Қонуни тиб

Як ошомиданӣ аз он мисли як бундуқа ва бо яке аз шаробҳои созгор бувад.
Доруи хурди лок
Ин аз заъфи ҷигар ва меъда, аз сардию сахтии онҳо ва аз сахтии испурч суд дорад ва суддаҳо бикушояд.
Таркиби он: аз лок, қуст, донаи даҳмаст, боқилии мисрӣ, ҳулба ва мурч ду дирамӣ, аз рованд се дирам ва аз ангубин ба қадри кифоят бигиранд. Як ошомиданӣ аз он як дирам ва бо оби ҷӯшонидаи афсинтин бувад. Андар як нусхаи дигар ба ҷои донаи даҳмаст шукуфаи гӯргиё омадааст.
Чӣ гуна сохтани қуфӣ
Ин аз сурфа, сахтии ҷигар ва аз шавса (сӯхта) суд дорад.
Таркиби он: аз мурр ва беност чаҳор дирамӣ, аз сунбул, заъфарон, дорчинӣ ва салиха як дирамӣ, аз шукуфаи гӯргиё, наи бӯё ва муқл дуним дирамӣ, вале андар бархе нусхаҳои дигар ба ҷои муқл асфолосус69 омадааст, аз мавизи бузурги дона баргирифтаи пӯстканда бисту панҷ дирам ва аз ангубин ба қадри кифоят бигиранд.
Як ошомиданӣ аз ин як дирам ва бо ҷӯшонидаи зуфо бувад. Аз ин доруҳо ҳар чӣ таршуданист, бо мавиз андар шароби райҳонӣ тар кунанд, ҳар чӣ хушк аст, кӯфта бибезанд, беностро бо ангубин ҳал кунанд ва ҳамаро омехта, ба ҳам бишкананд.
Филуниёи румии тарсусӣ
Ин аз бемориҳои бисёре ва хусусан аз дардҳои қулинҷ судманд аст ва дардҳоро таскин бидиҳад. [Ин сухани Саробиюн буд].70 Ҷолинус андар «Маёмир»71 аз забони доруи Филун ҳикоятеро овардааст, ки гӯё (332) ин [дору] гуфта бошад: «Ман аз дастоварди Филун–пизишки тарсусиям ва суди ман аз барои касе сахт бузург аст, ки мурдан варо қисмат шуда бошад. Ман дардҳоеро созгорам, ки ба ҳангоми бисёре аз иллатҳо падид оянд. Яъне агар дард андар рӯдаи «қулун» номидашаванда падид ояд, ки ин дарди қулинҷ аст ва агар худованди ин дард як бор аз ман биошомад, дардаш таскин ёбад. Агар маро ба касе бидиҳанд, ки ба душворӣ пешоб кунад ва ё санг дошта ва он азоб медода бошад, ӯро суд хоҳам бахшид. Инчунин [бемории] испурч, рост нафаскашии ранҷовар, сил, ташаннуҷ ва дарди хатарноки ду барро низ беҳ кунам. Агар маро ба касе бидиҳанд, ки хун партояд ва ё хун қай кунад, миёни ӯву марг андароям ва аз марг ҷудояш кунам. Ман ҳар гуна дардеро, ки андар андомҳои [берунӣ] ва андомҳои дарунӣ падид оянд ва [низ] сурфа, хуноқ, ҳукак ва назлаҳои аз сар фурудояндаро таскин бидиҳам».
Таркиби он: аз мурчи сафед ва тухми банг бист мис
қолӣ, аз афюн даҳ мисқол, аз заъфарон панҷ мисқол, аз уфурбиюн, сунбул ва оқарқирҳо як мисқолӣ ва аз ангубини кафк баргирифта ба қадри кифоят бигиранд. Як ошомиданӣ аз он ба қадри як нахӯд ва бо оби нимгарм бувад.
Филуниёи форсӣ
Ин аз хунравии ҳайз, бавосир, кушодагии табиат ва рафтани хун, [аз барои] занони обистан, ки хуни ҳайз бинанд ва аз бодҳои андар заҳдон падидомада суд дорад, ҷанинҳоро нигоҳ дорад ва даҳони заҳдонро бибандад.
Таркиби он: аз мурчи сафед ва тухми банг бист дирамӣ, аз афюн ва гили набишта даҳ дирамӣ, аз заъфарон панҷ дирам, аз уфурбиюн, сунбул ва оқирқарҳо ду дирамӣ, аз гунди бедастар як дирам, аз зурунбод, даруна, марвориди ношикофта ва мушк ним дирамӣ, аз кофур якуним донг ва аз ангубини кафк баргирифтаи полида ба қадри кифоят бигиранд. Як ошомиданӣ як дирам ва бо яке аз шаробҳои созгор бувад.
Маъҷуни кокана
Аз барои решҳои обгаҳ ва гурда судманд аст ва аз барои касоне озмудашуда аст, ки хун пешоб кунанд.
Таркиби он: аз тухми банг, тухми карафс ва тухми бодиён ҳафт дирамӣ, аз донаи хиёрза панҷ дирам, вале ба ҳасби як нусхаи дигар аз донаи хиёрза ду дирам, аз шавкарон, тухми турунҷ, афюн, чилғӯза, ]13] муқл, заъфарон, фундуқи бирён ва бодоми талхи бирён се дирамӣ, аз донаҳои бузурги коканаи кӯҳӣ бисту панҷ адад ва аз касиро чаҳор дирам гирифта, бикӯбанд, бибезанд ва бо майпухта маъҷун созанд. Як ошомиданӣ аз он як дирам буда, бо хандиқун72 ва ё бо оби ангубин баъди шаш моҳ биошоманд.
Доруи парастуҳо
Ин аз дардҳои гулӯ, хуноқ ва аз дардҳои маҳалли барсӯви сари устухонҳои паҳлу судбахш аст.
Таркиби он: аз анисун, тухми карафс, нонхоҳ, шукуфаи гӯргиё, бехи савсани осмонгунӣ, дорчинӣ, ҳамомо, зарованди дароз, замчи яманӣ, тухми испанд, мурр, бехи ширинбаён, салиха ва заъфарон як уқиягӣ, аз маъҷуни қаруқумағмо,73 тухми гул ва гули хушк ду уқиягӣ, аз қуст ва хокистари тозаи парастуҳо се уқиягӣ, аз сунбул ва нашостаи гандум ним уқиягӣ ва аз мозуи хоми миёнаҳаҷм даҳ дона гирифта, бикӯбанд, бибезанд, бо ангубини кафк баргирифта маъҷун созанд ва ба кор баранд.
Аз ин ба қадри як мозу гирифта, андар оби ангубин, ё оби ҷав ва ё ҷӯшонидаи гул, наск ва бехи ширинбаён бигудозанд ва бо он ғарғара кунанд. Инчунин, онро бо тило андар рӯзе се ё чаҳор бор ба кор баранд.
Чӣ гуна сохтани қаруқумағмое, ки андар доруи парастуҳо онро ба кор баранд: аз заъфарон ва дорчинӣ ду дирамӣ, аз гули хушк, ҳамомо ва қуст як дирамӣ, аз мурр чаҳор дирам ва аз бехи савсан (333) ва содаи ҳиндӣ ду ним дирамӣ гирифта, бикӯбанд ва бо шароб сиришта, қурсҳо созанд ва андар соя хушк кунанд.
Доруи гӯгирд
Аҷаб нест, ки ин дору муодили тарёк бошад ва бинобар он аз табҳои даврии сард, аз таби чаҳоррӯзӣ, таби балғамӣ, сурфаи хусусан куҳан, аз хуноба партофтан ва тангии нафас суд дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор