Қонуни тиб

Баъд, дигар доруҳоро кӯфта ва [ҳамаро] бо шаҳд сиришта кунанд. Як ошомиданӣ аз он ним мисқол ва бо оби нимгарм бувад.
Доруи дигари мушк
Низ ҳамон судҳоро дорад.
Таркиби он: аз афсинтин ва сабр ҳашт дирамӣ, аз сунбул, мушк, сода ва мурри холис ду дирамӣ, аз рованди чинӣ шаш дирам, аз нонхоҳ, тухми карафс ва заъфарон чаҳор дирамӣ ва аз гунди бедастар ду ним дирам гирифта, бикӯбанд ва бо ангубин маъҷун созанд. Як ошомидании тамом як мисқол бувад.
барои дарди сина, сурфа, [дарди] гурда, аз барои душвории пешоб ва сардҷимоъӣ аз он ба қадри як нахӯд бо тилои холис ва аз барои хоммонии ғизо як мисқол бо тилои холис биошоманд.
Амбрусиё55
Ин аз барои заъфи ҷигар ва испурч ва сахтии ҳар ду судманд аст, суддаҳоро бикушояд, пешоб битозонад ва санги гурдаро аз ҳам бирезонад. Судмандии он андар оғози истисқо бисёр бузург аст.
Таркиби он: аз дуқу, ки он тухми газари даштист, зираи кирмонӣ, шохаҳои баласон, салиха, қардамоно, шукуфаи гӯргиё ва тухми карафс як дирамӣ, аз дорфилфил ва қуст ним дирамӣ, аз мурчи сафед ним дирам, аз мурр се дирам, аз донаи даҳмаст даҳ дона ва аз ваҷ ва заъфарон ду дирамӣ гирифта, ин доруҳоро аз тариқи совидану бехтан якҷоя кунанд ва бо ангубини кафк баргирифта маъҷун созанд. Як ошомиданӣ аз он ба қадри як бундуқа ва бо оби гарм бувад.
Саҷазаниёи бузург
Ин дору озмудашуда аст ва аз тамоми бемориҳои сард, бодҳои ситабр, дарди дандонҳо ва хӯрда шудани онҳо, аз сардии меъда, дер аз худ шудани [ғизо], аз қулинҷ ва аз ба душворӣ омадани пешобе суд дорад, ки ба сабаби сардӣ, балғам ва мухотӣ будани пешоб рӯй бидиҳад.
Таркиби он: аз гунди бедастар, афюн, дорчинӣ, асорун, фу, му ва тухми газари даштӣ як дирамӣ, аз мурч, дорфилфил, борзад ва қуст шаш дирамӣ ва аз заъфарон ним дирам гирифта, гудохтаниҳоро бо оби ангубин бигудозанд, хушкаҳоро бикӯбанд, борзадро бо ангубин ҳал кунанд, [ҳамаро] маъҷун сохта, баъди шаш моҳ ба кор баранд.
Таркиби як нусхаи дигари он: аз гунди бедастар, мурчи сиёҳ, заъфарон, му, фу, тухми газари даштӣ, асорун, афюн, мурчи сафед ва борзад ду дирамӣ, аз қуст як дирам ва аз дорчинӣ ду дирам гирифта, бикӯбанд, бибезанд ва бо ангубини кафк баргирифта сиришта кунанд.
Саҷазаниёи53 хурд
Ин [низ] андар судмандӣ мисли [якумист].
Таркиби он: аз гунди бедастар ва афюн (327) даҳ дирамӣ, аз дорчинӣ, му, фу, тухми газари даштӣ ва асорун даҳ дирамӣ, аз мурч, дорфилфил, борзад, мурр ва қуст шаст54 дирамӣ ва аз заъфарон чаҳоряк уқия бигиранд.
Андар нусхаи дигар [чунин омадааст]: як уқия занҷабил ва се уқия майъаи равон [бигиранд]. Андар як нусхаи дигар [чунин омадааст]: аз гунди бедастар, мурчи сиёҳ, заъфарон, му, фу, тухми газари даштӣ, асорун, афюн, дорчинӣ ва мурчи сафед як дирамӣ ва аз қуст як дирам бигиранд. Ин доруҳоро бикӯбанд, бо ангубин маъҷун созанд ва шаш моҳ нигоҳ доранд. Як ошомиданӣ аз он ним мисқол буда, бо оби нимгарм ва бар ношито биошоманд. Ба ҳасби нусхаи дигар як ошомидании он аз як донг то ду мисқол ва ба ҳасби як нусхаи дигар ба андозаи як мурч бувад.
Гуфтаанд, ки як қироти онро совида аз барои заҳрҳо тило кунанд ва аз барои бодҳои заҳдон, камобистанӣ ва ҳайз баробари як донаи мурч аз он гирифта, андар равғани савсан бигудозанд ва бо пашминае ба зер баргиранд. Миқдоре аз онро бо равғани савсани озод бигудозанд ва ба зан бибӯёнанд ва низ бо он дуд андозанд. Аз
Анақардиё
Ин [доруи] балозурист ва аз барҷомондагӣ суд дорад.
Таркиби он: аз ҳалилаи сиёҳ, балила ва омула сиву шаш дирамӣ, аз сиёҳдона бисту чаҳор дирам, аз табошир шаш дирам, аз ҳил ҳафт дирам, аз мушки замин шаш дирам, аз балозур шаш дирам ва аз мурч, дорфилфил, занҷабил, филфилмӯя ва анисун дувоздаҳ дирамӣ гирифта, бикӯбанд, бибезанд ва бо он шашсад дирам понизе биомезанд, ки андар миқдоре кофӣ аз оби гарм ҳал карда бошанд. Бо он доруҳоро сиришта, андар ҷогаҳе бигиранд, онро андаруни ҷав шаш моҳ бигӯронанд ва сипас ба кор баранд.
Маъҷуни балозур
Ин аз ҳамаи дардҳои меъда, аз сардарди куҳан, гижаи меъдавӣ, девонагӣ, ҳазён гуфтан, дарди сина, ҷигар, испурч, гурда, обгаҳ, мизоҷи сард, дардҳои заҳдон, ниқрис, ҷузом ва бемориҳои савдовӣ судбахш аст.
Таркиби он: аз сунбул, му, заъфарон, салиха, сода, афитимун, гӯргиё, донаи баласон, рованд, мехак, донаи бон, занҷабил, сабр, муқл, мурр ва равғани баласон як уқиягӣ, аз мастако, ангубини балозур ва ағориқун ҳашт ғаромогӣ, аз бехи савсани осмонгунӣ ду уқия, аз пӯсти бехи бодиён се ратл ва аз сирко се қист [бигиранд]. Пӯсти бехи бодиёнро се рӯз бо сирко тар кунанд, сипас андар дег афканда, як56 ҷӯши сабук бидиҳанд, биполанд ва бехҳоро бифишоранд. Баъд, бар он сирко якуним ратл ангубин афзуда, бо оташи нарми ангишт то андаке ситабр гардидан биҷӯшонанд ва дигар доруҳоро бо он биомезанд. Як ошомиданӣ аз он як дирам ва бо ягон шароби созгор бувад.
(328) Маъҷуни дигари балозурӣ
Ин аз фалаҷ ва [бемориҳои] бад-он монанд, аз қабили лақва ва истирхо суд дорад, мағзро бизудояд ва пок кунад.
Таркиби он: аз сунбул, салиха, содаи ҳиндӣ, му, заъфарон, дермани арманӣ, афитимун, шукуфаи гӯргиё, рованди чинӣ, донаи баласон ва мехак ду дирамӣ, аз донаи муқашшари бон ва занҷабил як уқиягӣ, аз киё, ангубини ба лозур ва фуфил се дирамӣ, аз ғориқун ду дирам, ба ҳасби нусхаи Собур57 ҳашт дирам, аз сабри сақутарӣ як уқия, аз бехи савсани осмонгунӣ ду уқия, аз пӯсти бехҳои бодиён се ратл ва аз сиркои тез нуҳ ратл гирифта, пӯстҳоро андар сирко се рӯзи паёпай тар кунанд, он гоҳ андар дег афканда, бо оташи миёнаҳол се ҷӯши нарм бидиҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор