Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Яке аз доруҳое, ки низ аз барои ин ғараз хос аст ва ба таври қавӣ поксозанда аст, [доруи] зерин аст: аз самғи сафед, бура, кундур ва гӯгирди зард ба қадри баробар гирифта, бо сирко қурсҳо созанд, хушк кунанд ва ба ҳангоми ҳоҷат бо сирко ва ангубин ба кор бибаранд.
Кафки бура андар ин бобат беҳтар аз бура бувад.
Инчунин: як ратл собун ва ҳамин қадар ушаро гирифта, андар се ратл об аз тариқи гудохтан ҳал кунанд. Сипас бар вай ба қадри баробар нуҳ уқия кундур, мастако ва натрун биафкананд, ҳамаро андар ягон шишае сахт бисованд ва ба шаб ба кор бибаранд.
Низ: аз орди говдона, орди нахӯд, боқилӣ, ҷав, боқилии мисрӣ, бехи савсани осмонгунӣ ва бехи наргис бахшҳои баробар ва аз самғ ва бехи ширинбаён ним бахшӣ гирифта, қурс бисозанд.
Бидон, ки ҳар чи ки аз барои калаф, кунҷидаи сиёҳ, пайҳо ва хунпечидагӣ судманд аст, андар ин бобат қавитар суд бахшад ва андаки он кифоят кунад.
Фасли чаҳорум андар нигоҳ доштани пӯст аз офтоб, бод ва сармо

Бояд сафедии хояи мурғ, ё оби самғ ва ё мумравған тило кард. Ё маҳлули орди сафеди андар оби пок таркардаро гирифта, бо якчанди он аз сафедии хояи мурғ биомезанд ва бо он рӯйро тило кунанд.
Фасли панҷум андар баёни осори кӯфтагӣ ва осори сиёҳӣ

Инҳоро мурдосанги сафедкардае аз бун бибарад, ки агар онро бо ягон пиҳ ва ё бо мағзи нон тило кунанд. [Санги бо номи] «санги мурч» маъруфро агар тило кунанд.
низ аз барои он ба таври намоён суд бахшад. Тарае, ки «мурчи обӣ» ном дорад, барги каранб, кундур, турб, пудинаи сабз ва зирних низ ҳамин гуна буванд ва ҳамаи инҳоро масалан бо оби кашниз ва карафс [тило кунанд].
Агар маҳалли [кӯфтагиро] бо оҳак, натруни сурх ва якҷоя бо сиркои тез тило кунанд, осори кабудӣ биравад. Кундуру натрун низ ҳамчунин буванд.
Сабр осори бодинҷонгуниро бибарад ва афсинтин бо ангубин, инчунин сақизи хинҷак ва лозан низ ҳамин гунаанд ва бояд инҳоро бар андом якчанд рӯз бигузоранд, биистанд. Марҳами диёхилун низ хуб аст.
Як тилои андар ин бобат хуб: як дирам бодоми талхи сафедкарда, ду дирамӣ садафи сӯхта ва тухми сипандони сафед, ним дирам моши сафедкарда, ду дирам нахӯди сафеди муқашшар, як дирам говдона, ним дирам боқилии мисрӣ, як дирам кафки дарё, як дирам устухонҳои сахт фарсудаи хушк ва як дирам анзарутро гирифта, бисованд ва бо оби ҷав ва шакар сиришта, (279) бо оби коҷира тило кунанд.
Инчунин, совидаи сафолро ва ё кабикаҷро бо равғани гавз бар андом тило кунанд. Низ, аз натрун, уша, мурр

ва гӯгирди зард ба андозаи баробар гирифта, аз онҳо бо сиркое тило кунанд, ки қуввати онро аз барои реш наовардан шикаста бошанд. Ҳамчунин аз гили қимулиё, саргини кабӯтар, собун ва кундур бахшҳои баробар гирифта, бо сирко тило кунанд.
Низ, аз шохи гавазни то ҳадди сафед шудан сӯхта, кундур, орди боқилии мисрӣ, орди говдона ва орди боқилӣ бахшҳои баробар, аз уша, навшодир ва бодоми талх сеяки як бахшӣ ва аз касиро ва самғ чаҳоряки як бахшӣ бигиранд. Инчунин, нахуст сақизро зимод кунанд ва сипас натрун, оҳак ва хокистари токро гирифта, бо ангубин ҷамъ созанд ва тило кунанд. Ин аз барои кунҷидаи сурх ва осори реш низ созгор аст. Гоҳе ба нештар задан эҳтиёҷ биафтад.
Фасли шашум андар баёни осори решҳо ва обила

Ҳар чи ки [141] аз миёни чизҳои ёдкардаи мо қавист, аз барои осори андаки решҳо судманд аст. Аз ҷумлаи доруҳои андар ин бобат ёдшуда ва санҷидашуда инҳост:
пиҳи хар; афшураи бехи сабзи най бо миқдоре аз ангубин; ва пудинаи баррӣ бо намаки ошие, ки онро бо ангубини магаси ангубин ва бо ҷӯшонидаи ҳазоргашон андар равғани зайтун то ситабр шудан маъҷун сохтаанд ва ин санҷидашуда бошад.
Зимоде низ ҳамчунин аст, ки ба сифати зерин бувад: бехи савсани осмонгунӣ, қуст, мурдосанги шуста, шохи сӯхтаи гавазн, бура ва ушаро гирифта, бикӯбанд ва ҳатто аз барои кунҷидаи сурх ва калаф ба кор бибаранд.
Доруи дигар: аз саргини куҳани фарсудашудаи сафед ва аз устухонҳои фарсуда даҳ [бахшӣ], аз бехи хушки най бист [бахш], аз сафоли нав даҳ [бахш], аз нашоста даҳ [бахш], аз боқилии мисрӣ панҷ [бахш], аз тухми муқашшари харбуза даҳ [бахш], аз гуринҷи сафедкарда даҳ [бахш], аз орди нахӯд даҳ [бахш] ва аз донаи бон понздаҳ [бахш] гирифта, бо оби ҷав маъҷун созанд ва тило кунанд. Агар андар он аз ҳар кадоми қуст, мурр ва зарованд ёздаҳ [бахшӣ] ҳамроҳ кунанд, беҳтар хоҳад шуд.
Мо ба намудҳое аз муолаҷаи ин осор пеш аз ин андар дигар ҷой ишора намудем.
Фасли ҳафтум андар баёни хуни мурда, кунҷидаи сиёҳ, кунҷидаи сурх ва калаф

Кунҷидаи сурх ва хуни мурда ба сабаби хуне ба амал оянд, ки даҳони раги лифии [он] ба иллати пурӣ ва ё кафонидани ягон кӯфтагӣ ва ғайри он кушода шуда бошад ва [хун] андар зери [қабати] барсӯвини пӯст андар ҷое банд гардидааст, ки рангу шаклаш аз он ҷой бинамояд. Он бахш, ки ба сурхӣ бизанад, «кунҷидаи сурх»
ва оне, ки ба сиёҳӣ бизанад, «кунҷидаи сиёҳ» буванд. Бахши олудагимонанди онро «калаф» ва гурӯҳе аз мардумон нуқтануқтаи онро «калаф» хонанд. Бисёр бошад, ки худованди кунҷидаи сурхро ба сабаби хушкии мизоҷ лабон бикафанд.
Ба муолаҷаи ҳамаи инҳо бояд зуд ва пеш аз шиддат ёфтани афсурдагии хун ва сиёҳ шудани он шитофт, зеро баъди ин муолаҷа душвор бигардад.

пешина
аз 1215
навбатӣ