Қонуни тиб

Зуфаро ва тухми он бо шароб андар ин бобат хосияти аҷиб доранд. Афшураи сарнавдаҳои талхи ток [низ ҳамчунин буда], ҳар рӯзе аз он як қадаҳ биошоманд ва ин барасро ба рехтан оварда, онро аз афзоиш боз дорад. Ошомидани тарёк ва хӯрдани гӯшти афъиҳо андар ин бобат сахт судманд аст ва қурсҳои афъигӣ низ ҳамчунин буванд.
Яке аз маъҷунҳо ва доруҳое, ки миёни маъҷунҳои итрифалӣ ва доруҳои исҳоловаранда биистад: ду бахш тухми зуфаро, ним бахш тухми газна ва чаҳоряк бахш сабрро гирифта, бо ангубин ҷамъ созанд. Як ошомидании он се дирам буда, мудом онро истеъмол кунанд, бархе аз мардумон андар ин ваҷ ва афитимун биафзоянд.
Инчунин: ду дирам калкалонаҷ, як дирам ҳалилаи сиёҳ ва ду донг афитимунро як соли тамом биошоманд.
Як доруи (284) ба ҳамин равиш, вале қавитару судбахшияш намоёнтаре, ки бояд онро як сол биошоманд:
шаш дирам ваҷ, даҳ [дирамӣ] ҳалилаи кобулӣ ва баспоя, понздаҳ дирам ҳалилаи зард, бист дирам ёраи фиқро, ҳафт дирам намаки ҳиндӣ, бист дирам тухми зуфаро, даҳ дирам оқирқарҳо, панҷоҳ дирам турбид, бист дирам дилаи ҳанзал, панҷ дирам ғориқун ва ҳашт дирам маҳмударо гирифта, бо ангубини саътар маъҷун созанд. Як ошомиданӣ аз як мисқол то ду мисқол бувад.
Аз ҳамин қабил як дору аз ал-Киндӣ: ҳаштяк кайлча тухми сипандон ва се дирамӣ зуфаро ва сабри асқутариро гирифта, онҳоро бар якуним ратл ангубин бирезанд ва қивом диҳанд. Як ошомиданӣ аз он пеш аз таом ба қадри ҳоҷат ва бо пист бувад ва сипас баъди он се ҷуръа обкома биошоманд. Сарро бо равғани бунафша ва равғани гул эҳтиёткорӣ кунанд ва баъди ин ғизо аз исфедбо бигиранд.
Гоҳе равост, ки мудом луғозиё ва тиёдаритус ба кор бибаранд ва ҳар рӯз як ошомидании хурди он то ним дирам ва камтар аз он бошад. Гурӯҳе аз мардумон аз доғ ниҳодани маҳалли барас суд дида, аз он раҳоӣ ёфтаанд ва осуда гардидаанд, лекин ин кор ҳангоме тавон кард, ки миқдори барас кам бошад.
Агар тан пок ва мизоҷи он муътадил бошанд, доруҳои ошомиданиро як сӯ гузор, зеро бошад, ки онҳо ягон офате биоваранд ва камтарини он ин аст, ки хунравӣ ба амал ояд ва рӯҳ коҳиш ёбад, ҳол он ки ба ҳангоми муолаҷаи барас бад-ин ҳар ду эҳтиёҷ бувад. Танҳо ба муолаҷа намудани андом бо он тилоҳо ва дигар чизҳои ба ҳамин монанде, ки хосси он аст, кифоят кун. Бояд ғизои [бемор] зудгувор бошад, на часпак ва на серравған. Бояд ӯро аз хӯрдани тараҳо, ҳарисаҳо ва дигар чизҳои бад-ин равиш буда дур бидоранд.
Аммо доруҳои вазаҳӣ ва барасии аз берун гузоштанӣ андар дараҷаи якуми [муолаҷа] бояд сахт зудоянда, сахт кашандаи хун ва мизоҷи андомро ба шиддат гармкунанда бошанд. Баъд аз ин [марҳала] бояд онҳо решоварандаи пӯстрезонанда буванд. Андар миёни доруҳои вазаҳӣ як қисм доруҳоеанд, ки аз барои ранг кардани [пӯст] ба кор баранд. Аз ҳама воҷиб он аст, ки доруҳои аз берун гузош
таниро баъди молиш додану сурх гардонидан ба кор бибаранд ва бояд молиш доданро масалан бо барги анҷир ва ё баъди сӯзан задани маҳалҳои бисёр ба андозае давом диҳанд, ки он ҷой хуншор шавад. Яке аз чизҳои бар суди доруҳо афзоянда ин аст, ки онҳо ба тариқи андар офтоб молидан ба кор бурда шаванд.
Беҳтарини доруҳои барасӣ онест, ки реш ва ё обила оварда, бо ҳамин модда битаровад. Решро беҳ карда, дубора дору ба кор баранд. Гоҳе на то дараҷаи обила овардан, балки то ҳангоми сӯзиш овардан бигузоранд. Сипас, баъд аз осуда шудани дард дубора дору ниҳанд.
Доруҳои барасӣ ба ҳасби эътибори аввал бахши қавии доруҳои ёдшуда буда, мисолашон инҳост: ҳар ду навъи харбақ; оҳак; зирних; кундуша; мавизак; бехи ҳазоргашон; ҷентиёно; абҳал; ротиёнаҷ; бехи хуни сиёвушон; бехи нармода; кафки дарё; ангужад; пӯсти бехи кабар; хардал; испанд; тухми турб; бехи хиёри даштӣ; тухми таратезак; рӯян; ҳил; мозариюн; зог; қалқанд; зангор; гӯгирд; қатрон, ки андар гармоба ба кор баранд; балбус; қуст; зарованд; лола; софсиё; фурбиюн; кирмдона, ки сахт созгор аст; боз гӯгирд, ки агар онро бо сирко пайдарпай тило кунанд; пиёзи наргис; навшодир, ки яке аз доруҳои санҷидашуда аст; равғани хояи мурғ, ки тилои хуб бувад; бехи филгӯш, ки аҷиб аст; бехи нилуфар; хуни мори сиёҳи пӯстбарандохта; бехи маҳмуда; барги хушки анҷир; барги харзаҳра; росан ва барги он; уштурғоз.
Мисоли обҳо инҳост: сирко; оби коҷира; оби барғаст; оби балбус; оби унсул ба таври махсус; оби марзангӯш хусусан аз барои барасе, ки бар асари миҳҷамаҳо падид омада бошад; афшураи росан; ва шӯрбои гӯшти афъиҳо.
Аз ҷумлаи тилоҳои хуб тарёк, ё масрудитус ва ё луғозиё бо оби барғаст ва инчунин шитараҷи кӯфта ва хардали кӯфта ба шумор бираванд ва гоҳе бо ҳамин [бараси] андар миёни ду пӯст ҷойдошта беҳ шавад.
Яке аз равғанҳои хуб равғани мӯрдест, ки андар он шитараҷи сӯхтаро ҷӯшонида, баъд аз он бо вай зог омехта бошанд. Яке аз (285) тилоҳои хуб коғнаҳоест, ки онҳоро бо сирко совида, тило кунанд. Ё шоҳтараи тар ва ё хушкро гирифта, андар шиками афъии забҳ ва поккарда биниҳанд, бидӯзанд ва афъиро то хуб пухтан биҷӯшонанд. Сипас, он шоҳтараро берун оварда, бар барас зимод кунанд, зуд беҳ шавад.
Ё барги сабзи харзаҳраро гирифта, бо равғани зайтун то хушк шудани баргҳо биҷӯшонанд. Сипас равғанро полида, бар вай як миқдор муми поккарда афкананд ва баъд гӯгирди зард пошида, мисли марҳам бигардонанд ва андар офтоб [бар барас] тило кунанд.
Як тило, ки аз [пизишкони] Ҳинд аст: қуст, шитараҷи ҳиндӣ, зирнихи сурх, мурч ва зангорро гирифта, андар ҷогаҳи мисин бо сирко бисованд ва як ҳафта бигузоранд.
Сипас чун онро тило карда, андар офтоб нишинанд, баҳак ва бараси навоғозро нест кунад.
Ё ишхори ушнон ва оҳакро андар пешоби кӯдакони ширхор тар кунанд ва он [пешобро] ҳафт рӯз дигар кунанд.
Сипас онҳоро ҷӯшонида, мисли ангубин бигардонанд [144] ва то реш шудани [маҳалли беморӣ] ба кор бибаранд.
Баъд, зифт, мум, қатрон, пӯсти сӯхтаи гавз, хуни чӯҷаи кабӯтар ва равғани ҳиноро гирифта, то омехта шудан биҷӯ шонанд ва бар он маҳал барниҳанд, то ранги он чун ранги ҷасад бинамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор