Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Он доруҳое, ки ба изофаи он чи андар ин нусха аст, тибқи дастурҳои форсӣ андар таркиби шалисо бидароянд, инҳост: зарнаб ва исфанди сафед ду дирамӣ; бехи хайрии сурх чаҳор дирам; шукуфаи ҳино ду дирам; палангмушк, ки он мехаки бӯстонӣ аст, чаҳор дирам; қардамоно як дирам; рованди чинӣ, донаи баласон, шохаҳои баласон, мӯрддонаи мисрӣ, махтуму-л-малик (гили набишта), санги Довуд ва ангужади бадбӯй ду дирамӣ; хирбӯво се дирам; донаи муқашшари бон чаҳор дирам; табошир як дирам; кушус, каҳрабо, мурдисфарам, ҷуфтофарид, гавзи абҳал, муғос, мармохур, ҳар ду баҳмани сурх ва сафед ду дирамӣ; анисун се дирам; дермана се дирам; намаки табарзад, намаки нон, яъне намаки хамрӣ, тухми газари даштӣ, карафси кӯҳӣ, афшураи савсан ва афшураи алафи гулӯдард се дирамӣ; пӯсти хушки турунҷ ва чӯби фовониё чаҳор дирамӣ; кавардон панҷ дирам; мағнотис шаш дирам; қалқатол,34 ки он пудинаи кӯҳӣ (ал-ҳабақу-л-ҷабалӣ) аст ва бодоми талх ҳафт дирамӣ. Доруҳои хушкро кӯфта бибезанд, тарро бо тилои хуб тар кунанд, ҳамаро бо се чанди вазни онҳо аз ангубин маъҷун созанд, андар зарфи шишагӣ бардоранд ва ба муддати шаш моҳ бигузоранд, куҳан бигардад. Як ошомиданӣ аз он ба қадри як нахӯд ва бо оби нимгарм аст.
Таркиби як нусхаи дигар: аз мушки хуб ду дирам, аз марвориди ношикофта даҳ дирам, аз зари суда ва сими суда ним дирамӣ, аз анбар чаҳор дирам, аз зарнаб ним дирам, аз абрешими сӯхта ва ё носӯхта чаҳор дирам, аз мехак ва сунбули хушбӯй чаҳор дирамӣ, аз заъфарон даҳ дирам, аз зурунбод ва даруна чаҳор дирамӣ, аз бехи савсани осмонгунӣ [7] як дирам, аз ҳамомо ду дирам, аз мастако ним дирам, аз содаи ҳиндӣ даҳ дирам, аз донаи баласон ним дирам, аз басбоса як дирам, аз собизак даҳ дирам, аз чӯби салиха ва худи салиха панҷ дирамӣ, аз мурчи сафед, занҷабил ва бехи шибит чаҳор дирамӣ, аз қусти талх (320) ҳашт дирам, аз гавзи бӯё даҳ дирам, аз гунди бедастар даҳ дирам, аз афюн35 ду дирам, аз шукуфаи гӯргиё даҳ дирам, аз тухми шибит, ҷентиёнои румӣ ва шукуфаи «забони гунҷишк» чаҳор дирамӣ, аз қоқула ҳашт дирам, аз

тухми испанд ҳашт дирам, аз тухми бодиён шаш дирам, аз чӯби пари сиёвушон ҳашт дирам, аз намаки ҳиндӣ чаҳор дирам, аз шуниз, ки он сиёҳдона аст, ним дирам, аз саътари форсӣ чаҳор дирам, аз зуфои хушк36 шаш дирам, аз зоги кафшгарон ним дирам, аз ушнони набатӣ ду дирам, аз тухми карафс, тухми судоб, ушна ва гӯгирди зард ду дирамӣ, аз саргини гови кӯҳӣ ва ё бузи кӯҳӣ ду дирам, аз бозовард ҳафт дирам, аз тухми таратезак даҳ дирам, аз абҳал чаҳор дирам, аз мурчи сиёҳ, дорфилфил ва тухми банг бист дирамӣ, аз оқирқарҳо чаҳор дирам, аз афюн бист дирам, аз хоки чорроҳа як дирам, аз зарованди дароз бист дирам, аз зарованди гирд чаҳор дирам, аз рованди чинӣ ҳафт дирам, аз тухми динорӯя даҳ дирам, аз фундуқи ҳиндӣ чаҳор дирам,37 аз тухми ангудон чаҳор дирам ва як донг,38 аз шоҳафсар чаҳоруним дирам, аз аспғул ва бехи марҷон чаҳор дирамӣ, аз донаи муқашшари хиёрза чаҳор дираму як донг,39 аз мумиёи яҳудӣ чаҳор дирам, аз кофур, харбақи сафед, харбақи сиёҳ, мушки замин, майъаи равон, момирони чинӣ ва тухми морчӯба ду дирамӣ, аз бадошғон, асобиъу-с-суфр, «мӯи ғул», тухми коснӣ ва гаштбаргашт ду дирамӣ, аз шохаҳои баласон ду дирам, аз оби савсан40 ва ё оби хор (бодовард) як дирам, аз донаи маҳлаб як дирам, аз бехи исфанди сафед, ки хардали сафед бошад, ду дирам, гиреҳакҳои коҳи миёни девор ҳафт дирам, саргини рӯбоҳ ним дирам, пӯсти бехи кабар ним дирам ва аз ҳазоргашон ва шашбандон чаҳор дирамӣ гирифта, ҳамаро бо ҳам ҷамъ созанд [ва пеш аз он совиданиҳоро] совида, бибезанд ва таркарданиҳоро андар шароби райҳонӣ тар кунанд. Сипас бо ангубин сиришта, андар ҷогаҳе бардоранд ва баъд аз шаш моҳ ба кор баранд. Як ошомиданӣ аз он ба қадри як нахӯд ва бо оби пӯсти бехи бодиён ва карафс бувад. Ба қадри як донаи гандум аз онро бо оби шоҳдона ва ё бо оби марзангӯш ба бинӣ баркашанд.
Анӯшдору

Ин доруи ҳиндӣ буда, шодмонӣ оварад, дилу танро нерӯ бахшад, рангро хуб кунад, зардӣ бибарад ва бӯи даҳону арақ хуш кунад. Судаш аз барои ҷигар бузург аст ва ҳеҷ зиёни намоёне надорад. Онро пеш аз таом ва сипас аз он низ ба кор баранд.
Таркиби он: гули сурхи форсӣ ҳафт дирам; мушки замин панҷ дирам; мехак, мастако, сунбул ва асорун ҳар кадом се дирамӣ; ва қирфа, зарнаб, заъфарон, басбоса, қоқула, ҳил ва гавзи бӯё ҳар кадом ду дирамӣ. Ин доруҳоро бигиранд ва баъд аз бехтан бо ҳарир аз тариқи совидан нек биомезанд. Сипас як ратл омулаи тозаи хуб поккардаро гирифта, бо нуҳ ратл оби хуш биҷӯшонанд, то сеяк аз он бимонад. Баъд, обро биполанд, дубора бар дег бирезанд, бар вай ду ратл понизи санҷарӣ афзуда, нарм-нарм биҷӯшонанд, то ситабр бигардад ва қивоми доруи лесидании ситабрро ба худ бигирад. Баъд, дегро аз оташ бардоранд, доруҳоро бар вай бипошанд ва баробари он бо чӯби бед биомезанд, то ҳама яксон омехта бигарданд. Ҳар гоҳ сард шуд, онро андар ҷогаҳи сабз бигиранд. Як ошомидании он миёни як-ду мисқол бувад.
Маъҷуни дигари ҳиндӣ

Ин низ ба якумӣ наздик аст, рангро сафо бахшад, бинишро қавӣ созад, меъдаро пок кунад, табиат нарм дорад ва аз барои бавосир судбахш бувад.
Таркиби он: аз мурч, дорфилфил, ҳалилаи сиёҳ, бали ла, омулаи донааш ҷудокарда ва қантуриюн чаҳор исторӣ ва аз ангубин ва равғани гов ба андозаи (321) сиришта шудани [доруҳо] бигиранд.

пешина
аз 1215
навбатӣ