Қонуни тиб

Аз хӯрданиҳо нонхоҳ, бисёр бӯидани он (277) ва чунонки гуфтаанд, ҳатто бад-он назар кардан низ ҳамчунин бувад. Сирко ва пайваста ба кор бурдани он рӯйро зард кунад ва зира низ чи аз тариқи ошомидан ва чи бо сирко молидан ва муддати дароз андар хонае истодан, ки зираи бисёр дошта бошад, ҳамчунин аст. Бисёр хӯрдани сирко ва хӯрдани гил [ҳамин гуна таъсир дошта], ҳатто андар даҳонаҳои рагҳо судда биафтад ва ба сӯи пӯст на хуни арғавонӣ, балки чизе аз бухори сафро гузаштан битавонад.
Фасли севвум андар баёни чизҳое, ки рангро бо тобиш додан, сурх гардонидан ва зудоиши латифи худ беҳ кунанд
Бидон, ки ҳар бор хуну рӯҳ ба сӯи пӯст равона шаванд, онро равнақ, покӣ ва сурхӣ бахшанд. Низ чизҳое ёварӣ кунанд, ки пӯстро ба таври сабук бизудоянд, онро тунуктар созанд ва чизҳои бар рӯи он мурдаро ба таври латиф бирезонанд. Хусусан агар андар таркиби онҳо ягон ранге бошад, беҳтар [бувад]. Бо вуҷуди ҳамаи ин ба паноҳ доштани [пӯст] аз гармову сармо ва аз бодҳо ниёзмандист.
Чизҳои ба сӯи пӯст равонакунандаи хун бар чаҳор267 роҳ чунин кор кунанд: [140] яке аз тариқи зодани хун ва хусусан хуни тунук, зеро ҳар гоҳ хуни хуб зода шуда, афзоиш ёбад ва паҳн бигардад, ба ҳамаи ҷойҳои [тан] тароват бибахшад; яке аз тариқи пок сохтани хун; яке аз ин тариқ, ки онҳо бо ёрии ба сӯи берун ҳаракат додани хун ва кушодани гузаргоҳҳои он хунро паҳн сохта, густариш диҳанд; ва дигар аз ин роҳ, ки хунро ҷабран аз дарун ба сӯи берун бикашанд.
Чизҳое, ки ба тариқи якум рангро беҳ кунанд, масалан, аз хӯрдани нахӯд, хояи нимбиришт, оби гӯшт ва шароби райҳонӣ иборатанд. Аз хӯрдани анҷир хуни тунуке падид омада, ба сӯи пӯст бидавад ва бад-ин сабаб шупуш бисёр шавад.
Агар касони аз беморӣ бархостаро ранг баднамуд бошад ва бихоҳанд, ки ба ҳоли пешин боз оваранд, анҷири хушк ва хурмои нимхом эшонро суд доранд, зеро ин ду хуни латиф ва гармии модарзодиро афзоиш бидиҳанд. Яке аз тадбирҳои аз барои ин ғараз санҷидашуда ин аст, ки якчанд рӯз пайваста ба ношито шароб ва шир биошоманд.
Мисоли чизҳое, ки аз тариқи пок сохтани хун чунин кор кунанд, итрифали хурд аст ва ҳалилаи парвардаро агар мудом истеъмол кунанд, низ ҳамчунин бошад. Ҳалилаи кобулӣ қавитар аз итрифал аст.
Мисоли чизҳое, ки аз тариқи густариш додан ва паҳн сохтани хун чунин кор кунанд, ангужад, мурч, мушки замин ва мехак буда, [ҳамаи инҳоро] андар таом биафкананд. Мисоли дигар заъфарон аст, вале заъфарон хусусан бо майпухта хунро низ рангин кунад. Як ошомиданӣ аз он як дирам бувад. Ё аз зуфо ду дирам ва аз заъфарон ним дирам гирифта, бо шакар биошоманд.
Ваҷ низ рангро беҳӣ бахшад. Луъбати барбариро агар аз як то ду дирам биошоманд, [ҳамчунин аст], вале онро андар пистҳо ҳамроҳ карда, сахт омезиш диҳанд, то ки беандоза сӯзиш наоварад. Аз тараҳо, масалан, турб, гандано, пиёз, хусусан каранб ва мудом истеъмол кардани
он ва инчунин сир [хубанд]. Аз феълҳову ҳаракатҳо хашм гирифтан, ба ғазаб омадан, муҷодала кардан, варзиши муътадил ва гӯштингирӣ [чунин таъсир кунанд]. Низ, хушнудию тараб, мушоҳадаи феълҳову корҳои диловез аз қабили суруд шунидан ва бо нуктапардозону зарофатгӯён нишастан ва тамошо кардани намудҳои гуногуну сахти мусобақа аз қабили аспдавонӣ, хурӯсҷанг ва ғайра [аз ҳамин ҷумлаанд].
Чизҳое, ки аз тариқи аз берун кашидан ва инчунин зудудан чунин кор кунанд, аз доруҳои олуданӣ ва таншӯяҳое иборатанд, ки аз [моддаҳои зерин] сохта шаванд: орди боқилии муқашшар; орди ҷав; орди говдона; орди гандум; нашоста; орди нахӯд ба таври махсус; орди наск; орди гуринҷ; сирешми моҳӣ; бехи савсани осмонгунӣ; лозан; анҷир; кундур; мастако ва равғани он; пӯсти хояи мурғ; гӯшти садаф; муқл; мурдосанг; сафеда; сӯҳонрезаи оҷ; устухони пӯсида; рӯяни хушбӯй, ки низ андар ин бобат қавист; бодоми ширин ва талх; тухми хиёр ва харбуза; қатаф; каду; орди тухми турб; ва тухми таратезак.
Бисёр вақт ҳар рӯз нашоста ва касиро бо шир тило кардан рӯйро сафову покӣ бахшад. Афшураи барғаст, оби коҷира, ширҳои навдӯшида, ҷӯшонидаи сумҳои гӯсолагон ба андозае, ки ҳал шуда бошанд, ҷӯшонидаи гӯшти садаф, сафедии хояи мурғ, ҷӯшонидаи ҳулба ва ҷӯшонидаи шоҳафсар [ҳама аз ҳамин қабиланд].
Як таншӯяи хуб: боқилии сафедкарда, говдона, боқилии мисрӣ, тухми турб, тухми муқашшари харбуза, нахӯд ва нашостаро гирифта, аз онҳо таншӯя бисозанд.
Як рӯшӯяи (278) хуб: аз ҳар кадоми орди боқилӣ ва орди ҷав як бахшӣ, аз орди нахӯд як бахш, аз наски сафедкарда, касиро ва нашоста ним бахшӣ, аз донаи харбуза ду бахш ва аз заъфарон ба қадри ранг сохтан гирифта, ба шаб тило созанд ва ба рӯз бо ҷӯшонидаи пӯсти харбуза, ҷӯшонидаи бунафша ва монанди инҳо бишӯянд.
[Доруи] дигар: аз бодоми ширин, касиро, самғ, орди боқилӣ, бехи савсани осмонгунӣ ва сирешуми моҳӣ бахшҳои баробар гирифта, сирешумро андар миқдоре аз об бигудозанд, ки барои ҳама кифоят кунад ва сипас дигар доруҳоро андар он афканда, аз онҳо тило омода созанд.
[Тилои] дигар: орди боқилӣ, ҷав, нахӯд ва нони сафедро бо сафедии хояи мурғ тило кунанд. Аз ҷумлаи чизҳое, ки ба таври қавӣ зудоиш оваранд, балбус, пиёз, бура, нонхоҳ бо ангубин, уша ва равғани бобуна ба шумор бираванд.
Майъаи тар сахт зудоянда аст ва каранб, зирних, саргини сусмор ва бехи наргис низ ҳамчунин буванд.
Як рӯшӯяи қавӣ: оби коҷираро гирифта, то ситабр шудан биҷӯшонанд. Сипас аз он як уқия бигиранд ва бо он ҳамчун сириштани тило доруҳои зеринро сиришта созанд: саргини гунҷишк, орди боқилии мисрӣ, орди нахӯд ва тухми муқашшари харбуза. [Ҳамаи инҳоро] бисованд ва бо он ҷамъ сохта, тило кунанд.
Як рӯшӯяи дигар: аз касиро, обгинаи шомӣ, ки мисли гард суда бошанд, заъфарон, боқилии мисрӣ ва мағзи пунбадона як мисқолӣ гирифта, бо равғани бодом тило кунанд.
Агар рӯйро ҳар шаб бо хардали сафед, зирнихи сурх ва ё зард ва бо шир шаб тило кунанд ва пагоҳ бишӯянд, рӯй ба таври қавӣ сурх бигардад. Ин доруҳои қавии зу доянда аз барои он баднамудии пӯсте судманданд, ки андар оғози ҷузом падид ояд ва онро «бадрӯӣ», «обиланокӣ» ва «дамидагӣ» хонанд ва агар ин доруҳоро ба кор баранд, чунин намудро бибаранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор