Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Сипас, баробари вазни ҳамаи доруҳои тавсифшуда пониз, баробари вазни доруҳо ва пониз равғани гов ва баробари вазни маҷмӯи пониз, доруҳо ва равғани гов ангубини кафк баргирифта бигиранд ва ба сифати зерин маъҷун созанд: понизро гирифта, пора кунанд, бар вай се ратл об афзуда, то гудохтаву ситабр шудан ва чун ангубин гардидан биҷӯшонанд ва сипас бар вай ангубин бирезанд. Равғани говро нимгарм кунанд ва доруҳои судаву бехтаро бо он биолоянд. Сипас, понизу ангубини пухтаро андар ҳовани бузург биафкананд ва бар онҳо доруҳои (323) бо равғани гов олоидаро бипошанд ва то расидан биомезанд. Баъд, онро андар ҷогаҳе бардоранд, ки рӯзгори дароз андар вай ангубин гирифта бошанд. Шаш моҳ нигоҳ доранд ва сипас ба кор баранд. Як ошомидании он ба қадри як мозу буда, андар оғоз ва анҷоми моҳ се рӯзӣ бо оби гарм ва ё бо бархе аз набизҳо [биошоманд].
Таркиби як нусхаи дигари он: аз ваҷ, қуст, мурр, зарованди дароз ва зарованди гирд се исторӣ, аз дорфилфил ва занҷабил панҷ исторӣ, вале ба ҳасби як нусхаи дигар ба ҷои панҷ ду исторӣ, аз тухми карафс, нонхоҳ, каравиё, тухми бодиён, тухми сиписти тар,45 тухми хурфа, тухми таратезак, тухми марзангӯш, тударии сафед, тударии сурх, зираи кирмонӣ ва тухми шибит шаш исторӣ, аз мехак, ушна, наи бӯё ва шохаҳои баласон се исторӣ, аз шоҳафсар, дерман, зарнаб, донаи баласон, салиха, басбоса, қоқула ва қирфа чаҳор исторӣ, аз ҳалилаи зард, балила ва омула ҳашт исторӣ, аз луффоҳи хушк, мӯрди хушк, харбақи сафед, марвхуш, тухми банги даштӣ, тухми банги бӯстонӣ, хасак, шитараҷи ҳиндӣ, зиришк, донаи муқашшари турунҷ, дӯлона, сунбироси ҳиндӣ, ҳар ду баҳмани сафед ва сурх ва «забони гунҷишк» бисту чаҳор мисқолӣ, аз гавзи бӯё сиҳ дона, аз бехи барғаст46 ва тухми панҷангушт се исторӣ, аз тухми газар ва ҳамомо шаш дирамӣ, аз афюн, уфурбиюн ва гунди бедастар се дирамӣ, аз ҳалилаи сиёҳ чаҳор дирам ва аз содаи ҳиндӣ, ҳулба, карафси кӯҳӣ, тухми газари даштӣ ва рованди чинӣ шаш дирамӣ гирифта, баъд аз бехтан ҳамаро якҷоя кунанд, баробари як чанди вазни ҳамаи доруҳо бо онҳо пониз афзуда, бо равғани гов биолоянд, бо ангубин маъҷун созанд ва андар ягон ҷогаҳе бардоранд. Як ошомиданӣ аз он барои каси қавӣ ду дирам ва барои каси заиф камтар аз он бувад.
Зомиҳрони хурд

Ин низ аз ҷиҳати суд ба [аввалӣ] наздикӣ дорад.
Таркиби он: аз ваҷ, қуст, зарованди гирд ва зарованди дароз се исторӣ, аз тухми сипандон ва тухми испанд ду исторӣ, аз мурч, дорфилфил ва занҷабил панҷ исторӣ, аз тухми карафс, каравиё, мушки замин, тухми шалғам, тухми сиписти тар,47 тухми пиёз, тухми таратезак, дӯлона, тударии сафед ва тударии сурх, тухми гандано, зағир, тухми девсипист, тухми бодиён, нонхоҳ, тухми муқашшари турунҷ, тухми хурфа, пудина, норкаю (хашхоши сафед), ҳулба, тухми марзангӯш, зираи кирмонӣ, тухми шибит ва тухми газар даҳ дирамӣ, аз мехак, ҳил, ушна, содаи ҳиндӣ, қоқула, қирфа, росан, мушки замин, гавзи бӯё, наи бӯё, зарнаб, шоҳафсар, марвхуш ва донаи баласон бист дирамӣ, аз салиха, басбоса, мӯрддона, зиришк,

«забони гунҷишк» ва сунбул бисту чаҳор дирамӣ, аз гули хушк панҷ дирам, аз ҳалилаи сиёҳ, ҳалилаи кобулӣ, балила ва омула се исторӣ, аз тухми банги сафед, афюн ва уфурбиюн се дирамӣ, аз гунди бедастар як истор, аз шитараҷи ҳиндӣ, хасак, зурунбод, баҳмани сурх ва сафед, рованди чинӣ, тухми банг, хуланҷон ва майъа се исторӣ ва аз пониз ба андозаи вазни ҳамагон гирифта, ин доруҳоро ба ҳам биомезанд, бо равғани гов биолоянд ва бо ангубини кафк баргирифта маъҷун созанд. Як ошомиданӣ аз он як мисқол ва бо оби нимгарм бувад.
Маъҷуни Ҷолинус

Ин маъҷун аз афзорҳои пешобронӣ гурда [9] ва обгаҳро гармӣ бахшад, (324) суддаҳоро бикушояд ва танро дурустӣ бахшад.
Таркиби он: аз мурчи сафед, мурчи сиёҳ, ҳамомо, қусти талх, сунбули хушбӯй, наи бӯё, содаи ҳиндӣ, заъфарон, тухми карафс, анисун, оқирқарҳо, тухми газна ва тухми судоби кӯҳӣ бахшҳои баробар гирифта, ин доруҳоро ба шакли совида якҷоя созанд, бо ангубини кафк баргирифта маъҷун кунанд ва ба кор бибаранд. Як ошомиданӣ аз он як дирам ва бо оби пӯсти бехи бодиён ва пӯсти бехи карафс бувад.
Як маъҷуни дигар аз Ҷолинус

Ин аз барои дарди ҷигар, сурфа ва хун партофтан сахт судманд аст.
Таркиби он: аз заъфарон ва дорчинӣ як дирамӣ, аз муқли кабуд чаҳор дирам, аз асфолотус48 чаҳор донг, аз гӯргиё се дирам, аз наи бӯё ду дирам, аз салиха, нордин ва мурр ду дирамӣ, аз самғи сарв се истор, аз ангубин се уқия, аз мавизи донааш ҷудо карда шаст дирам ва аз тилои хуб ба қадри кифоят бигиранд, [доруҳои хушкро] бикӯбанд, бибезанд ва ҳамаро бо ангубин сиришта созанд.
Маъҷуни Ҳермес

Аз барои ниқрис бениҳоят ва аз барои дардҳои бандкушоҳо, дардҳои гурдаву меъда, бодҳо, решҳои рӯдагон, истисқо, ярақон ва гижа судманд аст ва махсуси бандкушоҳо ва ниқрис бувад. Як ошомиданӣ як мисқол ва ё ду дирам аст.
Таркиби он: аз ағориқун, асорун, ваҷ, қардамоно, тухми судоб, уфурбиюн, фу ва зуфои хушк як уқиягӣ, аз зарованди дароз ва бехи артанисо ду уқиягӣ, аз нонхоҳ ва мехак ду уқиягӣ, аз ҷентиёнои румӣ шаш уқия, аз ҳошо ва тухми карафс ду уқиягӣ, аз қантуриюни борик, ки он азиз аст, ҳашт уқия, аз салиха, қусти талх ва мурр се уқиягӣ, аз сунбули хушбӯй, пудинаи кӯҳӣ ва карафси кӯҳӣ ду уқиягӣ, аз гесугуна ва анисун се уқиягӣ ва аз камофитус, камозариюс ва усқурдиюн ҳашт уқиягӣ гирифта, ҳамаи ин доруҳоро аз тариқи совидану бехтан ба ҳам ҷамъ кунанд, бо ангубини кафк баргирифта, сиришта созанд, андар ягон ҷогаҳе бардоранд ва ба рӯзгори баҳор биошоманд.
Таркиби як нусхаи дигари он: аз ағориқун, ваҷ, асорун, қардамоно, тухми судоб, уфурбиюн, фу ва зуфои хушк як уқиягӣ, аз нонхоҳ ва мехак ду уқиягӣ, аз ҷентиёно шаш уқия, аз ҳошо ва тухми карафс ду уқиягӣ, аз қантуриюни борик ҳашт уқия, аз қуст, салиха ва зарованди дароз се уқиягӣ, аз мурр, сунбул, пудинаи кӯҳӣ ва карафси кӯҳӣ ду уқиягӣ, аз фаросиюн ва гесугуна се уқиягӣ, аз ка мозариюс, камофитус ва усқурдиюн ҳашт уқиягӣ ва аз ангубин ба қадри кифоят бигиранд.

пешина
аз 1215
навбатӣ