Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Як ошомиданӣ аз он як ва ё беш аз як мисқол буда, ҳар кас ба қадри қувват [биошомад].
Як маъҷуне, ки бо номи «маъҷуни
Хазистонӣ»41 шинохта шуда аст

Аз барои ҳар ду намуди зарда, бетобӣ, хориш ва сардҷимоъӣ суд дорад, меъдаро қавӣ созад, аз қулинҷу бодҳо суд бахшад, иштиҳои таом оварад, касро барои ҷимоъ кардан нерӯманд гардонад.
Таркиби он: аз маҳмуда, мағзи турбид ва дорфилфил шаш дирамӣ, аз оқирқарҳо, тухми карафс, нонхоҳ, занҷабил ва намаки ҳиндӣ як дирамӣ, аз мехак ва зарнаб ним дирамӣ, аз афланҷа як мисқол, аз маҳлаби муқашшар ду дирам ва аз шакари табарзад ва заъфарон се дирамӣ бигиранд. Ин доруҳоро гирифта, ба ғайр аз маҳмуда, заъфарон ва шакар ҳамаро бибезанд, вале [истисношудаҳоро] якҷоя бикӯбанд. Баъд аз он онҳоро хуб биомезанд ва бо дуним чанди вазни онҳо аз ангубини кафк баргирифта маъҷун созанд. Як ошомидании он аз дуним то се дирам бувад.
Як маъҷуни дигар

Ин нафсро нишот бахшад ва қуввату хуррамӣ оварад, танро барӯманд созад, рангро хуб кунад, зардрӯӣ бибарад, бӯи даҳону арақро хуш кунад, меъда ва ҷигарро суд бахшад, андар вай ҳеҷ зиёне набошад ва онро пеш ва сипас аз таом бихӯранд.
Таркиби он: шаш бахш гули сурх, ҳашт бахш мушки замин, се бахшӣ мехак, мастако, сунбул ва асорун, ду бахшӣ қирфа, зарнаб ва заъфарон ва як бахшӣ басбоса, қоқула, ҳили бӯво ва гавзи бӯё бигиранд ва ҳамаро кӯфта, бибезанд. Сипас ба сари ҳар як сиву се дирами маҷмӯи ин доруҳо як ратл омулаи тоза гирифта, ҳар як ратлро бо ҳафт ратл об то се ратл мондани он биҷӯшонанд. Баъд, онро биполанд ва ба сари ҳар як ратл омула як ратл понизи санҷарӣ андар об биафзоянд ва то қивомаш ба қадри доруи лесидании ситабр расидан биҷӯшонанд. Баъд, бар вай доруҳоро бипошанд, хуб биомезанд ва андар кӯзаи сабз бардоранд. Як ошомидании он аз як то якуним мисқол бувад.
Маъҷуни тарёки бузург, ки мо худ сохтаем

Ин аз ҷиҳати он судмандиҳое, ки андар боби маъҷунҳои пешомада ёд шудаанд, санҷидашуда аст.
Таркиби он: аз пӯсти турунҷ, ҷентиёно, мурр, донаи баласон, барги бодрангбӯя ва тухми он, тухми фаланҷмушк, зурунбод ва даруна чаҳор дирамӣ, аз мушк ва анбар як мисқолӣ, аз қуст, дорчинӣ, ваҷ, заъфарон, нордин ва афсинтин се дирамӣ, аз уди ҳиндӣ ду мисқол, аз кофур ним мисқол, аз фу, мурр ва карафси кӯҳӣ дуним дирамӣ, аз тухми таратезак, тухми шалғам, тухми гандано, «забони гунҷишк» ва анордонаи даштӣ ду дирамӣ ва аз афюн се дирам гирифта, ба дастури [маълум] маъҷун созанд, шаш моҳ бихобонанд ва сипас биошоманд.
Маъҷуни тарёки хурд, ки аз сохтаи мост

Аз донаи баласон, қуст, мурр, ҷентиёно, дорчинӣ, мурчи сафед, уди ҳиндӣ ва карафси кӯҳӣ як бахшӣ, аз мушк

сеяки як бахш ва аз гунди бедастар чаҳоряк бахш гирифта, маъҷун созанд ва ба кор баранд.
Маъҷуни Қайсар

Ин аз хафақон, саръ, дардҳои сарди меъда ва рӯдагон, аз суддаҳо, гандидагии дарозмуддати хун, душвории гувориш, [8] душвории нафасгирӣ ва ҳукаки сахт судманд аст.
Таркиби он: аз гунди бедастар, рубби ширинбаён, салиха, қусти талх, мурчи сиёҳ, дорфилфил, майъа, афюн,
заъфарон ва сунбули хушбӯй се дирамӣ, аз говшир як дирам, аз мушк як донг, (322) аз зурунбод, даруна ва марвориди ношикофта ним дирамӣ ва аз мурр нуҳ дирам гирифта, ҳамаи ин доруҳоро баъд аз совидану бехтан бо ангубини кафк баргирифта маъҷун созанд ва ба ҳангоми ҳоҷат ба андозаи як нахӯд аз он истеъмол кунанд.
Итрифали бузург

Аз бадгуворӣ, сардии меъда, хусусан аз сардии рӯдагон, аз истирхои меъда ва обгаҳ судманд аст ва боҳро зиёда кунад.
Таркиби он: аз ҳалилаи сиёҳи муқашшар шаш дирам, аз балила, омула, тухми карафси кӯҳӣ, шитараҷи ҳиндӣ, нонхоҳ ва саътари форсӣ як уқиягӣ, аз сунбул, ҳамомо, ҳил ва ваҷ се дирамӣ, аз дорчинӣ чаҳор дирам, аз мурчи сиёҳ, мурчи сафед, нормушк ва намаки ҳиндӣ ним уқиягӣ, аз рими оҳан се уқия, аз хардал якуним уқия ва аз навшодир ним дирам гирифта, ҳамаро бикӯбанд, бибезанд, бо равғани бодом тар кунанд, бо ангубини кафк баргирифта ба қадри якосе маъҷун созанд ва ба ҳангоми ҳоҷат ба кор баранд.
Таркиби як нусхаи дигари он: аз ҳалилаи кобулӣ, балила, широмула, тухми карафси кӯҳӣ, бузайдон, басбоса, шитараҷи ҳиндӣ ва газари даштӣ як бахшӣ ва аз тударии сурх, тударии сафед,42 «забони гунҷишк», баҳмани сурх ва баҳмани сафед ним бахщӣ гирифта, ҳамаи ин доруҳоро баъди совидану бехтан якҷоя кунанд, бо ангубини кафк баргирифта ва бо равғани гов маъҷун созанд ва ба ҳангоми ҳоҷат ба кор баранд.
Зомиҳрони бузург

Ин доруи ҳиндӣ буда, аз бадмизоҷии сард ва заъфи меъда суд дорад, боҳро зиёда кунад, аз васваса ва савдо нофеъ бошад, ҳаракатҳои танро дуруст кунад, ҷанинро нигоҳ дорад, гурда ва обгаҳро созгор бошад ва сангро аз ҳам резонад.
Таркиби он: аз ваҷ, қусти талх, зарованди дароз ва зарованди гирд се исторӣ, аз дорфилфил ва занҷабил панҷ исторӣ, аз тухми карафс, нонхоҳ, каравиё, тухми бодиён, тухми сиписти тар, тухми хурфа, тухми таратезак, тударии сурх, тударии сафед,43 «гӯши муш», зираи кирмонӣ ва тухми шибит шаш исторӣ, аз мехак, ушна, наи бӯё ва шохаҳои баласон се исторӣ, аз шоҳафсар, дермана, зарнаб, донаи баласон, салиха, басбоса, қоқула ва қирфа чаҳор исторӣ, аз ҳалилаи зард, балила ва широмулаи донааш ҷудокарда ҳашт исторӣ, аз луффоҳи хушк, харбақи сафед, мӯрд, марвхуш, мурдисфарам, тухми банги баррӣ, тухми банги бӯстонӣ, хасаки бӯстонӣ, шитараҷи ҳиндӣ, зиришк, донаи муқашшари турунҷ, дӯлона, сунбироси ҳиндӣ, баҳмани сурх, баҳмани сафед ва «забони гунҷишк» чаҳордаҳ мисқолӣ, аз гавзи бӯё сиҳ адад, аз бехи барғаст44 ва тухми панҷангушт се исторӣ, аз тухми газар ва ҳамомо шаш дирамӣ, аз афюн, уфурбиюн ва гунди бедастар се дирамӣ, аз ҳалилаи сиёҳи донааш ҷудокарда чаҳор дирам ва аз содаи ҳиндӣ, ҳулба, му, карафси кӯҳӣ, тухми газари даштӣ ва рованди чинӣ шаш дирамӣ гирифта, ин доруҳоро баъди совидану бехтан ҷамъ созанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ