ва бар сар молидани равғани гул, бунафша ва луобҳо онро бибарад. Бархе дигар аз ин шиддатноктар буда, ба доруҳои дорои хусусияти зудояндагӣ ва ҳалсозандагии қавӣ эҳтиёҷ дошта бошад. Сипас, баъди онҳо чизе ба кор бибаранд, ки тарӣ оварда, [мизоҷро] муътадил созад. Бархе аз он сахт бад буда, ба реш шудан бибарад. Ба ҳангоми муолаҷаи он лозим аст, ки танро аз тариқи раг задан ва исҳол овардан поксозӣ кунанд. Ҳангоме [чунин кор кунанд], ки агар бад-он эҳтиёҷ бошад ва агар сабаб он [моддае] бошад, ки ба сабаби пурии тан ба сӯи сар бизанад. (276) Сипас бо [дармонҳо] муолаҷа кунанд. Ҳар бор, ки бо ягон доруи зудоянда муолаҷа карданд, аз паси он равғанҳоро ба кор бибаранд.
Фасли бисту ҳаштум андар доруҳои сабӯса, ки нарм ва камсӯзонандаанд
Ба ҳангоми сабӯсаи ба наздикӣ падидомада ва камқувват агар сарро бо [доруҳои зерин] бишӯянд, кифоят бошад: оби чугундар; оби ҳулба; донаи харбуза; орди боқилӣ, нахӯд, боқили мисрӣ ва тухми хитмӣ, ки андар равғани зайтун ҷӯшонида бошанд; луоби биҳӣ; хитмӣ; касиро; гили хузистонӣ; гили қимулиё; хусусан афшураи чугундар, ки онро андар сар як соат нигоҳ доранд; афшураи барги сабзи бед, ки ба ғоят хуб аст; хурмои ҳиндӣ; карафс ва афшураи он; ҷӯшонидаи озоддарахт; барги шоҳдона ва барги кунҷид, ки ин ду ва афшураи онҳо низ бо латифии хеш сабӯсаи қавиро ҳам бибаранд; бодоми сафедкарда бо сирко; ва орди ҳулба ва сирко.
Ё орди нахӯдро бо барги совидаи кунҷид гирифта, бо оби чугундар ва миқдоре аз сиркои хамрӣ биомезанд. ё нахӯди кӯфта ва хитмиро гирифта, бо сирко маъҷун созанд ва [бар сар] тило кунанд. Ё сарро бо косачаҳои [шукуфаи] туте, ки онро мисли гард бисованд ва ҳамчун хитмӣ ба кор баранд, ё бо хитмии андар равғани зайтун пар
варида ва ё бо кундури андар шароб ҳалкарда ва бо равғани зайтун омехта бишӯянд ва ин корро ду ҳафта такрор кунанд.
Яке аз тадбирҳои латифи сабук ин аст, ки сарро бо оби барги сабзи бед бишӯянд. Ин ба ғоят хуб, санҷидашуда ва бе осеб аст.
Сарро бояд бо кадоме аз ин доруҳо, ки набошад, бишӯянд ва сипас шаб бо ягон равғане аз қабили равғани гул ва бунафша равған кунанд.
Фасли бисту нуҳум андар баёни он доруҳои сабӯса, ки қавӣ буванд
Бо доруҳои саршӯӣ бура, ё гӯгирд, ё заҳраи гов, ё дилаи ҳанзал, ё дурди шароб, ё хардал, ё мавизак, ё обгинаи сӯхта, ё харбақ, ё софсиё ва монанди инҳо биомезанд. Низ, гили қимулиёро гирифта, бо заҳраи гов маъҷун созанд ва ба кор бурда, ду соат бигузоранд, биистад. Ё донаи бон ва орди боқилиро ба миқдори баробар гирифта, бо об биҷӯшонанд ва бо он сар бишӯянд.
Ё як ратл дурди шароб, як уқия собун ва чаҳор драхмӣ бураро гирифта, ҳамаро якҷоя созанд ва бар сар бимоланд. Сипас онро бо оби чугундар ва орди нахӯд бишӯянд ва баъд равғани мӯрд ба кор бибаранд.
Гоҳе сарро бо саргини гов тило кунанд ва он сахт суд бахшад. Инро як шаб андар миён ба кор баранд. Бо пешоби шутур, хусусан шутури арабӣ шустани сар сахт судманд аст. Обгинаи совида андар бобати сабӯсаи бад таъсири қавӣ дорад ва обе низ ҳамчунин аст, ки андар он қалқанд ва мавизак тар карда бошанд. Ё аз кафки бура ва қалқанд ба қадри баробар гирифта, бо он сарро баъди тарошидан тило кунанд ва гоҳе ин дуро бо равғани зайтун ҷамъ созанд. Ё мавизакро андар равғани зайтун совида, бо он сарро чарб кунанд.
Ё аз гӯгирд, қалқанд ва бура бахшҳои баробар гирифта, бо лозане ҷамъ созанд, ки андар равғани мастако гудохта бошанд ва бар сар биниҳанд. Бошад, ки андар он харбақ биафкананд.
Як доруе, ки бархе аз пизишкони ҳозиразамон ба худ нисбат додааст ва чун онро санҷидаанд, хуб дарёфтаанд: ним бахш зуфои тар, як бахш пиҳи мурғобӣ, як бахш равғани хайрӣ, чаҳоряк бахш софсиё ва ду бахш лозанро гирифта, нахуст бо оби гарм ва собун сарро бишӯянд, бо пораи хушке то сурх шудан молиш диҳанд ва баъд бо он [таркиб] як шабу як рӯз тило кунанд ва сипас бишӯянд.
Мақолаи дуввум
АНДАР БАЁНИ ҲОЛАТҲОИ ПӮСТ АЗ ҶИҲАТИ РАНГ
Фасли нахустин
андар баёни
сабабҳои дигаргунсозандаи ранг266
Мо мегӯем: Ранги [пӯст] ба сабаби офтоб, ё сармо, ё бод, ё чирк, ё кам гармоба кардан, ё хӯрдани ғизоҳои шӯр ва ё савдовӣ гардидани хун ба сиёҳӣ табдил ёбад.
Фасли дуввум
андар баёни сабабҳои
ба зардӣ табдил ёфтани ранг
Зард гардидани ранг ба сабабҳои рангро зардкунанда
вобаста аст ва онҳо чунинанд: бемориҳо; андӯҳгиниҳо; ғизо наёфтан; бисёр ҷимоъ кардан; дардҳо; сахт гарм буда ни ҳаво; ва ошомидани обҳои истода.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор