Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Сипас ҳамаро андар деги сангӣ ва ё сафолини покиза афканда, панҷшаш сар биҷӯшонанд, баъд аз оташ фуруд оваранд, сард кунанд ва андар ҷогаҳи обгинагӣ бигиранд. Баъд аз он як пиркафтори модаи лангро бигиранд, дасту пойҳояшро ба як дигар бибанданд, андар деги мисин афкананд, бар вай як кафӣ аз боқилии мисрии сафед ва шибит афкананд, аз болояш (335) ба қадри ҳоҷат оби хуш бирезанд, сари дегро бибанданд ва бо оташи нарм то сахт нарм шудан биҷӯшонанд. Сипас аз оташ фуруд оваранд, оби гӯштро биполанд, аз пӯст, устухон ва мӯй пок кунанд, бори дигар андар деги покизае кунанд, аз болояш як сукарраҷагӣ равғани баласон ва равғани нордин бирезанд ва бо оташи нарм то сеяк аз он боқӣ мондан биҷӯшонанд.
Сипас бар вай ба андозаи оби гӯшт ангубин биафзоянд ва то ситабр шудану андар қивом мисли ангубин гардидан биҷӯшонанд. Баъд, бар вай доруҳои маъҷункардаеро биафкананд, ки андар аввали тавсиф ёд карда шуданд.
Баъд, онро сард кунанд, андар ҷогаҳи обгинагӣ бардоранд, шаш моҳ нигоҳ доранд ва баъд аз он ба кор баранд. Пеш аз ин муддат онро ба кор набаранд, зеро қаттол аст.
қафторғони хурд

Таркиби он: аз донаи баласон ду дирам, аз заъфарон даҳ дирам, аз мушк ду донг, аз мавизаки асалии сафед чаҳор дирам, аз афюн понздаҳ дирам, аз кундуша ду дирам, аз мурч даҳ дирам, аз абрешими хом як дирам, аз тухми банг даҳ дирам, аз уфурбиюн ҳафт дирам, аз ҳамомо ва пӯсти бехи луффоҳ ду дирамӣ, аз ушна, салиха, уша, лубон, бехи ширинбаён, шохаҳои баласон, дилаи ҳанзал, занҷабил, сакбина, говшир, дорчинӣ, гунди бедастар, ҳазоргашон, шашбандон ва шитараҷи ҳиндӣ ду дирамӣ, аз тухми испанд, мехак, содаи ҳиндӣ, пиҳи каркадан ва талхаи фил чаҳор дирамӣ, аз зар ва сим ба шакли совидаву бехта як донгӣ, аз зурунбод, даруна ва кофур се дирамӣ, аз сунбули хушбӯй ҳашт дирам, аз қусти талх чаҳор дирам, аз каравиё ду дирам, аз зарованди гирд як дирам, аз нонхоҳ, саътари форсӣ, бехи динорӯя ва донаи кабар як дирамӣ, аз «падаркуш»,80 шакар, донаи даҳмаст ва хуни сиёвушон ду дирамӣ, аз намаки ҳиндӣ ва ушнони нар ду дирамӣ, аз гӯгирди дарёӣ як дирам, аз баранги [кобулӣ]81 ва мурч ду дирамӣ ва аз хиёршанбари аз наю дона пок карда, қир, мавз,82 толисфар, бехи шаҳдона ва гуринҷ як дирамӣ бигиранд, баъд аз совидану бехтан ва таркарданиҳоро андар шароб тар кардан ҳамаи ин доруҳоро ҷамъ кунанд, бо ангубини кафк баргирифта маъҷун созанд ва баъд аз шаш моҳ ба кор баранд.
Калкалонаҷи83 бузург

Ин аз истирхои меъда ва сардии он, аз табҳои дерина, аз беҳушӣ, душвории пешоб, барас, баҳак, бехобӣ, шикастагии устухонҳо, сурфаи тар, аз барои касони гирифтори сил, ба шарте таб надошта бошанд, аз барои касони танашон сард гардида, аз барои бавосир, аз барои касони бемори испурч, ба шарте таб надошта бошанд, инчунин аз барои реши ғарбелак, қулинҷ, аз барои касони гирифтори истисқо, аз барои зане, ки ба ҳангоми ҳомилагӣ бемор шавад, аз барои ихтиноқи заҳдон, аз барои бодҳои пайвандгоҳҳо, аз барои дамиш ва аз барои дардҳои зону, пушт ва мушакҳо судманд аст.
Таркиби он: аз ҳалилаи сиёҳ, балила, широмула, мурч,

дорфилфил, занҷабили чинӣ, шитараҷ, филфилмун,84 намаки ҳиндӣ, намаки сурхи нафтӣ,85 намаки хамирӣ, намаки андаронӣ, «забони гунҷишк», мушки замин, ҳил, қирфа, баранги [кобулӣ], саътари форсӣ, сиёҳдона, донаи нил, зира, содаи ҳиндӣ, тухми карафс, кашнизи хушк, андар бархе аз нусхаҳо доруҳои зеринро низ ёфтаем: ҳашфифал,86 ки он ҳишқиқул (газари даштӣ) бошад, атмут (фундуқи ҳиндӣ) ва гаштбаргашт, чаҳор дирамӣ, аз говшир ҳашт дирам, аз турбид як ратлу чаҳор истор, аз мавизи донааш ҷудокарда сад мисқол, аз омула дусад мисқол, аз пониз шашу ним ратл ва аз равғани кунҷид се ратл ва ба ҳасби як нусхаи дигар як ратл бигиранд.
Ин доруҳоро кӯфта, бибезанд ва як сӯ бигузоранд, вале мавизро ҷудогона бо об ҷӯшонанд, биполанд ва андар он хиёршанбарро тар кунанд. (336) Омуларо дурушт бикӯбанд, андар бисту чаҳор ратл об як шабу як рӯз тар кунанд ва сипас то ҳашт ратл боқӣ мондани [об] биҷӯшонанд, биполанд ва омуларо барандохта, оби онро дубора ба дег бирезанд. Сипас хиёршанбари андар оби мавиз тар кардаро нек ҳал карда, бар оби омулаи андар дег буда биафзоянд ва аз болои он пониз рехта, бо оташи нарм то ҳал шудани пониз ва қавоми ангубин гирифтани об биҷӯшонанд. Баъд аз он бар вай равғани кунҷидро бирезанд ва биҷунбонанд, то бо об омехта гардад ва ба даст ва ё ҷома начаспад. Сипас, онро аз болои оташ фуруд оранд, бар вай доруҳои кӯфтаро бипошанд ва ба кор бибаранд, Як ошомидании он се-чаҳор мисқол ва ҳар касро ба андозаи қувват ва синну сол бувад.
Калкалонаҷи хурд

Ин аз барои касони гирифтори истисқо, аз барои дардҳои ҷигару испурч, ярақон, суддаҳо ва кафгиракҳо судманд буда, санҷидашудаи созгор аст.
Таркиби он: аз ҳалилаи зард бист дирам, аз ҳалилаи сиёҳ ва балила понздаҳ дирамӣ, аз омула се ратл, аз хурмои ҳиндӣ панҷоҳ дирам ва аз мавизи донааш ҷудокарда як ратл гирифта, ҳамаи ин доруҳоро ба ҳам ҷамъ созанд, бар онҳо сиҳ ратл об бирезанд ва то ҳашт ратл боқӣ мондан биҷӯшонанд ва биполанд. Сипас як ратл хиёршанбари аз наю дона пок кардаро гирифта, бар он оби полидаро биафкананд, як сар биҷӯшонанд, нек биомезанд ва бо парвезан биполанд. Баъд, чаҳор ратл понизро гирифта, бар он об биафкананд ва то ҳал шудани пониз ва ба қивоми ангубин расидан биҷӯшонанд. Сипас бар вай якуним ратл равғани кунҷиди тозаро рехта, нек биомезанд, ду сар биҷӯшонанд ва бар оташ бигузоранд, биистад.87 Баъд, аз локи шуста, сунбул, гул, тухми газари даштӣ, карафси кӯҳӣ, фу, рованди чинӣ, намаки ҳиндӣ, бехи савсани осмонгунӣ ва ағориқун шаш дирамӣ, аз камозариюс, сисолиюс, аз зарованди дароз, асорун, мастако, шохаҳои баласон, ҷентиёно, баранги муақашшар ва салиха чаҳор дирамӣ, аз афшураи алафи гулӯдард, афшураи афсинтин, мушки замин ва шукуфаи изхир панҷ дирамӣ, аз тухми зарпечак, тухми сармаҷ, бехи ширинбаён, рубби ширинбаён ва маҳмуда даҳ дирамӣ, аз тухми карафс, қуст, ваҷ, тухми бодиён ва анисун се дирамӣ, аз турбиди сафед як саду панҷоҳ дирам ва аз зираи кирмонии сиёҳ чаҳор дирам гирифта, ҳамаи ин доруҳоро кӯфта, бибезанд. Инчунин, аз мозариюн бист дирам гирифта, бар вай [15] як ратл об ва се уқия равғани кунҷид бирезанд ва то рафтани об ва боқӣ мондани равған биҷӯшонанд. Сипас доруҳоро бо вай биолоянд, бар по низи пухта бирезанд, [ҳамаро] нек омезиш диҳанд ва андар ҷогаҳи чинӣ88 бардоранд.

пешина
аз 1215
навбатӣ