Қонуни тиб

Аз ҷумлаи доруҳои аз берун гузоштанӣ инҳост: тутум бо равғани зайтун; низ туруша ва баргу пояи он; замч бо равғани зайтун; барги озоддарахт;286 ё барги анор; ё барги ҳанзал; ё барги мӯрд; ё барги сарв; ё барги катон; ё наи бӯё; дорчинӣ; равғани хасакдона, ки судманд буда, [падид омадани шупушро] пешгирӣ кунад; равғани турб, ки таъсири аҷиб дорад; пӯсти (299) салиха; ҳар ду намуди зарованд; оқирқарҳо; бехи хитмӣ; сисанбар; гесугуна; анисун; мушктаромашир; тухми газна; бӯмодарон; ва қардамоно.
Се дирам шиёфи момисо, ним дирам қуст, як дирам бура ва як чанди ҳамагон нашостаро гирифта, оҳак бизананд ва тило кунанд.
Аз ҷумлаи таншӯяҳо ҷӯшонидаи боқилии мисрӣ, ки хубу қавист, ҷӯшонидаи чугундар,287 ҷӯшонидаи газ, ҷӯшонидаи пудинаи кӯҳӣ, ҷӯшонидаи барги сарв ва барги санавбар ба шумор бираванд. Агар андар таркиби таншӯяҳо заҳрҳо бидароянд, хуб хоҳад буд. Аз бахурҳо кундушаву мавизак, ё зирних, ё хусусан сукк ва ё гӯгирдро бахур кунанд.
Яке аз доруҳои қавӣ чунин аст: мавизак, зирнихи сурх ва бураро гирифта, ҳамаро бо сирко ва равғани зайтун бисованд ва бо он сарро тило кунанд. Ё харбақи сафед ва бура, ё барги харзаҳра бо равғани зайтун ва ё барги ҳанзалро [ба кор баранд]. Ё хардалу кундушаро ба шакли совида бигиранд, бар онҳо андаке сирко бирезанд ва баъд аз он андар онҳо ба тариқи совидан симобро бикушанд, ин доруи қавие хоҳад буд. Низ доруе ҳамчунин бошад, ки аз гӯгирд, зирних, зарованд, хокистари булут, қуст ва мурр бисозанд. Ё кундуша, зирнихи сурх, зарованди дароз, қатрон ва аз заҳраи гов ба андозае бигиранд, ки бо он доруҳоро сириштан битавон. Ин тилои қавие хоҳад буд. Ҳамчунин, қатрон, ҷентиёно, зирних ва равғани савсан ва ё мавизак, барги харзаҳра ва замчи яманиро бигиранд. Инчунин, андар гармоба баъд аз оҳак [доруи зеринро] тило кунанд: як бахш шиёфи момисо, ним бахш бура, як бахш қуст ва як чанди ҳамагон нашостаро бо сирко сиришта, баъд аз оҳак ба кор бурдан тило кунанд.
Ба кор бурдани ин доруҳо [151] баъд аз бахур кардан, масалан, бо кундуша ва мавизак ва хусусан ҳангоме беҳтар бувад, ки агар нахуст таншӯяҳоеро аз қабили чизҳои мо ёдкарда ба кор бурда бошанд.
Мақолаи чаҳорум
АНДАР БАЁНИ ҲОЛАТҲОЕ, КИ БА ТАН ВА АНДОМҲОИ АТРОФӢ
АЛОҚАМАНДАНД ВА ИН ПОЁНИ КИТОБИ ОРОСТАГИСТ
Фасли нахустин
андар баёни бартараф кардани лоғарӣ
Лоғарӣ ё ба сабаби нарасидани моддаи ғизоии фарбеҳкунанда, ё ба сабаби бисёр истеъмол кардани ғизои латифсозандае, ки аз он андар тан хуни бисёр падид наояд ва ё ба сабаби маҳдуд сохтани тадбири [ғизоӣ] бар чизҳое, ки аз ғизои онҳо хуни покиза зода нашавад, ба амал хоҳад омад. Ё ин ки он ба нотавонии қувваҳои андар ғизо тасарруфкунанда, яъне қувваи гуворанда ва қувваи ба сӯи андомҳо кашандаи ғизо вобаста бувад.
Ин гуна [нотавонӣ] ба иллати табаҳ гардидани мизоҷ ва аксар вақт сардии он ва ё ба сабаби бисёр ором истодане рӯй диҳад, ки ба ҳангоми он қувваи кашанда бихобад. Хусусан агар ин [оромӣ] баъд аз варзишҳое бошад, ки табиат ба кашидани ғизо бо ёрии онҳо хӯ карда бошад, чун он [варзишҳо] тарк карда шаванд, [табиат] ҳатто ғизои муътадилро ҳам дигар накашад. Ё [ин нотавонӣ] бад-он сабаб бошад, ки хун барои табъ нафратовар бувад. [Масалан] хуни заҳравӣ барои қувваи кашанда назар ба хуни тари обакӣ бештар нафратовар аст.
[Лоғарӣ] ё ба сабаби тангӣ овардани испурч бар ҷигар ба амал ояд, зеро ҳар гоҳ испурч бузург бигардад, хуни бисёрро ба хеш бикашад ва ба сабаби зиддияти байни онҳо қувваи ҷигар нотавон шавад. Ё мумкин аст ба сабаби танро музоҳамат овардани кирмон ба амал ояд ва ё мумкин аст ба тангии масомҳое вобаста бошад, ки аз сабаби хилтҳо баста шуда бошанд ва ё ба иллати фишурдасозии сармо, ё гармо ва ё хушкии холис, ки ҳар кадоми инҳоро бо нишонаи худаш метавон шинохт, пӯшида шуда бошанд. Ё мумкин аст аз пайваста бандина ниҳодан ва
хусусан аз сабаби гили хӯрданӣ масомҳо ва маҷроҳо баста бигарданд ва бинобар он ғизо аз тариқи онҳо кашида нагардад. Ё [лоғарӣ] мумкин аст ба бисёрии ҳалшавӣ вобаста буда, ғизои ба сӯи андом кашидашуда андар он боқӣ намонад, балки пароканда бигардад, чунонки ба ҳангоми варзишҳои сахт, ғаму андӯҳ ва бемориҳои гудозанда ҳамин гуна бувад.
Танҳое, ки ба рӯзгори андак лоғар шуда бошанд, эҳтимоли ба рӯзгори андак боз омадани фарбеҳиро доранд, вале танҳое, ки ба рӯзгори дароз лоғар шуда бошанд, ба ҷуз мудоро бардоште надоранд, зеро қувват ғизои бисёр истеъмол кардан натавонад. Тани аз ҳама беш пазирои фарбеҳӣ онест, ки пӯсташ аз ҳама ковоктар ва бештар қобили давидан бошад.
Он чи ки инсонро ба гудохтан аз лоғарӣ водор кунад, ин сустӣ овардани он ва ба шиддат мунфаил шудан аз гармӣ, сардӣ, бархӯриҳо, дарҳамафтиҳо, андешаҳои нафсонӣ, дарду ранҷ, бехобӣ, истифроғ ва ҷимоъ мебошад.
Чунин [одамро] ғизо андар рагҳо банд гардида, (300) нагузарад ва бигандад.
Фарбеҳӣ низ зиёнҳое дорад, ки мо онҳоро ёд хоҳем кард ва ҳеҷ чиз ба миёнаҳолӣ нарасад. То даме ки фарбеҳӣ зиёнвар нест, онро нописандида мадор, зеро зиндагӣ андар тарист, вале баробари он боистӣ эҳтиёт кард ва агарчи ягон офате падид наомада бошад ҳам, аз роҳи ифрот рӯй бигардонд, зеро чунонки андар ҷои худ гуфта ояд, офати он ногаҳон ва якбора рӯй диҳад. Ҳар гоҳ бадан ва ҳаво бихушканд, лоғарӣ ба амал ояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор