Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Аммо хуни мурда ва кунҷидаи сиёҳро гоҳе аз тариқи бидуни реш овардан яксӯ намудани пӯсти тунук бо сари нештар берун оваранд. Агар андар он ҷой ягон чизи афсурда бошад, онро бо эҳтиёт баргиранд ва агар ягон чизи ҳанӯз наафсурда ҷой дошта бошад, онро оҳиста битаровонанд ва сипас барои тамом зудудан бо доруҳо муолаҷа кунанд. Мо кунҷидаи сиёҳ ва кунҷидаи сурхро бо ҳамин гуна роҳ муолаҷа кардем, бирафт, лекин бояд аз паси он зимоде ба кор бурд, ки дорои қабзкунандагӣ бошад, то аз даҳонаҳои рагҳо бори дигар хун ҷорӣ нашавад. Вале аз омехтани доруҳои қабзкунанда бо доруҳои ҳалкунандаи мустаъмал чорае нест, то ки доруҳои ҳалкунандаи тез аз тариқи рагҳои васеъшуда хусусан андар оғози калаф моддаро накашанд.
Бинобар ин набояд дору ба шиддат бисӯзонад. Ба ҳангоми [хунпечидагии] куҳани аз ҳаракат монда ин гуна бим нест, балки бояд барои он доруи ҳалкунандаи сӯзонандаро ба кор бурда, онро пайваста бигиранд ва боз бигузоранд. [Хунпечидагии] куҳан сиёҳ аст, на ғайри он.
Гоҳе хуни мурдаро андар оғози кор аз тариқи муддати дароз рехтани оби гарми бисёр ва хусусан агар он об дорои қувваи ҳалкунандагӣ бошад, метавон ҳал кард. Бошад, ки мо нахуст нештар бизанем. Гоҳе шиёфи мурр ва шиёфи гулӣ аз тариқи тило кардан аз барои он суд бахшанд. Ин гуна [тило кардан] ва дигар чизҳои ба равиши он бударо баъд аз шустани маҳалли [хуни мурда] бо ҷӯшонидаи, масалан, шоҳафсар андар як рӯз ду бор такрор кунанд. Беҳтарин чизе, ки ба кор баранд, ҳамин ду дору ва ба ғайри онҳо оби ҳулба бувад. Шиёфе, ки аз мурр бисозанд, чизҳои баъд аз (280) поксозӣ бо доруҳои камқувваттар боқимондаро биканад.
Анҷири андар сиркои туруш таркарда бошад, ки хуни мурдаро ҳал кунад. Агар натруни бирён, саргини кабӯтар ва бураро ба қадри баробар гирифта, бо ангубин тило кунанд, низ ҳамин гуна бувад. Инчунин, маҳалли [бемориро] бо натрун бишӯянд, баъд бо самғи хинҷак зимод кунанд, шаш рӯз баста доранд ва сипас онро бишӯянд ва бо сӯзан бихаланд, то ки хуншор бигардад. Сипас хунро хушк карда, шаш рӯз бигузоранд, баъди он бо намак даллокӣ кунанд ва ним соат бигузоранд. Сипас, бар вай панҷ рӯз доруи зеринро биниҳанд, ки мо ёд хоҳем кард ва баъд аз он ҳамаи боқимондаи хунро берун оранд. Ин дору чунин аст: кундур, натрун, оҳак, мум ва ангубинро гирифта, мумро андар ангубин бигудозанд, [ҳамаро] биомезанд ва бо онҳо зимод кунанд. Инро се, чаҳор ва то панҷ рӯз ба кор бурда, бар маҳалли [хуни мурда] биниҳанд ва бо ҳамин асари хуни мурда ва нақшу нигори бо сӯзан зада бираванд.
Доруҳои содаи хуб инҳост: кундуша бо мағзи он; бодоми талх; тухми каранб; тухми турб; шири анҷир; оби таратезак бо талхаи гов; кангаржад ва барги ябруҳ, ки онҳоро бар кунҷидаи сурх ва дигар пайҳо як ҳафта бимоланд; марзангӯш, ки аз барои хуни мурда олудании хубест; ва ҳамаи доруҳои қавии зудоянда, ки андар бобҳои гузашта ёд шудаанд. Инчунин, мисли қардамоно, мурр, софсиё, пиёзи зиз бо ангубин ва бехи филгӯши морон [аз ҳамин ҷумлаанд]. Ҷолинус ва дигарон гавзи тезшударо бад-ин гуна санҷидаанд, ки онро кӯфта, нарм кунанд, як шаб бар он [маҳалл] бибанданд ва сипас ин корро аз нав такрор кунанд.

Инчунин, ҳазоргашон, ё шашбандон, кунҷораи донаи бон ва ёсамин, хусусан [ёсамини] сабз, сӯҳонрезаи оҷ, коҷира бо сирко, ҳар ду навъи харбақ ва дорчиниро [ба кор баранд].Турушаи турунҷ низ хуб аст. Девсипист, саргини кабӯтар, саргини гунҷишк ва саргини боз [низ аз ҳамин қабил буванд]. Ё як бахш мурч, ду бахш оҳак ва ду бахшӣ зирнихи сурх ва зардро гирифта, бо ангубин маъҷун кунанд ва андар сафол бибардоранд. Ҳар гоҳ бадон эҳтиёҷ биафтад, маҳалли [бемориро] нахуст бо натрун бишӯянд, сипас [ин доруро] панҷ рӯз бо ротиёнаҷ зимод кунанд, баъд аз он зимодро кушода, он маҳалро бо сӯзан сӯрох-сӯрох карда, бихушконанд, бар вай намак пошанд ва сипас панҷ рӯзи дигар дубора бар вай ин доруро биниҳанд. Ин корро якчанд бор такрор кунанд, хуни мурда ва нақши бо сӯзан задаро бибарад.
Ё аз бура ва касиро ба миқдори баробар гирифта, аз онҳо қурсҳо созанд, бо сирко тило кунанд ва бо собун бишӯянд. Ё кадуи хушкеро тило кунанд, ки бо андаке заъфарон онро нек совида бошанд. Ин ба ғоят хуб аст.
Инчунин, гили қаритӣ ва пунбадонаро гирифта, бо оби собун ҷамъ созанд ва тило кунанд, калаф, кунҷидаи сурх ва табишҳоро пок кунад. Ҳамчунин аз дурди равғани зайтун, орди говдона ва орди боқилии мисрӣ бахшҳои баробар гирифта, тило кунанд.
Аз ҷумлаи доруҳои сабуки аз барои кунҷидаи сиёҳ, кунҷидаи сурх ва ҳама гуна пайҳо судманд луоби донаи биҳӣ бо заъфарон ва донаи каду бо ҷӯшонидаи ҳулба ба шумор бираванд. Яке аз доруҳое, ки калаф бибарад, тухми турб ва хардал буда, ин дуро бо анҷири андар сирко таркарда маъҷун созанд. Доруеро, ки аз хардал ва зирних бисозанд, агар ба андозае ба кор баранд, ки андаке пӯстро бибарад ва реш насозад, низ калафро биравонад.
Инчунин, қустро бо дорчинӣ гирифта, ҳар дуро бо оби коҷира маъҷун созанд ва тило кунанд. Ё хокаи симоб, тухми харбуза, маҳлаб ва бодоми талхро гирифта, ба кор бибаранд. Инчунин, оби коҷираро гирифта, бо муқл ва тухми таратезак маъҷун созанд. Низ, муқлро бо сирко бигиранд. Ин доруҳоро бад-ин гуна ба кор баранд, ки ҳар гоҳ сӯзиш оваранд, онҳоро бардоранд ва сипас аз нав биниҳанд.
Низ, пиёзи заъфарон ва пиёзи наргисро [ба кор баранд].
Инчунин, аз тухми таратезак, нашоста ва мурдосанги сафедкарда як бахшӣ, андаке заъфарон, аз саргини сусмор, саргини саг, орди боқилӣ, орди ҷав ва орди ҳулба ду бахшӣ ва аз равғани бодоми ширин ва равғани норгил ба андозаи ҷамъ сохтани [доруҳо] бигиранд.
Инчунин, диёхилунеро [ба кор баранд], ки ба сифати зерин аст: як уқия мурдосангро андар ду уқия равғани зайтуни куҳан то ҳал шудан биҷӯшонанд. Сипас, аз луоби ҳулба ва луоби хардал ба қадри баробар як уқия, аз муқл ва мурр панҷ дирамӣ гирифта, ҳар ду доруро суда созанд (281) ва бар онҳо луобҳоро рехта, сахт бисованд.
Сипас онҳоро бо равғани зайтун якҷоя кунанд ва аз онҳо диёхилун омода созанд.
Як қурси хуб: чаҳор [дирам] мозариюн, даҳ дирам хардали сафед ва ду дирамӣ уша ва муқлро гирифта, ин дуи [ахирро] андар миқдоре аз об ҳал кунанд, ки бо он дигар доруҳоро ҷамъ кардан битавонанд ва қурсҳо созанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ