Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Як ошомиданӣ аз он чаҳор дирам буда, онро бо шири шутур,89 ё бо оби панир ва ё бо оби ангури сагак ва кокана [биошоманд]. Мо нусхаи дигари инро андар Ҷумлаи дуввум ёд хоҳем кард.
Фирӯзнӯш

Ин аз бодҳои ситабр, печиши ноф, қулинҷ ва фаромӯшхотирӣ судманд аст. Ҳар гоҳ занони обистанро бемориҳои сард ориз бигардад, аз ин [дору] бидиҳанд.
Таркиби он: аз тухми банг ва афюн бист дирамӣ ва
аз уфурбиюн, оқирқарҳо, сунбул ва заъфарон ҳафт дирамӣ гирифта бикӯбанд, бибезанд, бо ангубин маъҷун созанд ва баъд аз шаш моҳ ба кор бибаранд.
Маъҷуни маъруф ба «Ал-Киндӣ»90

Ин [маъҷун] бисёр гаронмоя аст.
Таркиби он: аз заъфарон ду мисқол, аз мурр, асорун, фу, рованди чинӣ, тухми газари даштӣ, тухми карафси кӯҳӣ ва му чаҳор мисқолӣ, аз сунбули ҳиндӣ ва сунбули румӣ шаш мисқолӣ, аз қуст, салиха ва шукуфаи изхир як мисқолӣ, аз донаи баласон севуним мисқол, аз рӯян ҳашт мисқол, аз рубби ширинбаён, (337) усқулуфандариюн,91 гесугуна ва афшураи алафи гулӯдард се мисқолӣ, аз равғани баласон се мисқол, аз маводди [қурси] андрухурун панҷ мисқол ва аз ангубин ба қадри кифоят бигиранд. Як ошомидании он ба қадри як фундуқ ва бо як уқия гулангубини асалист.
Маъҷуни пудина

Ин аз дардҳои сарди меъдаву ҷигар, фарошои шадид ва табҳои давранок судманд аст.
Таркиби он: аз пудинаи ҷӯӣ, пудинаи кӯҳӣ, карафси кӯҳӣ ва сисолиюс бист дирамӣ, аз тухми карафс, бобуна ва ҳошо чаҳор дирамӣ, аз кошим понздаҳ дирам, аз мурч чиҳилу чаҳор дирам ва ба ҳасби як нусхаи дигар бисту чаҳор дирам гирифта, бо ангубин маъҷун созанд ва ба кор баранд.
Маъҷуни тухмиҳо

Ин аз дардҳои ҷигар, испурч, меъда ва бодҳои андар шикам падидоянда судманд аст.
Таркиби он: аз салиха, ҳамомо, сунбул, нонхоҳ, тухми бодиён, тухми карафс, анисун, сисолиюс, гунди бедастар, тухми шибит, зарованди дароз, киё, асорун ва каравиё бахшҳои баробар ва аз ангубини кафк баргирифта ба қадри кифоят гирифта, ба ҳам биомезанд ва ба кор баранд.
Маъҷуни ёқут, ки аз мост

Ин маъҷун аз мост ва чун онро бар шоҳон ва амсоли эшон озмудем, дарёфтем, ки хусусан аз барои васваса, одамгурезӣ, хафақон ва нотавонии дил суди бузург дорад. Ба сабаби он бисёр иллатҳои деринае решакан шуданд, ки дигар муолаҷаҳо аз барои онҳо бефоида буданд.
Мо онро аз барои иллатҳои мағз, меъда ва ҷигар ва аз барои иллатҳои испурч ва хусусан қулинҷ сахт судманд дарёфтаем. Гоҳе аз барои дардҳои пайвандгоҳҳо ва табҳои дерина низ суд бахшид.

Нусхаи он: аз резаҳои ёқут, хусусан ёқути сурхи норгун ва монанди он як мисқол гирифта, андар афзори кӯбидан афкананд ва ба нарм кӯфтани он бипардозанд, то аз ҳам бирезад. Сипас онро бар зерсанг ниҳода бисованд. Баъд, як дирам санги яшм, як дирам ақиқ, ду донг аз заре, ки онро андар бутаи бо мурдосанг тило карда гудохта бошанд, то зар хусусияти обгина гирифта, суда бигардад ва як донг симеро бигиранд, ки бо бӯи арзиз хусусияти обгина гирифта бошад. Барои ҳар яке аз инҳо он кӯфтану совиданеро ба кор баранд, ки барои ёқут ба кор бурданд. Сипас, ҳамаи онҳоро гирифта, андар зерсанг кунанд ва бо шароби райҳонӣ олоида, то хушкидан бисованд ва чанд бор чунин кунанд, то мисли гард суда шаванд. Баъд, онро гирифта, [ба ягон чиз] бибардоранд ва маҷмӯи инҳо як бахш бувад.
Сипас аз ғориқун, афитимун, мурч, занҷабил, мехак ва марзангӯш ним бахшӣ, аз санги арманӣ, санги лоҷувард, намаки нафтӣ, зурунбод, даруна, баҳман ва «забони гов»
сеяки як бахшӣ, сипас аз сунбули иқлитӣ, яъне нордин, аз ҳамомо, ваҷ, сода, дорчинии чинӣ, саътар, ҳошо, зуфо ва зира чаҳоряк бахшӣ, аз мушктаромашир, карафси кӯҳӣ, санги яҳудӣ, тухми карафс, мурр, кундур, заъфарон ва мурчи сафед шашяк бахшӣ ва аз устухони оҷ сеяк бахш гирифта, ҳамаи инҳоро бисованд, бар онҳо хокаи сангҳои ёдшударо биафкананд, якҷоя бисованд ва бо дучанди онҳо аз ангубини балила сиришта, қурсҳои якмисқолӣ бисозанд ва биошоманд.
Як маъҷун аз доруҳои Ғолинус92

Ин аз барои иллатҳои нои шуш, решҳои шуш, риму хун партофтан, аз барои моддаҳои ба сӯи сина кашидашуда ва аз барои душвории нафас93 судманд аст.
Таркиби он: аз сақизи хинҷак чаҳор мисқол, аз заъфарон чаҳор мисқол, аз кундур чаҳор мисқол, аз мурр чаҳор мисқол, аз дорчинӣ чаҳор мисқол, аз бехи пӯсткардаи ширинбаён чаҳор мисқол, аз чилғӯза чаҳор мисқол, (338) аз ҳамомо се мисқол, аз сунбули шомӣ ду ним мисқол, аз салихаи сиёҳ ду мисқол, аз касиро се мисқол, аз дилаи хурмои шомӣ се мисқол, аз гили шомусие, ки онро «ситора» гӯянд, чаҳор мисқол, аз борзади холиси пок сиҳ мисқол, аз қуст чаҳор мисқол, вале дар нусхаи дигар мо як мисқол дарёфтем, ва аз ангубини беҳтарин чаҳор қутулӣ бигиранд. Сипас, ангубинро бо сақизи хинҷак андар ҷогаҳи дучандӣ биҷӯшонанд ва ҳар гоҳ ба ҳадди сахт шудан бирасанд, бо онҳо борзад ҳамроҳ кунанд ва онҳоро ба андозае биҷӯшонанд, ки чун як қатра аз онро бичаконанд, паҳн нагардад. Баъд, онро сард кунанд ва бар вай доруҳои боқимондаро ба шакли суда бирезанд, биомезанд ва ба кор баранд.
Як маъҷуни мансуб ба Аристумохус

Аз барои сурфа, хунпартоӣ, реши шуш, рим кардану омос гирифтани он, аз барои даридагиҳои мушакҳо, гардондани таом, хом мондани таом, дарунравӣ, иллатҳои обгаҳ, ихтиноқи заҳдон, табҳои навбатдор, [ба ҳангоми онҳо] як соат пеш аз гирифтани [навбат] бидиҳанд ва инчунин аз барои лоғарӣ, бадмизоҷӣ, заҳрҳои ошомиданӣ ва заҳрҳои газандаҳо таъсири аҷиб дорад.
Таркиби он: аз дорчинӣ, қуст, борзад, гунди бедастар, афюн, мурчи сиёҳ, дорфилфил ва майъа як уқиягӣ ва аз ангубин як қист бигиранд. Доруҳои хушкро кӯфта, би безанд, вале борзадро бо ангубин то гудохта шудан биҷӯшонанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ