Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Як ошомидании ин ду дирам ва ё як мисқол ва ба рӯзгори баҳор бувад.
Маъҷуни Ҳурмус49

Агар аз ин ду сеяки як дирам бо оби сард бидиҳанд, аз заҳир суд бахшад. Аз барои дарди ҷигар бо оби гулангубин, аз барои таб бо оби нимгарм, аз барои дарди меъда бо сиркои омехта, аз барои дарди гурда низ бо сиркои омехта ва аз барои дигар дардҳо ва хуноқ бо оби нимгарм, вале агар таб набошад, бо тилои омехта бидиҳанд.
Аз барои хунравӣ ба қадри як боқило бо сиркои омехта, аз барои дарди тиҳигоҳ ҳамчунин ва аз барои бастагии рӯдагон ва бодҳо бо тилои куҳани омехта [биошоманд].
Агар ба шаб бидиҳанд, аз барои дарди сар, васваса ва девонагӣ созгор аст. Аз барои сурфаи хушк ба аввали шаб аз он бо шароби омехта биошоманд. Аз барои газидагии морҳо бо оби тарангубин [судбахш] буда, бар маҳалли газидагӣ [низ] тило кунанд. Агар аз барои заҳрҳои қотил бо оби ҷентиёно ва агар барои газидагии саги девона бо шири девдор бидиҳанд, суд бахшад. (325) Созандаи он тасдиқ кунад, ки ин [дору] озмудашуда аст.
Таркиби он: аз мурчи сафед ва тухми банг панҷ исторӣ, аз заъфарон ва афюн даҳ исторӣ, аз уфурбиюн, уша, сода, оқирқарҳо, бехи луффоҳ, панҷангушт, салиха, сунбул ва тухми карафс шаш исторӣ, аз шохаҳои баласон се истор ва аз ангубини кафк баргирифта ба қадри кифоят бигиранд ва ҳамон тавр ки тавсиф кардем, маъҷун сохта ба кор баранд.
Коскабинаҷ

Ин маъҷуни бисёр судманд буда, аз бемориҳои кӯдакону бачагон, аз саръ, лақва, кузоз ва қулинҷи эшон суд бахшад, заҳдон ва ихтиноқи ба сабаби заҳдон бударо созгор аст, бисёр омадани хуни ҳайзро муътадил гардонад ва бодҳои заҳдонро ором кунад.
Таркиби он: аз салиха, ҷуфтофарид, бехи ябруҳ, тухми испанд, тухми бодиён, донаи баласон, зарованди дароз, зарованди гирд, мушк ва анбар чаҳор дирамӣ, аз ҳил чаҳордаҳ дирам, аз афюн, қуст, гавзи бӯё ва ҳалилаи зард дувоздаҳ дирамӣ, аз қаранфул бисту чаҳор дирам, аз қирфа, маъҷуни касарто, зирнихи зард ва тухми савсан50 ду дирамӣ, аз ваҷ ҳашт дирам, аз сакбина, даруна, мурр ва равғани дастарҷон51 шаш52 дирамӣ, аз ноғбушт, басбоса, мушки замин ва заъфарон даҳ дирамӣ, аз муғос понздаҳ дирам, аз майъаи равон понздаҳ дирам ва аз мурдисфарам, барги мӯрд, гавзи сарв ва тухми абҳал се дирамӣ бигиранд, бикӯбанд, бибезанд ва бо ангубини кафк баргирифта сиришта, ба кор баранд.
Сифати касарто, ки андар ин [маъҷун] ба кор бибаранд: аз наи бӯё, нохуни дев ва кундур чаҳор дирамӣ, аз ушна, қирфа ва заъфарон як дирамӣ, аз майъа чаҳор дирам ва аз мушк ва уд ним дирамӣ гирифта, бо шароби куҳани райҳонӣ маъҷун созанд, бигузоранд, то бирасад ва сипас ба кор баранд.
Маъҷуни мушк

Ин аз хафақон, аз ҳамаи бемориҳои савдовӣ ва душвории нафас судманд аст ва доруи [бемориҳои] нафасгирӣ ба шумор биравад.

Таркиби он: аз зурунбод, даруна, марвориди ношикофта, каҳрабо ва бехи марҷон як дирамӣ, аз абрешими хом якуним дирам, аз баҳмани сафед ва баҳмани сурх, содаи ҳиндӣ, мехак, сунбул, қоқула ва гунди бедастар якуним дирамӣ, аз занҷабил ва дорфилфил ду донгӣ ва аз мушк ҳаштяк дирам бигиранд, ҳамаро бикӯбанд ва бо ангубини хом маъҷун созанд. Як ошомиданӣ аз он ба қадри як нахӯд ва бо шароби райҳонист.
Маъҷуни дигари мушк

Ин аз дарди ҷигар, меъда ва заъфи ҳар ду суд дорад ва бодҳову дамишро ба таҳлил бибарад.
Таркиби он: аз мушк ду дирам, аз сунбули хушбӯй, салиха, содаи ҳиндӣ, локи поккарда ва рованди чинӣ ду дирамӣ, аз ҷентиёнои румӣ ду дирам, аз заъфарон, нонхоҳ, тухми карафс ва мастако чаҳор дирамӣ, аз дорчинӣ ва зарованди гирд се дирамӣ ва аз уди ҳиндӣ, мехак ва мурр якуним дирамӣ гирифта, ин доруҳоро баъд аз совидану бехтан бо ангубини кафк баргирифта маъҷун созанд, андар ҷогаҳе бардоранд ва ба кор баранд. Як ошомиданӣ аз он қариб як боқило ва бо оби гарм бувад.
Доруи мушк бо афсинтин

Ин аз барои хафақон, васваса ва омосҳои ҳанҷара судманд аст ва обнокии меъдаро хушк кунад.
Таркиби он: аз афсинтин ва сабр ҳашт дирамӣ, аз рованди чинӣ ҳашт дирам, (326) аз нонхоҳ, заъфарон ва тухми карафс чаҳор дирамӣ, аз мушк, нордин, сода ва мурр ду дирамӣ ва аз гунди бедастар яку ним дирам гирифта, биомезанд ва бо ангубин маъҷун созанд.
Доруи дигари мушк

Ин аз савдои сафровӣ судбахш аст.
Таркиби он: аз мастако ва заъфарон якуним дирамӣ, аз шукуфаи афсинтин, бодрангбӯя ва афитимун як дирамӣ, аз уд ва сукк якуним дирамӣ, аз мушк ним дирам, аз зурунбод ва даруна ду дирамӣ, аз марворид, каҳрабо, [10] бехи марҷон ва абрешим се дирамӣ, аз сабр бисту чаҳор дирам ва аз ангубин ба қадри кифоят бигиранд. Як ошомидании тамом аз он ду дирам ва бо оби нимгарм бувад.
Доруи ширини мушк

Ин аз хафақон, бемориҳои савдовӣ, душвории нафас, аз саръ, фалаҷ, лақва ва таби чаҳоррӯзӣ судманд аст.
Таркиби он: аз зурунбод ва даруна як дирамӣ, аз марворид, каҳрабо, бехи марҷон ва абрешими хоми сӯхта якуним дирамӣ, аз ҳар ду баҳмани сурх ва сафед, содаи ҳиндӣ, сунбул, қоқула, мехак, гунди бедастар ва ушна ним дирамӣ, аз занҷабил ва дорфилфил чаҳор донгӣ ва аз мушк якуним донг гирифта, ин доруҳоро бикӯбанд ва бибезанд, бо ангубини шаҳдии хоми оташ нарасида ба нисбати якосе маъҷун созанд, андар ҷогаҳе бардоранд ва баъд аз ду моҳ ба кор бибаранд.
Доруи дигари мушк

Ин низ ҳамон судҳоро дорад.
Таркиби он: аз зурунбод, даруна, марворидҳои хурд,
каҳрабо ва бехи марҷон се дирамию ду донг, аз абреши ми хом ду дирам, аз баҳмани сафед ва баҳмани сурх, сунбул, сода, қоқула ва мехак чаҳор дирамӣ ва чаҳор донгӣ, аз ушна, дорфилфил ва занҷабил як дираму ду донгӣ, аз гунди бедастар ду донг ва аз мушки хуб як мисқол гирифта, абрешимро то гард-гард гардидан реза кунанд ва сипас андар ҳован бо марворид, бехи марҷон ва каҳрабо якҷоя карда нарм бисованд.

пешина
аз 1215
навбатӣ