Қонуни тиб

Сабки тарҷима
Масъалаи аз ҳама мушкиле, ки ҳангоми оғози тарҷима ба он дучор шудем, интихоби сабк буд ва талаботҳое дар пеш истода буданд, ки бояд забони тарҷима ба онҳо ҷавоб дода тавонад.
Ҳангоми шиносоӣ бо матни «ал-Қонун» аввалин чизе, ки ба назари мо бархӯрд, чигунагии услуби «ал-Қонун»
буд. Забони он назар ба забони осори дигари фалсафии Ибни Сино хеле сода аст. Албатта, сабаби ин худ ба худ маълум мебошад. Азбаски афкори фалсафӣ табиатан печидаву таҷридист, бинобар ин, ногузир забони он ҳам печидаву мураккаб хоҳад буд ва чун матолиби тиб содаву тавсифист, бадеҳист, ки забони «ал-Қонун» ҳам мутобиқи он содаву дур аз таҷрид аст. Вале ба фикри мо, дар ин ҷо ба иловаи иллати ёдшуда боз як омили дигаре низ ҳаст, ки ночор сабаби содагии забони «ал-Қонун» гардидааст ва ҳамин омил муҷиби он шуд, ки мо ба худ савол диҳем:
«Асли «ал-Қонун» ба кадом забон будааст?»
Забон, чунон ки маълум аст, воситаи баён ва шакли зуҳури андеша аст ва андеша мазмуни ботинӣ ва аслии онро ташкил медиҳад. Фарқи маърифатшиносии забони форсӣ ва хусусан сабки бисёр сода ва равони он, ки бо номи «забони тоҷикӣ» маъруф аст, аз забони арабӣ дар он мебошад, ки сохтори забони форсӣ аз гӯяндаи он ҳарчӣ бештар содабаёниро тақозо мекунад. Бинобар ин, он чӣ ки дар арабӣ бо як воҳиди фикрӣ ифода карда мешавад, дар забони форсӣ аксар вақт лозим меояд, ки бо якчанд воҳидҳои фикрии сода баён карда шавад.
Дар ин асос содагии забони «ал-Қонун» далели он аст, ки асли ин китоб дар мағзи худованди худ ба забони форсӣ будааст. Яъне Ибни Сино ҳарчанд «ал-Қонун»-ро ба забони арабӣ баён карда бошад ҳам, вале онро дар мағзи худ ба форсӣ андешида ва ногузир содаандешии форсӣ бар печидабаёнии забони арабӣ фоиз омадааст.
Бурҳони қотее, ки ин фарзияро комилан ба исбот мерасонад, ба табиати пешаи пизишкӣ ва фарқи он аз фалсафа алоқамандӣ дорад. Дар замони Ибни Сино фалсафа ва радду бадали афкори фалсафӣ ба забони форсӣ эҳтиёҷ надошт, зеро он ба як гурӯҳи хурде аз мардум маҳдуд буд, ки ҳама аз аҳли савод буда, донишҳои замонаро комилан фаро гирифта буданд ва забони арабиро бо тамоми нозукиҳояш медонистанд. Аз ин рӯ, як нафар файласуф дар ин доира ба забони арабӣ нафақат ба осонӣ гуфтану навиштан метавонист, балки мумкин буд, ки ба ин забон фикр ҳам кунад. Аммо дар илми тиб ҳол ба сурати дигар аст ва табиб мисли файласуф на ин ки бо як доираи бисёр хурди одамон, балки ба тамоми табақаҳои гуногуни ҷомеа сари кор дорад.
Пӯшида нест, ки нақши коммуникативии забони форсӣ дар замони Ибни Сино бағоят бузург ва доираи нуфузи он бисёр васеъ буд. Аз Хутан то халиҷи Форс одамон танҳо ба ин забон метавонистанд дар ҳамаи муставоҳо ба якдигар мубодалаи афкор кунанд ва ақаллиятҳои қавмии дар ин ҳавза маскун низ ночор буданд, ки ба қадри кофӣ аз ин забон бархурдорӣ дошта бошанд. Ибни Сино ҳамчун пизишк ҳар рӯз бо садҳо бемороне вомехӯрд ва онҳоро муоянаву муолаҷа мекард, ки дар миёни онҳо на
фақат мударрису наҳвӣ, балки шоҳу вазир, бозаргону ҳунарманд ва барзгару дарвеш низ буданд ва ӯ бо ҳамаи ин табақаҳои гуногун фақат бо забони модарии худ метавонист гуфтугӯ кунад. Бинобар ин, Ибни Сино агарчи «алҚонун»-ро ба забони арабӣ таълиф кардааст, вале мафоди ҳар як ҷумлаи онро дар амалияи ҳаррӯзаи пизишкии худ ҳангоми муомала бо беморон ба забони умумии онҳо, яъне ба забони форсӣ, чандоне такрор кардааст, ки ногузир ин маъниҳо дар зеҳни ӯ танҳо ба шакли форсӣ вуҷуд дошта метавонистанд.
Далели дигар ин аст, ки фалсафаи Юнон, асосан, баъд аз ислом ва ба воситаи забони арабӣ паҳн шуда, дар миёни мардумони мо ривоҷ ёфт. Аз ин рӯ, он ҳодисаи бесобиқа буда, ҳанӯз дар замони Ибни Сино ҳам сумоти юнонӣ ва бегонагии худро маҳфуз медошт. Вале тибби Юнон қабл аз ислом ба тавассути ҷаҳду кӯшишҳои фарҳангистони Ҷунди Шопур ва ба иллати қавӣ будани анъанаҳои тибби маҳаллӣ омезиш ёфта, ҳазм шуд ва дар миёни мардумони мо кайҳо боз ба сурати як тибби асили қавмӣ даромада буд. Ба ҳамин сабаб, агар мо дар осори фалсафии Ибни Сино бисёр ба нудрат ба муарработи форсӣ дучор мешуда бошем, дар «ал-Қонун» муарработи форсӣ ба дараҷаи муарработи юнонӣ мерасад, албатта бо назардошти он, ки бисёр калимаҳои юнонӣ низ аз тариқи забони форсӣ муарраб шудаанд. Бинобар ин, метавон гуфт, ки забони форсӣ дар тиб барои забони арабӣ яке аз манбаъҳои асосии истилоҳкасбкунӣ ба шумор меравад ва ҳатто баъзе калимаҳои забони мо дар адабиёти хаттӣ танҳо ба шакли муарраб ва истилоҳӣ боқӣ мондааст.
Масалан, калимаи «байрам» дар «ал-Қонун» ҳамчун истилоҳи техникии шикастабандӣ омадааст. Дар тарҷимаи русии «ал-Қонун», (яъне он чӣ ки ба мо дастрас аст) асли ин калима маҷҳул мондааст ва тарҷумон бо айнан овардани он дар матни русӣ ва эзоҳи мухтасаре оид ба маънои луғавии он дар забони арабӣ кифоят кардааст. Аммо бино ба маълумоти муаллифи луғати «Тоҷу-л-арус», калимаи мазкур муарраби форсӣ ва ба ривояти забоншиноси араб Абуубайда (728–825 м.), асли форсии он ба тафхими ҳарфи «бе» будааст. Агар мо калимаи «байрам»-ро ( )بيرمба тафхими ҳарфи «бе», яъне «бойрам» ( )بايرمхонем, агар ҳарфи «бе»-ро муарраби ҳарфи «п»-и форсӣ ба эътибор гирем, дар он сурат шакли аслии форсии он «пойрам» ( )پايرمхоҳад буд.
Калимаи «пойрам» ҳарчанд ба шакли муарраб ҳамчун истилоҳи тиббӣ дар забони арабӣ зинда мондааст ва дар адабиёти хаттии форсӣ ба назар намерасад, вале дар забони гуфтугӯӣ шакли аслии он чандон гумном нест. Имрӯз агар шохи себи хубонӣ ҳосили бисёр гирад ва бими шикастани он ба миён ояд, марди ғармӣ зуд онро пойрам мезанад. Калимаи «пойрам» ба маънои поя, такягоҳ ва гунаи тахфифёфтаи он «орам» ба маънои фишанг ва лом ҳанӯз дар миёни мардуми тоҷик зинда ва мустаъмал аст. Хулоса, нуфузи забони тоҷикӣ дар тиб низ яке аз далелҳои асолат (исолат)-и тоҷикии «ал-Қонун» мебошад.
Ин асолат моро водор месозад, ки «ал-Қонун» ба забони тоҷикӣ на ин ки тарҷима, балки тармим карда шавад, яъне шакли аслии онро бояд барқарор намуд. Оре, ин амр бадеҳист, ки асарҳои Толстою Чехов ва Шекспиру Гётеро ба забони тоҷикӣ бемалол тарҷима кардан мумкин аст, вале осори Ибни Сино ва хусусан «ал-Қонун»-и ӯро, ки ҳар як ибораи онро муаллиф ҳазорҳо бор ба забони модарии худ такрор кардааст, чӣ гуна бе ҳеч қайду шарт метавон ба забони тоҷикӣ тарҷима кард?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё