Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Вай аз кузоз, инчунин аз истисқо ва [бемории] испурч судманд аст, пешобро битозонад ва сангро берун орад. Аз газидагии мору каждум ба таври намоён суд бахшад ва аз офати доруҳои қаттол бираҳонад.
Таркиби он: аз гӯгирди зард, тухми банги сафед, қардамоно, майъа ва мурр ҳашт дирамӣ, аз судоб ва қуст даҳ дирамӣ, аз афюн ва заъфарон ду дирамӣ, аз салиха дувоздаҳ дирам ва аз мурчи сафед бисту ду дирам гирифта, ин доруҳоро бикӯбанд, бо ангубин маъҷун созанд ва баъд аз шаш моҳ74 ба кор баранд. Аз он ба бемор пеш аз оғози давраи таб ба ҳасби синну соли ӯ ва аз рӯи Кунноши Юҳанно аз ним дирам то як мисқол бидиҳанд. Як ошомидании миёнаҳол як дирам бувад.
Маъҷуни ангужад

Аз табларзаи давраҳои табҳо суд дорад, таби чаҳоррӯзиро ба наздики пухтани [модда] зоил кунад ва зиёни газидагиҳо ва хусусан газидагии каждум, ғунда ва монанди инҳоро бибарад.
Таркиби он: аз ангужад, мурч, мурр ва барги судоб бахшҳои баробар гирифта, бо ангубин маъҷун созанд. Як ошомидании он як дирам буда, ба ҳангоми газидагии каждум бо шароб ва ба ҳангоми таб як соат пеш аз давраи навбатии он бо сикангубин [биошоманд].
Маъҷуни намаки ҳиндӣ

Ин меъдаро пок кунад, қаи балғамӣ ва савдовиро бибандад ва гижаи аз балғам ва савдо ба амал ояндаро шифо бахшад.
Таркиби он: аз ҳалилаи сиёҳ, балила, омула, ҳалилаи кобулӣ ва устухудус се дирамӣ, аз афитимун чаҳор дирам, аз намаки ҳиндӣ ду дирам, аз ёраи фиқро даҳ дирам ва аз ағориқун чаҳор дирам гирифта, бикӯбанд, бибезанд ва бо сикангубин маъҷун созанд. Як ошомидании он ба қадри се дирам буда, пагоҳӣ бар ношито бо оби нимгарм [биошоманд].
Маъҷуни қуст

Ин аз дардҳои ҷигар ва меъда судманд аст.
Таркиби он: аз дорчинӣ, салиха ва қуст сиҳ дирамӣ, аз анисун ва тухми карафс даҳ дирам, аз асорун бисту нуҳ дирам, аз заъфарон ҳашт дирам, аз рованди чинӣ ва мурр даҳ дирамӣ ва аз шукуфаи гӯргиё бисту чаҳор дирам гирифта, мурро андар тило тар кунанд, биполанд ва бар дигар доруҳо биафкананд. Сипас онҳоро ба нисбати якосе бо ангубини кафк баргирифта маъҷун созанд ва ба кор баранд.
Маъҷуни Кайқубод75

Ин аз дарди пайвандгоҳҳо ва ниқрис судманд буда, дардҳои онҳро таскин диҳад ва худи онҳоро падид омадан нагузорад. Агар онро ду рӯз биошоманд, аз таби куҳан, дарди испурч, бодҳои ситабр, душвории нафас, сурфа, решҳои рӯдагон, беҳуш шудан ва дардҳои чашму гулӯ [суд бахшад], танро аз осебҳо ва бемориҳо нигоҳ дорад.
Таркиби он: аз тухми судоби даштӣ, фаросиюн, ус

қурдиюн, камофитус, говшир, ҷентиёнои румӣ, устухудус, қардамоно ва майъаи равон панҷ мисқолӣ, аз мурр, заъфарон, қуст, мурчи сафед, изхир, сунбули хушбӯй, уфурбиюн, пӯсти бехи луффоҳ, уша, пудина, тухми бодиён, тухми газари даштии иқлитӣ, гули сурхи хушки кулоҳакҳояш чидашуда ва донаи баласон се мисқолӣ, аз дорчинӣ ҳашт мисқол, (334) аз салиха як уқия, аз афшураи алафи гулӯдард, кошим, тухми девсипист ва самғи бодом чаҳор мисқолӣ ва аз афюн ва тухми банг як мисқолӣ гирифта, [хушкаҳоро] совида, бибезанд, таркарданиҳоро ё бо шароби хуби соф, ки асл ҳамин аст ва ё бо ҷумҳурӣ тар кунанд ва баъд аз он ҳамаро ҷамъ сохта, бо ангубини кафк баргирифта маъҷун созанд, андар ҷогаҳе бардоранд ва ба кор баранд.
қафторғони76 бузург

Ин аз бачапартоӣ, дардҳои занон ва аз ҳамаи бемориҳо суд дорад ва доруи ҳиндист.
Таркиби он: аз афюн чаҳор истору чаҳор донг, аз уфурбиюн шаш77 дирам, аз ақоқиё панҷ истор, ду дирам ва ду сеяки як дирам, аз ҳамомо се истору чаҳор донг, аз қусти талх ду истор, аз мурч ду истору чаҳор донг, аз оқирқарҳо шаш дирам, аз фошро, ки ҳазоргашон аст ва аз фоширастин, ки он шашбандон бувад, чаҳор дирамӣ, аз абрешими хом ду истор, аз сими сӯхта шаш дирам, аз гули сурхи хушки кулоҳакҳо барчида шаш дирам, аз тухми судоб чаҳор дирам, аз тухми карафс ду истор, аз мушк шаш дирам, аз нонхоҳ чаҳор дирам, аз тухми банги сафед нуҳ истору ду дирам, аз шукуфаи ток чаҳор дирам, аз пӯсти бехи карафс се истору ду дирам, аз тухми хурфа даҳ истор, аз донаи муқашшари беданҷир ҳашт истор, аз гӯгирди зард панҷ истор, аз самғи [арабӣ] се истору ду дирам, аз майъаи равон се истор, ду дирам ва чаҳор донг, аз муқли кабуд ду истор, аз кундури нар панҷ истору ду дирам, аз борзад нуҳ истору ду дираму чаҳор донг, аз мавизаки асалии поккарда панҷ истору чаҳор донг, аз мӯрд ду истор, аз мастако се истору чаҳор донг, аз зарованди гирд се истору чаҳор донг, аз бехи савсани осмонгунӣ се истору ду дирам, аз қардамоно шаш истор, аз бехи кокана шаш дирам, аз содаи ҳиндӣ се истору чаҳор донг, аз донаи баласон, наи бӯё, салиха, зурунбод ва даруна ду исторӣ, аз луффоҳ чаҳор дирам, аз дорчинӣ шаш дирам, аз асорун чаҳор дирам, аз қоқула панҷсад донаи дуруст, аз мехаки нар панҷ истор, аз мехаки мода се истор, аз афрудиҷон78 ду истору ду дирам, аз қирфа ду истор, аз хуланҷон чаҳор дирам, аз марвориди ношикофта панҷ дирам, аз бехи марҷон ду истору як дирам, аз зарованди дароз нуҳ истор, аз динорӯя ду дирам, аз ваҷи сафед ду истору ду дирам, [14] аз шитараҷи ҳиндӣ ду истор, аз занҷабил ва мурчи сафед панҷ исторӣ, аз атмат (фундуқи ҳиндӣ) ва юрборид79 дувоздаҳ дирамӣ, аз сурборид (нормушк) ду истор, ду дирам ва чаҳор донг, аз баҳмани сафед ва сурх ду исторӣ ва чаҳор донгӣ, аз талхаи гов ду дирам ва аз талхаи гург, талхаи хирс ва талхаи зоғ як дирамӣ бигиранд.
Ин доруҳоро баъд аз [хушкаҳоро] совидану бехтан ва [таркарданиҳоро] тар кардан, ба ҳам ҷамъ созанд. Ҳар чӣ аз онҳо таркарданист, ҳафт рӯз андар шароб тар кунанд, баъд бар вай доруҳои совидаро бирезанд ва бо ангубини кафк баргирифта ва бо се истор равғани баласон маъҷун созанд. Шароберо, ки андар он доруҳоро тар кунанд, ба андозае бигиранд, ки доруҳо андар вай гудохта шуда, мисли доруи лесиданӣ бигарданд.

пешина
аз 1215
навбатӣ