Қонуни тиб

Дигар ин ки ба ҳангоми сӯзан задан аз маҳалли вазаҳ хун барояд ва аз маҳалли барас на хун, балки рутубати обакӣ. Ин гуна [барас] беҳ нашавад.
Инчунин, оне, ки аз тариқи молиш додан сурх бигардад, умедбахш буда, эҳтимоли баҳак буданро дорад, вале агар сурх нагардад, ин бад аст.
Аммо фарқи миёни баҳаки сиёҳ ва бараси сиёҳ пӯстафканӣ, пулакчабарорӣ ва сафолакгирӣ буда, ба ҳангоми баҳаки сиёҳ чунин [аразҳо] падид наоянд. Сипас худи барас низ ҳар гуна аст ва бархе аз он дурушт ва бархе ҳамвор бувад. Аз ҳар ду навъи сафед ҳамвори он бад ва аз ҳар ду навъи сиёҳ ҳамвори он нек аст, аз баҳри он ки ин баҳак бошад. Бархе аз [барас] аз ранги тан бисёр дур ва бархе аз он ба ранги тан наздиктар буда, некфарҷомтар аст. Барасе, ки сахт фурӯнишаста буда, на сурх бигардад ва на хун барорад ва ё агар бисёр густурда буда, ҷои бисёр ишғол карда бошад, аз он умеди беҳӣ нест. Оне, ки ҳар соат андар афзоиш аст, низ ҳамчунин бувад, аз баҳри он ки мизоҷи он қавӣ буда, маҳалли аз паси худ бударо ба ранги хеш бигардонад. Бинобар ин, ин гуна [барас] ба ғоят бад аст.
Фасли дувоздаҳум андар илоҷи баҳаки сиёҳ
Агар хун бисёр бошад, бояд аз задани раг оғоз намуд ва бо ёрии, масалан, ҷӯшонидаи афитимун, ғориқун, ҳалилаи сиёҳ, баспоя ва устухудуси бо мавиз, анҷир ва монанди он гирифта, хилти сӯхта ва савдовиро истифроғ намуд. Агар санги арманӣ ва лоҷувард андар таркиби доруҳо бидароянд, ба ғоят хуб хоҳад буд. Харбақ, ёраи луғозиё, ёраи Руфус ва ғайра [низ аз ҳамин қабиланд]. Яке аз доруҳои истифроғоварандаи тунук панироб бо афитимун мебошад, ки ҳар рӯзе як дирам афитимунро андар як қадаҳ панироб биошоманд ва ин ба нармӣ [танро]пок кунад.
Гоҳе чунин [беморро] истеъмол намудани ғизоҳои хубкимус, ба кор бурдани гармоба ва истеъмоли итрифалҳои афитимунӣ суд бахшанд.
Як доруи кӯфта, ки аз барои ин ва ҳам бараси сиёҳ судманд аст: як бахшӣ ҳалилаи сиёҳ, омула ва сиёҳдона ва якуним бахш зуфароро гирифта, ҳар рӯз аз ин таркиб се дирам бомдод ва се дирам шомгоҳӣ биошоманд. Агар танро гарм кунад, якчанд рӯз тарк кунанд ва сипас дубора ба кор баранд.
Агар испурч табаҳ шуда, савдоро кашидан натавонад, бояд ба ислоҳи он бипардозанд ва бо ҳамин ба беморон ёрӣ бирасонанд. Баъд аз он бояд тилоҳои пӯстрезонандаи сахт зудоянда ва кашандаи хуни дурустро ба кор бибаранд.
Агар онҳо обила биоваранд, якчанд рӯз [беморро] осуда гузоранд, то пӯст бирезад, сипас агар ҳоҷат бошад, онҳоро дубора ба кор баранд. Гоҳе на ба андозае бигузоранд, ки обила оварад, балки ҳар бор, ки ба сӯзонидан оғоз кунад, [тилоро] бигиранд, то дард бимонад ва боз аз нав биниҳанд.
Мисоли ин доруҳо инҳост: софсиё; мурч; хардал; тухми сипандон; шири исфидакшир; шитараҷ; испанд; тухми турб; пӯсти бехи кабар; кабикаҷ, ки аз барои баҳак ва барас низ судманд аст, аз баҳри он ки хунро ба шиддат бикашад; (283) устухонҳои пӯсида; донаҳои куҳани пӯсидаи аз миёни деворҳо ёфтшаванда; ҳамаи доруҳои зудояндаи
қавие, ки андар боби равондани пайҳо ёд шуданд; ва обҳое, ки бо онҳо тило кунанд, аз қабили оби барғаст ва ҷӯшонидаи ҳанзал.
Сифати як тилои хуб: тухми турбро гирифта, бо кундуша бикӯбанд ва бо он андар гармоба баҳаки сиёҳро тило кунанд. Инчунин, тухми турб ва тухми хардалеро [ба кор баранд], ки бо анҷири бо сирко ҷӯшонида маъҷун сохта бошанд.
Сифати як тилои хуб: даҳ [дирамӣ] сиёҳдонаи бирён ва шитараҷи форсӣ, се [дирамӣ] замч ва санои маккӣ, ду дирамӣ зог ва мозу ва панҷ [дирам] тухми бирёни испандро гирифта, бо сиркои тез тило кунанд ва сипас, агар аз он пайҳо падид оянд, онҳоро бо шири занон чора кунанд.
Ҳамаи тилоҳои қавии андар боби кунҷидаи сиёҳ ва кунҷидаи сурх ёдшуда аз барои баҳаки сиёҳ судманданд.
Фасли сездаҳум андар баёни муолаҷаи вазаҳ [143] ва барас
Агар ягон сабаби қавие тақозои раг задан накунад, бояд аз он худдорӣ намуд. Аз гармоба ба ҷуз гоҳ-гоҳе ба ҳангоми ношито ва аз шароб ба ҷуз холиси он [низ парҳез кунанд]. Агар [беморро] тан пок бошад, арақ овардан андар гармоба суд дорад. Низ, қай ба кор бибаранд. Сипас, агар тан пок набошад, доруҳои балғам ба истифроғ оваранда ва баъд аз он доруҳои пешобтозонанда ва аз доруҳои исҳоловаранда, масалан, ёраҳои бузург, хусусан ёраи дилаи ҳанзал ва донагиҳои бад-он монандро ба кор бибаранд.
Ёраҳоро бо ҷӯшонидаи ҳалила, афитимун, баспоя, мавиз ва намак ба бемор бидиҳанд. Донаи нилро андар берун овардани хилти обдиҳандаи вазаҳ ва барас хосияти аҷибест.
Яке аз доруҳои исҳоловарандаи барои чунин беморон созгор ёраи фиқроест, ки бо дилаи ҳанзал мураккаб карда бошанд ва ё ба нусхаи зерин бувад: як дирамӣ дорчинии чинӣ, сунбул, чӯби баласон, мастако, асорун, заъфарон, сода, пудинаи ҷӯӣ ва дилаи ҳанзал ва ҳаждаҳ дирам сабрро бигиранд. Як ошомидании он як дирам ва ё як мисқол ва бо сикангубини ангубинӣ ва оби гарм бувад.
Яке аз доруҳои исҳоловарандаи аз барои эшон созгор: як бахшӣ ҳалила ва омула ва се бахш турбид бигиранд, ки ҳар як бахш як уқия бувад. Сипас ним ратл фонизро бо об ҳал карда, ба қивом оранд ва [дигар доруҳоро] бо он маъҷун созанд. Як ошомидании он аз се то панҷ [дирам] бувад. Агар андар он як бахш занҷабил биафзоянд, ба наздики ман дӯстдоштатар аст.
Низ маъҷунҳои итрифалӣ ва гуворишеро ба кор бибаранд, ки ба сифати зерин аст: як бахшӣ ҳалилаи сиёҳ ва кундури сафед ва чаҳоряк бахш занҷабилро гирифта, бо ангубини мавиз маъҷун созанд ва ҳар рӯзе аз он ба қадри як хояи мурғ269 ба кор бибаранд.
Инчунин: аз ҳалилаи сиёҳ, омула ва сиёҳдона ба қадри баробар ва якуним бахш зуфаро бигиранд ва ҳар рӯзе ба қадри се дирам аз он биошоманд, вале [бемор] ҳар гоҳ таб кунад, истеъмоли онро тарк бояд кард.
[Доруи] дигар: аз ваҷ, дорфилфил, ҳалилаи кобулӣ, мастако, кундур, сиёҳдона ва донаи даҳмаст бахшҳои баробарро бо ангубин маъҷун созанд. Як ошомиданӣ ду дирам бувад.
Яке аз доруҳое, ки андар Китоби ихтисорот270 ёд шу дааст: як қабза писти гандуми сахт бирёнкардаро истеъмол кунанд ва агар эҳтиёҷ бошад, онро як бори дигар бирён кунанд, сипас аз болои он ним уқия обкомаи набатӣ ошомида, то ним рӯз ташна бигарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор