Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Як доруи хуб аз Соҳири268 [пизишк]: як дирам сангисбӯя, як дирам бура ва [инчунин] тухми турб, устухони фарсуда, донаи бон, санги мурч, боқилии мисрӣ, тухми харбуза, қуст ва бодоми талхро гирифта, аз ҳамаи инҳо қурсҳо бисозанд ва ба кор баранд.
Як доруе, ки бағоят хуб ва камназир аст: ду дирам симобро андар орди се дирам бодоми талх кушта, чандоне бисованд, ки аз он ҳеҷ нишонае дида нашавад ва орд сиёҳ бигардад. Сипас як чанди ҳамагон тухми харбузаи нек кӯфтаро андар он афкананд. Як ҳафта ҳар шаб аз он тило кунанд [142] ва пагоҳӣ бишӯянд.
Инчунин, як бахшӣ судоби кӯҳӣ ва зуфо, сеяки як бахш рухоми гили сабз, як бахш кундур, ду бахш бура, ду ним бахш самғи хинҷак ва ҳафт бахш мумро гирифта, мум ва самғро бо равғани гул бигудозанд, бура ва рухоми гилро бо оби гарм ҳал кунанд ва ҳамаро якҷоя карда, бо онҳо каме ангубин биомезанд ва бо эҳтиёт ба кор бибаранд, то реш наоварад.
Гуфтаанд, ки яке аз корҳое, ки калаф бибарад, ин задани раги парраи бинӣ мебошад, вале ин сурхии рӯйро ба ҷое бирасонад, ки мисли сурхии рӯи худованди саъфа бигардад.
Фасли ҳаштум андар баёни нақши бо сӯзанзада ва илоҷи он

Нақши бо сӯзанзадаро гоҳе ду доруе аз ҷой бикананд, ки андар боби кунҷидаи сурх ёд кардем. Гоҳе [чунин тадбир] кифоят кунад: он маҳалро бо натрун бишӯянд, бар вай як ҳафта сақизи хинҷак бибанданд, сипас онро кушода, он [ҷойро] бо намак хуб молиш бидиҳанд ва бори дигар сақизи хинҷак бибанданд, то ҳамроҳи он сиёҳии нақш бихезад. Агар амсоли ин тадбирҳо суд набахшанд, аз хастани зарраҳои балозур бо сӯзани нақшкӯбӣ чора нест, то онҳо реш оварда, он ҷойро бихӯранд.
Фасли нуҳум андар илоҷи бодишном ва сурхии беандоза

Бодишном сурхии нописандидаест, ки ба сурхии каси нав ба ҷузом гирифторшуда монанд аст ва он бар рӯй ва бар дасту пойҳо хусусан андар зимистон ва ҳангоми сармо падид ояд. Бошад, ки ҳамроҳи он решҳо ориз бигарданд. Сабабаш ин аст, ки сармо бухори бисёри хуниро банд созад. Илоҷи ин раг задан, исҳол овардан, ҳиҷомат кардан ва девча ниҳодан аст. Сипас тадбиреро ба кор баранд, ки аз барои каси ба ҳангоми оғози ҷузом ҳолати нописанд рӯй дода, андар боби пеш аз ин боб омада ёд карда шуд.
Фасли даҳум андар баёни баҳак, вазаҳ ва бараси сафеду сиёҳ

Фарқи миёни ду навъи баҳак ва бараси сафеди ростинӣ он бошад, ки ҳар ду намуди баҳак андар пӯст ҷой доранд ва агар ба умқ бираванд, ин чандоне зиёд набошад,
Вале барас бошад андар пӯст ва гӯшт гузашта, то ба устухон бирасад. Сабаби ҳамагонии ҳамаи инҳо нотавонии
қувваи дигаргунсозандаи [ғизо] буда, вай [ғизоро] ба

тамом шабеҳи [тан] гардонидан натавонад. Лекин модда ба ҳангоми ҳар ду намуди баҳак тунуктар бошад ва қувваи ронанда қавитар буда, моддаро ба сатҳи [пӯст] биронад, вале модда ба ҳангоми барас ситабр ва қувваи ронанда нотавон буванд. Бинобар ин модда андарун рӯи ҳам рафта, ба ҳар чизе, ки бигузарад, мизоҷи онро табаҳ кунад ва аз ин ҷо часпоиш бештар буда, ҳамрангшавӣ ба амал наояд. Ин маъниҳоро пеш аз ин андар боби қувваҳо донистӣ.
Ҳар гоҳ ин модда устувор ҷойгир шавад, ғизои ба сӯи хеш расидаро агарчи беҳтарини ғизо бошад ҳам, ҳамранги табиати худ бигардонад, чунонки мизоҷи хуб моддаи табаҳро ба ислоҳ оварда, созгор бигардонад. Чунонки ҳар гоҳ дарахтонро аз ҷое ба ҷое бурда, бинишонанд, аз заҳрнок ба хӯрданӣ ва ё аз хӯрданӣ ба заҳрнок табдил ёбанд, чунонки Ҷолинус ва дигарон ёд кардаанд, ки чун дарахти бо номи «лабах» маъруфи андар Форс самари заҳрнок диҳандаро ба Миср бурда, нишондаанд, самари хӯрданибоб овардааст ва чунонки рангҳои ҷонварону растаниҳо ба ҳасби кишварҳо дигаргун бигарданд, ҳамчунин шубҳае нест, ки моддаҳо ба ҳасби андомҳо дигаргун бигарданд ва андомҳо аз барои онҳо мисли кишварҳо бошанд. Андом ҳар гоҳ балғамӣ ва гӯшташ чун гӯшти садафҳо бигардад, хуни хубро ба мизоҷи балғамии хеш ва рангашро сафед бигардонад.
Фарқи миёни ду баҳак ин аст, ки яке аз онҳо ба сабаби моддаи савдовӣ ва дигарӣ (282) ба сабаби моддаи балғамии хом падид оянд.
Аммо он чиро, ки «бараси сиёҳ» хонанд, нисбаташ ба бараси сафед мисли нисбати баҳаки сиёҳ ба баҳаки сафед нест, балки он як ҷинсест, ки ба моҳият мухолифи бараси сафед бувад. Аз баҳри он ки бараси сиёҳ ҳамон чизест, ки онро «парюни пӯстафкан» хонанд. Ин сафолакгириест, ки андар пӯст падид ояд ва бисёр дурушт ва мисли моҳӣ пулакчанок ва бо хориш бошад. Ин ба хилти савдовие вобаста аст, ки онро пӯст аз маҳалли аз паси худ буда, беш аз андозаи танҳо ба ранг таъсир расондан ба худ кашида бошад. Ин гуна [барас] яке аз муқаддимаҳои ҷузом аст. Ин бо вуҷуди бадӣ ва бо вуҷуди он, ки навъи музмини он ҳамчун баҳаки музмин беҳ нахоҳад шуд, вале назар ба бараси сафед некфарҷомтар аст.
Сабаби ҳамаи инҳо маълум аст.
Бидон, ки гоҳе барас аз паси ҳиҷомат рӯй дода, бар асари он падид ояд ва бисёр бигардад, аз баҳри он ки ҳамроҳи хун миқдоре аз рутубат кашида шуда, ба ҳангоми макидани ҳаҷҷом он ҳамроҳи хун берун наояд ва андар пӯст боқӣ бимонад ва низ аз баҳри он ки пӯсти маҷрӯҳшуда корҳои худро ба тамом иҷро кардан натавонад.
Фасли ёздаҳум андар баёни нишонаҳо

[Шинохтани] баҳаки сиёҳ мушкил нест, вале ҳар чи мушкил аст, фарқи миёни вазаҳ, ки баҳаки сафед аст ва миёни бараси бад бувад. Яке аз фарқиятҳои ин ду он бошад,
ки мӯи бар вазаҳ рӯида ба ранги мӯи [аслӣ] сиёҳ ва ё маллагун бошад, вале бар барас фақат мӯи сафед бирӯяд ва
пӯст ба ҳангоми он беш аз дигар ҷойҳои тан нишастатар
ва фишурдатар бувад. Гоҳе ин ҳол вазаҳро низ рӯй ди ҳад, вале бисёр андак.

пешина
аз 1215
навбатӣ