Қонуни тиб

Сипас сиркоро полида, пӯстҳоро барандозанд ва дубора андар дег биниҳанд, бар вай даҳуним ратл ангубин бирезанд ва бо оташи нарм то ситабр шудан биҷӯшонанд. [11] Баъд, доруҳои кӯфтаро бар вай бипошанд, биомезанд ва ин маъҷунро баъди шаш моҳ ба кор баранд. Як ошомидании тамом аз он як дирам ва бо оби нимгарм аст.
Бодмуҳраҷ61
Суди ин мисли судмандии даҳмарсо аст.
Таркиби он: аз зурунбод, даруна, афюн, гунди бедастар, оқирқарҳо, мурч, дорфилфил, салиха, ҳавму-л-маҷус, тухми банг, қуст, лабанӣ, говшир ва заъфарон шаш дирамӣ, аз ҳулба ҳашт дирам, аз марворид ду дирам ва аз борзад ва мурр дувоздаҳ дирамӣ гирифта, бикӯбанд, бибезанд ва бо ангубин маъҷун созанд.
Маъҷуни ал-ғиёсӣ
Аристуни58 бузург
Маънояш «ба ғоят хуб» аст. Ин аз барои сардии ҷисм, аз сил, дарди шикам, таби омехта, таби чаҳоррӯзӣ, қулинҷ ва дарди заҳдон судманд бувад.
Таркиби он: аз уфурбиюн, заъфарон, салиха, ҳамомо, афюн, ақоқиё, қуст, мурр, сунбул, самғи арабӣ, тухми беданҷир, тухми девсипист, тухми таратезак, тухми газна, муқл, кундур, мавизаки асалӣ, тутум, гӯгирди зард, майъаи равон ва мурчи сафед панҷ дирамӣ, аз оқирқарҳо, тухми артанисо, ки он озариюн аст, гули хушк, тухми фиҷан (судоб), тухми карафс, донаи турунҷ, нонхоҳ ва тухми талхчакук чаҳор дирамӣ, аз тухми райҳони кӯҳӣ даҳ59 дирам, аз тухми банг даҳ дирам ва аз хасакдона ва занҷабил ду дирамӣ бигиранд, вале бархеҳо андар ин мурч наафзоянд. Хушки ин [доруҳоро] бикӯбанд, тари онҳоро андар шароби райҳонӣ се рӯз тар кунанд, то ҳал шуда, мисли ангубин бигарданд. Он гоҳ бар вай як уқия равғани баласони аъло бирезанд ва андар деги сангӣ гирифта, бар оташ ниҳанд ва то ду сар ҷӯшидан аз зераш оташ афрӯзанд. Сипас онро аз болои оташ фуруд оранд ва шаш моҳ бигузоранд, то куҳан бигардад. Як ошомидании пурра аз он як мисқол аст. Ҳар қадар ки куҳантар бигардад, хубтар бувад.
Аристуни хурд
Ин аз ҳамаи он [иллатҳое] суд дорад, ки аристуни бузург суд бахшад.
Таркиби он: аз афюн чаҳор дирам, аз ақоқиё ва мурч як уқиягӣ, аз оқирқарҳо се дирам, аз ҳамомо панҷ дирам, аз салиха чаҳор дирам, аз заъфарон се дирам, аз гӯгирди зард як уқия, аз уфурбиюн се дирам ва аз сунбул як уқия гирифта, бикӯбанд, бибезанд ва бо ангубин маъҷун созанд.
Даҳмарсо60
Ин аз барои суддаҳои ҷигар ва испурч, аз сардии заҳдон, сурфаи тар, таби чаҳоррӯзӣ, тангии нафас, ярақони суддавӣ ва истирхо суд дорад.
Таркиби он: аз тухми испанд якуним ман, аз лубон даҳ дирам, аз зарованди дароз ва рованди чинӣ бист дирам, аз зурунбод ва даруна чаҳор дирамӣ, аз мастако, донаи баласон, заъфарон, шоҳафсар ва сунбули хушбӯй даҳ дирамӣ, аз афюн, занҷабил, қуст ва салиха се исторӣ, аз мушки замин даҳ истор, аз сабри асқутарӣ чаҳордаҳ дирам, аз мехак шаш дирам, аз харбақи сафед, гули сурхи хушк ва сиёҳдона шаш исторӣ ва аз мурч даҳ дирам гирифта, (329) ин доруҳоро аз тариқи совидан ва бехтан якҷоя кунанд, бо ангубини кафк баргирифта маъҷун созанд ва ба кор баранд.
Ин аз дарди деринаи сар суд дорад ва онро бо шароби омехта бо ангубин ва оби нимгарм биошоманд. Агар касони гирифтори саръ аз он биошоманд, суд бахшад. Низ аз ҳазён гуфтан ва омоси сахт нофеъ аст ва фазлаҳои ба сӯи чашм фурудояндаро қатъ созад.
Таркиби он: аз мурр, салиха, дорфилфил, дорчинӣ, сисолиюс ва ҳамомо чаҳор дирамӣ, аз сунбул ва шукуфаи гӯргиё дувоздаҳ дирамӣ, аз заъфарон панҷ дирам, аз афюн понздаҳ дирам, аз тухми карафси кӯҳӣ сиву панҷ дирам, аз анисун ва тухми карафси бӯстонӣ бист дирамӣ, аз мурч сиву ҳашт дирам ва аз лабанӣ, қуст, рӯян ва асорун як дирамӣ гирифта, доруҳои хушкро кӯфта, бибезанд, тарро андар тилои райҳонӣ тар кунанд ва сипас ҳамаро бо ангубин маъҷун созанд. Як ошомиданӣ аз он як дирам ва бо оби нимгарм бар ношито бувад.
Маъҷуни зарди Салим62
Ин аз бемориҳои заҳраи савдовӣ, бодҳо, хафақон, дардҳои кӯдакон ва дардҳои заҳдон судманд аст.
Таркиби он: аз мурчи сафед, занҷабил ва намаки ҳиндӣ шаш дирамӣ, аз афюн, уфурбиюн, гунди бедастар, мехак, заъфарон, мастако ва оқирқарҳо панҷ дирамӣ, аз қуст шаш дирам, аз ҳазоргашон, фоширастин, мушки замин, зурунбод, даруна ва зарованди дароз ду дирамӣ ва аз равғани баласон ва оби кофур чаҳор дирамӣ гирифта, хушкаҳоро бикӯбанд, сақизҳоро андар шароб тар кунанд ва [сипас ҳамаро] бо ангубини кафк баргирифта маъҷун созанд. Як ошомидании он барои ҳар кас ба ҳасби мизоҷи ӯст.
Маъҷуни сиёҳи Салим
Ин аз масс (девонагӣ), фалаҷ,63 лақва, заҳраи савдовӣ ва аз ҳамаи иллатҳои сард суд дорад.
Таркиби он: аз тухми испанд яксаду бист дирам, аз говшир ҳаштод дирам, аз сиёҳдона, борзад ва барғаст шаст дирамӣ, аз ваҷ, сакбина, уша, зарованди дароз, зарованди гирд, хардал, муқли кабуд, харбақ, бехи коснӣ, гунди бедастар, бехи ҳанзал, гӯгирди зард, тухми таратезак, панҷангушт ва судоби кӯҳӣ чиҳил дирамӣ, аз афюн, уфурбиюн, банг, мурчи сафед, кундуша, намаки ҳиндии сурх, намаки нафтии64 сиёҳ, бехи собизаҷ,65 ки он бехи собисак,66 яъне луффоҳ бошад, бехи банг, оқирқарҳо, мурр, сабр, лубон ва шитараҷ бист дирамӣ, аз сунбул, мастако, зурунбод ва даруна ҳашт дирамӣ ва аз заъфарон се дирам гирифта, хушкаҳоро бикӯбанд, сақизҳоро андар миқдори кофие аз қатрони шомӣ тар кунанд ва баъд бикӯбанд. Ҳамаи доруҳоро ба ҳам биомезанд, ду моҳ андар хокистар бигӯронанд ва баъд аз он ба кор баранд. Як ошомиданӣ аз он аз барои каси қавӣ се мисқол, аз барои миёнаҳол ду мисқол, аз барои заифҳол як мисқол ва аз барои беморон ба андозаи як дона мурч бувад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор