Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Маъҷуни Абӯсалим,67 ки онро «ал-ғиёс»
номанд

Ин яке аз доруҳои карахткунандаи таскиндиҳандаи дардҳо буда, аз барои ҳар гуна бод, (330) ҳар гуна бемории ғолибомада, васваса ва ҳар гуна дард судбахшу оромкунанда мебошад.
Таркиби он: аз афюн ва банги сафед даҳ мисқолӣ ва аз уфурбиюн, заъфарон, сунбул, оқирқарҳо, суринҷон, қоқула ва дорфилфил панҷ мисқолӣ гирифта, бикӯбанд, бибезанд ва бо ангубини кафк баргирифта маъҷун созанд.
Як ошомиданӣ аз он аз барои каси қавӣ ва бузургсол ним мисқол ва аз барои хурдсол як донг бувад.
Маъҷуни сир

Ин аз барои баҳак, сардҷимоъӣ, аз [хилти] хом ва балғам суд дорад, қувватро зиёда кунад, рангро сафо бахшад, худованди онро ҳайъати барноӣ бахшад ва аз ҳар гуна дард судманд бувад. Онро ба зимистон биошоманд, ҷасадро гарм созад, шарми пасро хушк кунад ва табиатро қивом бахшад.
Таркиби он: аз нахӯди шомӣ як қафиз гирифта, як шаб андар оби хуш тар кунанд, сипас онро бо оташи нарм то сиёҳ шудани об ва аз ҳам рехтани нахӯд биҷӯшонанд ва баъд оби онро биполанд. Сипас, сирро гирифта, дона-дона пок кунанд ва бо он [об] то пухтан ва мисли мағзи сар гардидан, биҷӯшонанд. Баъд, бар вай аз шири навдӯшидаи гов ба андозае бирезанд, ки онро паноҳ карда, чаҳор ангущт бар шавад. Сипас онро бо оташи нарми мисли чароғ сӯзанда то тамом ва ё қариб хушкидани шир биҷӯшонанд. Баъд, бар вай як миқдор равғани тозаи гов рехта, бо оташи нарми чун чароғ сӯзанда то хушкидан биҷӯшонанд. Сипас онро андар деги мисӣ ба ҳадде биомез, ки мисли хамир бигардад. Баъд, бар вай ба қадри чаҳор ангушт бар шудан ангубини сафеди равшан бирез ва ҳамчунон чандоне биҷӯшон, ки [тамом] ва ё қариб баста бигардад. Сипас бар ҳар як ратл сир дувоздаҳ мисқол тударии сафед ва сурх, [12] се мисқол мурч, даҳ мисқол пудинаи даштӣ ва даҳ мисқол зираи кирмонӣ биафзой, вале андар ҳошияи [китоб] чунин дарёфтам: даҳ мисқол хуланҷон, ҳамин қадар дорчинӣ ва панҷ мисқол дорфилфил. Ҳамаи ин доруҳоро бикӯбанд, бар вай биафкананд, биомезанд ва андар кӯзаи сабз бигиранд. Ба ҳама гуна ҳолат аз ин ба қадри як ҷавза истеъмол кунанд.
Асоносиёи68 бузург, ки онро аз ҷигари гург бисозанд

Ин аз барои дардҳои ҷигар, испурч, меъда, бодҳо, зусанториё, сурфаи дерина ва аз барои касоне, ки хун қай кунанд, суд дорад. Ин мисли маъҷуни Филун, яъне филунияи румӣ дардҳоро таскиндиҳанда аст.
Аз карахтӣ, дарунрав, хунравӣ, дарди гурдаҳо, бодҳои гурда ва обгаҳ, дамкӯтоҳӣ ва сурфа судманд аст, синаро пок созад ва чун марҳам бар бавосир [биниҳанд], суд бахшад. Як ошомидании он аз чаҳоряк мисқол то ним мисқол бувад.

Таркиби он: аз заъфарон, мурр, афюн, гунди бедастар, тухми банг, қуст, қардамоно, хашхош, сунбул, алафи гулӯдард, ҷигари гург ва шохи сӯхтаи тарафи рости буз бахшҳои баробар гирифта, ҳар чи аз инҳо кӯфтанист, бикӯбанд ва гудохтанист, бо шароб бигудозанд. Сипас бо ангубини кафк баргирифта сиришта, баъд аз шаш моҳ ба кор баранд.
Асоносиёи хурд

Суди ин низ айнан мисли [аввалист].
Таркиби он: аз майъа, заъфарон, қуст, сунбул, афюн ва салиха чаҳор дирамӣ, аз афшураи алафи гулӯдард ҳашт дирам, аз бехи савсан дувоздаҳ дирам ва аз ангубин ба қадри кифоят бигиранд. Як ошомиданӣ аз он ба қадри як бундуқа ва бо яке аз шаробҳои созгор бувад. Андар як нусхаи дигар ду дору афзуда шудааст: аз ҳар кадоми мурр ва шохаҳои баласон чаҳор дирамӣ.
Доруи куркум

Ин аз заъфи ҷигар, испурч, меъда ва сахтии онҳо ва аз оғози истисқо суд дорад, онро падид омадан нагузорад, рангро ниҳоят хуб кунад ва аз бисёр бемориҳои дерина суд бахшад.
Таркиби он: аз сунбули хушбӯй, мурр, салиха, қуст, шукуфаи гӯргиё, дорчинӣ ва заъфарон як бахшӣ гирифта, бикӯбанд, бибезанд ва мурро як шабу як рӯз андар мусаллас тар кунанд. Сипас, ҳамаро биомезанд ва бо ангубини кафк баргирифта сиришта кунанд, андар ягон ҷогаҳ бардоранд ва ба кор бибаранд. Андар як нусхаи дигар ба ҷои сунбул нордин омадааст.
(331) Сохтани доруи куркуме, ки аз сохтаи Ҷолинус аст

Ин аз дардҳои куҳане суд дорад, ки андар ҷигар ва испурч аз сабаби сардӣ ва ситабрӣ падид оянд, суддаҳои андар ҳамаи афзорҳои ғизокашӣ оризшавандаро бикушояд, бодҳои ситабрро аз сӯи онҳо биронад, пешобро битозонад, аз тамоми дардҳои гурда, обгаҳ ва заҳдон, ки аз сабаби моддаҳои ситабр бихезанд ва [инчунин] аз сахтии андар онҳо падидоянда ва аз истисқо нофеъ аст.
Таркиби он: аз заъфарон дувоздаҳ дирам, аз му ва фу чаҳор дирамӣ, аз сунбул шаш дирам, аз анисун, тухми газари даштӣ, асорун, рованди чинӣ ва тухми карафси кӯҳӣ чаҳор дирамӣ, аз қуст, салиха, шукуфаи гӯргиё ва донаи баласон як дирамӣ, аз рӯян ду дирам, аз афшураи савсан, алафи гулӯдард, гесугуна ва усқулуфандариюн се дирамӣ, аз равғани баласон ним уқия ва аз мурр чаҳор дирам бигиранд. Андар нусхаи дигар ба ҷои донаи баласон як дирам донаи бон ва се дирам кабари румӣ омадааст. Ҳамаро бикӯбанд, бибезанд ва баъд аз оғуштан бо равғани баласон бо ангубин маъҷун созанд.
Як ошомидании ин як дирам ва бо шароби ангубин бувад.
Доруи бузурги лок

Ин чун доруи куркум суд бахшад ва низ сангро аз ҳам бирезонад.
Таркиби он: аз лок ҳашт дирам, аз бодоми талхи муқашшар, дорчинӣ, сода ва мехак панҷ дирамӣ, аз камофитус, му, фу, мурр ва зуфои хушк чаҳор дирамӣ, аз сун бул дувоздаҳ дирам, аз тухми газари даштӣ, тухми карафс, тухми карафси кӯҳӣ, зираи кирмонӣ ва занҷабил ҳашт дирамӣ, аз ҷентиёно ва зарованди гирд ҳафт дирамӣ, аз заъфарон се дирам, аз асорун ҳафт дирам, аз рӯян понздаҳ дирам, аз донаи баласон, салиха, мастако, наи бӯё ва муқл ҳафт дирамӣ, аз рубби ширинбаён дувоздаҳу ним дирам, аз рованд понздаҳ дирам, аз гесугуна ва гӯргиё се дирамӣ, аз мурч ва қуст даҳ дирамӣ ва аз сисолиюс ва равғани баласон севуним дирамӣ гирифта, хушкаҳоро бикӯбанд ва бибезанд, гудохтаниҳоро бо шароби райҳонӣ бигудозанд ва ҳамаро бо миқдори кофӣ аз ангубин маъҷун созанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ