Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Аз ҳама беҳтар он аст, ки ин корро андар офтоби гарм якчанд бор такрор кунанд.
Бидон, ки [доруи] истифроғи худованди ин иллат бояд камқувват буда, бахши тунуки [моддаро] ба тадриҷ истифроғ кунад. Оби бехҳо пазонанда ва роҳкушояндаи доруҳост, вале андар охир ҳабби «бадбӯй» биошоманд ва сипас аз нав ду ҳафта оби бехҳо истеъмол кунанд.
Хуни [бемор] аз гӯштҳои гарми парандагон ва қаляҳо афзоиш ёбад ва бояд ӯ аз чизҳои туруш ва шӯрбоҳо парҳез кунад, вале гоҳ-гоҳе зирабо истеъмол кунад. Об зиёнкортарин чиз андар ин ҳангом аст. Бояд шароби кӯҳан, вале на ба миқдори зиёд биошомад. Бояд ҳар сари чанд вақт маҳалли [бемориро] бо пораи дурушт молиш бидиҳанд, то ки хун бад-он ҷой кашида шавад. Гармоба даромадан, инчунин ғизоҳои ситабр ва меваҳои тару хушк ӯро зиён доранд. Бар барас доғ ниҳодан бад аст ва бошад, ки аз он барас густариш ёфта, бисёр шавад. Барасе, ки баъд ба ягон сабаб доғ ниҳодан ба амал ояд, айбе надорад ва бараси андар гирди маҳалҳои нештарзада падидомада низ ҳамчунин аст.
Як тилои бисёртаркибе, ки аз барои ал-Муътасим271 сохтаанд: се уқия хуни мори сиёҳи пӯстафканда, як уқиягӣ хуни зоғи ало, сурхоб (нуҳҳом), абғас,272 чӯҷаи қумрӣ, фохта ва сангпушти дарёӣ ва як уқиягӣ қатрон, зифти тар, нафт ва ангубини балозурро гирифта, ҳамаи инҳоро биомезанд ва хушк кунанд. Сипас як бахш оби ҳанзали сабз, ду бахш шароби куҳан, ду бахш оби росани сабз ва як бахшӣ оби судоб ва оби хардали сабзро гирифта, ҳамагӣ даҳ ратл аз инҳоро бар ҳамин нусха ба ҳам ҷамъ созанд, андар потила биандозанд, аз болои онҳо як уқиягӣ мурчи сиёҳ, дорфилфил, занҷабил, сиёҳдона, гунди бедастар, оқирқарҳо, кундуша, софсиё, мехак, салиха, мозариюн, бехи хиёри даштӣ, харбақи сиёҳ ва говшир биафкананд ва инҳоро бо обҳо то сеяк боқӣ мондан биҷӯшонанд.
Сипас ҷӯшонидаро аз доруҳо полида пок кунанд. Баъд, миқдоре аз оби ҳанзали сабз, росани сабз ва унсул, оби марзангӯш ва миқдоре аз шароби куҳанро гирифта, бар он обҳо бипошанд ва ҳамагӣ ба ҳашт ратл бирасад. Сипас аз ангужади бадбӯй, бехи ангудон, уштурғоз, зангор, гӯгирд ва ҳар ду навъи зирних якуним уқиягӣ гирифта, андар обҳо то ба чаҳоряк расидан биҷӯшонанд ва полида бигиранд. Хунҳо ва хилтҳои хушкидаро аз ин об диҳанд ва бисованд, то ҳамаро ба худ кашида, хушк кунанд. Сипас маҳалли [бемориро] бо он андар гармоба тило созанд.
Ман мегӯям: чунин доруро назар ба он чи ки пизишки шоҳ фармудааст, бо заҳмати камтар ва таъсири бештаре метавон омода сохт.
Як тилои хуб аз Соҳири [пизишк]: аз сиёҳдона, харбақ, лола ва бехи кабар як бахшӣ ва аз шитараҷ, ҳузаз, дуводим273 (оби сурхи сафедор), мурр ва зирних ним бахшӣ гирифта, андар офтоб тило кунанд.
Як тилои сабуки хуби судбахш: лола (286) ва ҳазоргашонро бо сирко ва ё рӯяни рангрезон, кафки дарё, тухми турб ва кундушаро бо сиркои хамрӣ [тило кунанд].
Инчунин: аз сӯҳонрезаи биринҷ, харбақи сиёҳ, рӯсӯхта, коғнаҳо ва зирнихи сурх як дирамӣ гирифта, бо қатрони андар сирко гудохта маъҷун созанд ва баъд аз по

шидани [хокаҳо бар маҳалли беморӣ] тило кунанд.
Низ, [доруи] Арбиёсис: харбақи сафед, мурч, сиёҳдона, кафки дарё, гӯгирд, зирниҳи сурх, рӯяни рангрезон, шитараҷ, зангор ва коғнаҳоро бо сирко совида, қурс бисозанд, хушк кунанд ва ба ҳангоми ҳоҷат онро бо сирко совида, [бар маҳалли беморӣ] пас аз сурх сохтану молиш додани он ҷой тило кунанд.
Инчунин [як нусха] аз Китоби оростагӣ аз Қаритун: харбақи сиёҳ, ҳазоргашон, пӯсти бехи мозариюн, гӯгирди зард, зог, зангор, сӯҳонрезаи оҳан, кафки дарё ва барги анҷирро бо сирко мисли халуқ бисованд ва андар зарфи арзизӣ нигоҳ доранд. Онро андар офтоб баъд аз молиш додани [маҳалли беморӣ] тило кунанд.
[Доруи] дигаре аз Ҷабраил:274 аз гӯгирд, фурбиюн ва харбақ як дирамӣ, аз балозур ду дирам ва аз оқирқарҳо ва шитараҷ як мисқолӣ гирифта, бо сирко тило кунанд.
Инчунин: тухми турб, кундуша, софсиё, мозариюн, рӯяни рангрезон, шитараҷ, сипандон, оқирқаҳо ва мавизакро бо хуни мори сиёҳи пӯстафканда биомезанд, қурсҳо бисозанд ва баъд аз гармоба кардан аз он бо оби рӯяни рангрезон, ки онро нек ҷӯшонида, полида бошанд, истеъмол кунанд. Низ: аз ҳар кадоми рӯян ва шитараҷ панҷ дирамӣ, аз тухми турб даҳ ва аз кундуша ҳашт дирам гирифта, баъд аз гармоба бо сирко тило кунанд.
Як доруи шоҳӣ: барги мозариюн, тухми муқашшари он, харбақи сиёҳ ва мурчро андар сирко ғӯтонида, то нарм шудан биҷӯшонанд ва сипас андар он зог, коғнаҳо, сӯҳонрезаи оҳан, натрун ва кафки дарё афканда, як сар биҷӯшонанд. Баъд, инро тило намуда, сабр кунанд, ҳар қадар, ки битавонанд, нашӯянд ва обилаҳоро бишикофанд.
Як тилои хуб: ҳафт [дирам] ангубини балозур, се [дирамӣ] оқирқарҳо ва софсиё, чаҳор дирам фурбиюн ва ду дирам шитараҷи форсиро бо шир маъҷун созанд ва тило кунанд.
Яке аз доруҳое, ки мо худ санҷидаем: аз ангубини балозур, кабикаҷ, саргини кабӯтар, коғнаҳо, шитараҷ, тухми турб, тухми хардал, рӯяни рангрезон, ҳино, васма ва зог бахшҳои баробаре гирифта, бо онҳо обила оваранд, бикафонанд ва решҳоро муолаҷа карда, дубора чунин кунанд, то [беморӣ] беҳ шавад.
Яке аз доруҳое, ки бараси бар асари миҳҷамаҳо падидомадаро биравонад, оби барғаст, оби марзангӯш, рӯяни рангрезон ва шитараҷ буда, онҳоро бо оби дорпарниён тило кунанд.
Рангҳо: аммо оид ба рангҳое, ки барои барас ба кор бибаранд, миқдори вазни онҳоро ба таври аниқ овардан берун аз имкон аст, зеро рангҳои пӯсти мардумон ҳар гуна буванд, балки оид ба он қонунҳоеро биоваранд ва сипас аз онҳо камобеш берун рафта, амал кунанд.
Аз ҷумла: шӯра, мурр, дурди хамр, гили сурх, рӯян, замч ва монанди онро гирифта, мураккаб созанд ва ба кор баранд. Ё як ранге, ки мо санҷидаем: пӯсти гавз, як чанди он ҳино ва ба қадри ҳино васма бигиранд. Инчунин, аз оҳак, зирних ва шитараҷ як бахшӣ ва аз рӯяни рангрезон ду бахш гирифта, ҳамаро бо оби пиёз ҷамъ созанд ва ба ҳасби мушоҳада ба кор баранд.
Як ранги дигар: қараз, дермана,275 оҳак, мозу, зог ва ҳиноро гирифта, бо ангубин ва сиркои савод276 (сиёҳӣ) маъ ҷун созанд ва ҳамчун тило ба кор баранд.

пешина
аз 1215
навбатӣ