Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Азбаски муаллифони фарҳанги мазкур номи халқии намуди дуввумро ба юнонӣ narke ва ба арабӣ «наъоса», «раъод» ва ғайра додаанд, пас эҳтимол ҳамин намуди охир айни он чизе бошад, ки дар «ал-Қонун» омадааст.
Дар ин сурат номи аниқи илмии «норқо» T. torpedo L. ва ба русӣ «глазчатый электрический скат» хоҳад буд.
Ҳамин тариқ, «норқо»-и юнонӣ «барқоъ»-и арабӣ ва «сверкающая»-и русӣ шудааст. Вале мутаассифона, ин хатоӣ дар нашри дуввуми тарҷимаи «ал-Қонун» низ бе ислоҳ, бидуни ягон эзоҳ ва ба шакли пештара «сверкающая» боқӣ мондааст.
Мисоли дуввум: Дар саҳ. 363 ҷилди чаҳоруми тарҷимаи русии «ал-Қонун» таърифи «баромадагӣ» ва навъҳои он ба таври зерин тарҷима шудааст: «Вывих – это неполный (курсиви мо) выход кости из своего вместилища и [изменение] присущего ей по естеству положения возле соседствующих с ней [органа]; если же кость выходит [из сустава] непольностью, то это называется смещением [кости в] суставе по направлению в глубь или к наружи и определяется на ощупь».
Пеш аз таҳлили хатоӣ бояд хотирнишон кунем, ки Ибни Сино дар порчаи ёдшуда хостааст таърифи ду навъ аз баромадагиро диҳад, ки яке аз онҳо ба таври мутлақ «баромадагӣ» ва ё «баромадагии пурра» ва ба забони лотинӣ luxatio (вывих) меноманд ва дуввумиро «лағжидагӣ» ва ё «баромадагии нопурра» ва ба забони лотинӣ subluxatio (подвывих) мегӯянд. Чунон ки маълум аст, тарҷимон ин ғарази Ибни Синоро ба русӣ ифода карда натавонистааст.
Ӯ бахши аввалро хато фаҳмида, ба ҷои «полный» – «неполный» гуфтааст ва бар асари ин хатоӣ ва маънои акс додан ба ҷумлаи якуми сода алоқаи ин ҷумларо бо ҷумлаи баъдина нодуруст таъбир карда, ҷумлаи дуввумро ҳамчун эзоҳи ҷумлаи якумӣ тарҷима кардааст, на ҳамчун ҷумлаи мустақил ва хилофи ҷумлаи аввала.
Мо ин порчаро дар матни тоҷикии «ал-Қонун» ба шакли зерин овардаем: «Баромадагӣ – ин комилан берун шудани устухон аз ҷойгоҳи хеш ва аз он вазъи табииест, ки андар ҳамсоягии [андоми] ҳамҷавори хеш дорад. Агар комилан набаромада бошад, ин ҳолро «лағжидани [як бахши] пайвандгоҳ» ба сӯи андарун ва ё ба сӯи берун хонанд».
Хатои мазкур хеле ҷиддист ва акнун муҷиби оқибатҳои бад дар синошиносӣ шудааст. Масалан, доктори илмҳои тиб В. К. Ҷумъаев, ки дар айни ҳол нозири тиббии бахши ҷарроҳии тарҷимаи русии «ал-Қонун» низ буд, дар китоби худ «Хирургия Абу Али ибн Сины» порчаи дар боло ёдшударо ба тариқи иқтибос оварда, таърифи Сино додаро ҷамъбаст ва ҷиҳати хатоии тарҷимаи русии онро хеле равшантар ифода кардааст. Чунончи, ӯ дар фасли баромадагии устухон чунин мегӯяд: «Ибн Сина определяет вывих как «неполный выход кости из своего вместилище». Баъд, муҳаққиқ бо ҳамин кифоят карда, бидуни ягон мулоҳазае оид ба чигунагии ин таъриф ба шарҳу эзоҳи сабабҳо ва дигар ҷиҳатҳои баромадагӣ шуруъ мекунад.

Албатта, тарҷимон то андозае ҳақ дошт хато кунад, вале мутахассис ба ҳеч ваҷҳ ҳақ надорад, ки ин хатоиро бечуну чаро бипазирад, балки мебоист ба фиросати пешаварии худ дарёбад, ки тарҷимон дар ин бобат хато кардааст.
Агар мо таърифи Ибни Синоро, ончунон ки дар асл ҳаст, дуруст ба назар гирем ва ба фарҳангҳо ва китобҳои дарсии тиббии имрӯза муроҷаат кунем, дар ҳама ҷо мебинем, ки муаллифон айнан мисли Ибни Сино «баромадагӣ»-ро ба ду навъ тақсим карда, ҳар кадомро алоҳида таъриф додаанд, вале бо мафҳумҳову ибороти андаке дақиқтар.
Масалан, дар китоби дарсии «Ҷарроҳии умумӣ» ин таъриф ба шакли зерин омадааст: «Вывих называется полным, если суставные поверхности теряют полностью соприкоснование друг с другом, неполным, т. е. подвывихом, если между ними сохраняется частичное соприкосновение». Ё муаллифи дигар яке аз шаклҳои аниқи баромадагӣ, яъне баромадагии бозуро чунин таъриф додааст, ки аз рӯи ҷумлабандӣ ба таърифи Ибни Сино хеле монанд аст: «Вывихом плеча называется полная потеря соприкосновения суставной поверхности плечевой кости с сочленовой поверхностью и костно-фиброзным выступом суставного отростка лопатки. Когда эта поверхности сохраняют частичное, но неконгруэнтное отношение, речь идёт о подвывихах плеча». Ҳарчанд асли ин таъриф эҳтимол юнонист ва ё мумкин аст пеш аз Сино вазъ шуда бошад, вале он бешубҳа ба тавассути «ал-Қонун» ба тибби ҳозиразамон гузаштааст ва чунон ки мебинем, бо ибороти синоӣ дар китобҳои дарсии имрӯза сабт аст. Ин буд як мисол аз навъи дуввуми нуқсонҳои тарҷимаи русӣ. Мавриди таассуф аст, ки ин хато низ дар нашри дуввуми «ал-Қонун» ба ислоҳ нарасидааст.
Албатта, камбудиҳое, ки дар тарҷимаи русии «ал-Қонун» ҷой доранд, аксар беғаразона буда, дар қиёси ҳаҷми китоб чандон назаррас нестанд ва бо вуҷуди ҷиддӣ будани баъзеи онҳо қимати илмию аҳаммияти ҷаҳонии тарҷимаро паст нахоҳанд кард. Зеро «ал-Қонун» китобест, ки матни аслии он ба изофаи бузургии ҳаҷм умри қариб ҳазорсола ва марҷаъҳои он умри зиёда аз ду ҳазорсола дошта, табиист, ки дар ин муддат тағйиру таҳаввулоти зиёдеро аз сар гузаронидааст, бисёр мафҳуму истилоҳот шакли аслии худро гум карда, тарзҳои гуногун ба худ гирифтаанд, матни дурусти илмӣ-интиқодии ин китоб ҳанӯз ба табъ нарасидааст ва дар ояндаи наздик ҳам чунин кореро анҷом додан аз имконияти матншиносони мероси Ибни Сино берун аст, ҳеҷ як аз нусхаҳои чӣ хаттӣ ва чӣ чопии он ба танҳоӣ қобили эътимод нест ва шарҳу тавзеҳоти то имрӯз дар атрофи «ал-Қонун» шуда ҳамаи мушкилоти онро накушодаанд. Бинобар ин, ҳангоми тарҷима ва таҳқиқ рӯй додани як миқдор хатоӣ беғаразона ва ногузир буда, дари иҷтиҳод барои тарҷимаву таҳқиқи «ал-Қонун» ба рӯи мутахассисон пайваста боз аст ва аз ҳар бор бад-он муроҷаат кардан як чизи тозае кашф хоҳад шуд. Аз ин ҷиҳат тарҷимаи тоҷикии «ал-Қонун»
на танҳо дар либоси дигар муродифи тарҷимаи бародарони ӯзбек аст, балки давом ва такмили кори оғозкардаи эшон низ мебошад.

пешина
аз 1215
навбатӣ